Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 4-уми декабр

Як-рузи-таърих-04Соли 34 дар Волатерреи Этрурия (номи минтақае дар қаламрави Италияи имрӯза) шоири Руми Бостон Авл Персий Флакк ба дунё омад. Ў муаллифи асарҳои ҳаҷвӣ буд. Як зиндагиномаи куҳан ва китоби “Танзнома” аз шинохташудатарин навиштаҳои Персий Флакк мебошад, ки то замони мо расидааст.Авл Персий Флакк соли 62  дар мулки худ дар милаи ҳаштуми шоҳроҳи Аппиён дар синни 27-солагӣ аз бемории м

еъда  даргузашт.

Умари Хайём Соли 1131 дар шаҳри Нишопур ҳаким, файласуф, риёзидон, мунаҷҷим, ҷуғрофидон, шоири маъруфи форсу тоҷик Умари Хайём дида аз олам барбаст. Ба далели шуҳрати оламгири Ҳаким Умари Хайём, китобҳо, рисолаҳо ва мақолаҳои бисёре дар бораи вай ба таҳрир даромадааст, аммо дар ғолиби ин осор умдатан ба ҷанбаи шоирӣ ва рубоиёти ӯ пардохта шуда ва буъди фалсафӣ, каломӣ ва динии таълифоти ӯ номаълум монда ва ё ба сурати боиста мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор нагирифтааст. Аз ин рӯ, Хайём дар рӯзгори мо, бештар ба унвони шоир ва рубоисаро шинохта шуда, то ҳаким ва файласуф ва донишманди динӣ, ҳол он ки вай дар асри хеш ба унвони файласуф ва мунаҷҷим ва риёзидон ва фақеҳ ва олими динӣ шинохта мешуд, на ба унвони шоир. Чунонки лақаби Имом, Ҳаким, Ҳуҷҷатулҳақ ва ғайра, ки дар китобҳои муосирони Хайём дар бораи ӯ ба кор рафтааст, гувоҳи чунин хулоса аст. Ҳам Низомии Арӯзии Самарқандӣ, нависандаи китоби «Чаҳор мақола», ки бино ба тасреҳи худаш, дар соли 506 ҳ.қ дар шаҳри Балх бо вай дидор доштааст, ин номҳоро дар бораи вай ба кор мебарад ва ҳам Алӣ ибни Зайди Байҳақӣ муаллифи «Татиммату савонил-ҳикма».

Равонаш шод бод!

Соли 1595 шоир ва мунаққиди асри шанздаҳум аҳли Фаронса Жан Шаплен зода шуд. Ӯ ба унвони яке аз созмондеҳандагон ва узви бунёди  Académie française шинохта мешавда. Шаплен шоири шеъри ҳамосӣ буда, яке аз таъсирпазирандагони Ҳаким Умари Хайём буд.

Соли 1713 дар Венетсия шоир ва мунаққиди ададбӣ Гаспаро Ҳотси, бародари Карло Ҳотси ба дунё омад.

Соли 1751 шоир ва намоишноманвиси итолёвӣ Ҷованни Пиндемонте ба дунё омад.

Соли 1875 дар шаҳри Прага шоири автстралиёӣ Райнер Мария Рилке дида ба олам кушод. Ҷалол Оли Аҳмад (нависанда ва мунаққиди эронӣ) соли 1330 ҳиҷри шамсӣ дар маҷаллаи “Илм ва зиндагӣ” нақде бар “Буфи кӯр”-и Содиқ Ҳидоят бо номи “Ҳидояти буфи кӯр” мунташир кард. Дар ин мақола Оли Аҳмад “Буфи кӯр” – ро таҳти таъсири осори Райнер Мария Рилке донистааст.

Абулқосим ЛоҳутӣСоли 1887 дар шаҳри Кирмоншоҳи Эрон шоири маъруф ва яке аз шинохтатрин чеҳраҳои адабиёти тоҷики нимаи аввали асри ХХ Абулқосим Лоҳутӣ ба дунё омад.

Осори устод Лоҳутӣ дар авроқи «Девони Абулқосим Лоҳутӣ» (1946), «Асарҳои мунтахаб» (1949), «Сурудҳои озодӣ ва сулҳ» (1954), «Нидои зиндагӣ» (1956), «Девони Абулқосим Лоҳутӣ» (1957), «Гавҳари ишқ» (1958), «Шӯъла ва Шамшер» (1974), «Офтоби Сурх» (бо ҳуруфи форсӣ; Маскав, 1987), «Шеърҳо.

Достонҳо» (1987) ва «Куллиёт» (1960-1963)-и шашҷилда фароҳам омадаву ба дасти чоп расидаанд.

Устод Лоҳутӣ яке аз мутарҷимони моҳири адабиёти русу дигар халқҳо буда, бисёр асарҳои А.С.Пушкин ва намунаҳои осори Т.Г.Шевченко, М. Горкий, В.Маяковский, В. Лебедев-Кумач, Л. Ошанин, Е. ДАлмаатовский ва суруди «Интернационал»-ро ба тоҷикӣ гардондааст.

Инчунин, тарҷумаи асарҳои саҳнавии В. Шекспир («Отелло», «Ромео ва Ҷулйетта», «Шоҳ Лир»), Лопе де Вега («Чашмаи гӯсфандон») ва А.С. Грибоедов («Дод аз дасти ақл») ба қалами ӯ тааллуқ доранд.

Соли 1877  дар  Ремерсхоф нависандаи Шӯравии латиш ва намоишно манавис Андрей Упит ба дунё омад. Ӯ Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, барандаи ҷоизаи Сталин, Академики Академияи илмҳои Латвия буд.

Соли 1900 дар Санкт-Петербург дар синни 62-солагӣ нависандаи рус Александр Шеллер тарки олам кард.

Соли 1932 нависандаи Австрия  Густав Майринк аз олам рафт.

Соли 1933 шоир ва тарҷумони олмонӣ Стефан Георге вафот кард. Вай барандаи ҷоизаи Ҳуте дар соли 1927 буд.

Таҳияи Б.Шафеъ