Сироҷиддини Эмомалӣ: Ба ҳама имконияти баробар медиҳем то фикур андешаашонро баён созанд

 Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки аз ҷониби тамоми қишрҳои ҷомеа ҳамовозии амиқ пайдо кардааст, инак даври ниҳоии он дар Китобхонаи миллӣ бо шукуҳи хосса ҷараён дорад. Доктори илмҳои педагогӣ, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ роҳбари аъзои ҳакамон аз номинаи адабиёти муосир дар суҳбат бо мо таъкид кард, ки баргузории озмун натиҷаи хуб додааст, дар ду рӯзи аввал чеҳраҳои воқеан суханвару китобхонро пайдо кардем.

«Асосан насли наврас рӯ ба назм овардаанд, дониши иштирокчиён сол аз сол хуб шудааст, таваҷҷуҳи худи мардум ба озмун воқеан ҷиддӣ гардидааст», гуфт Сироҷиддини Эмамалӣ ва илова намуд, ки то соати 15-:30-и рӯзи 3 декабр аз рӯи ин номина 27 нафарро шунидаанд ва барои ҳама имконият медиҳем то фикру андешаашонро озодона баён намоянд. Баъзе камбудиҳои ҷузъӣ дар пешниҳоди рӯйхати адабиёт ё номи асарро бо муаллиф омехта кардан ҷой дорад, вале гумон мекунам чандон ташвишовар нест, кӯшиш мекунем бачаҳо бо хурсандӣ ва хотироти нек аз назди мо гузаранд, гуфт роҳбари аъзои ҳакамон аз номиани адабиёти муосир.

Илоҳомиддин Нематов декани факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ду гулдухтарашро, ки ба даври ниҳоии озмун роҳ ёфтаанд, ҳамроҳӣ мекард. Духтаронмаш Мунира ва Таманно яке дар номинаи адабиёти мусосир ва дигаре дар номинаи адабиёти бачагона ширкат дорад. Дар суҳбат бо мо аз сиёсати Пешвои миллат дар тарғиби китобу китобхони ёдовар шуда, изҳор  дошт, ки воқеан Президенти мамлакат на танҳо китобу китобхониро ташфиқ месозанд, балки ҷиҳати ҳавасмандии аҳли ҷомеа барои китобхонӣ ва рушди илм маблағҳои бузургеро ҷудо мекунанд, ки ҳадаф соҳибмаърифатии ҷомеа мебошад. «Бароям боиси ифтхор аст, ки ду фарзандам дар даври ҷумҳурявии озмун иштирок доранд, ҳамин чанд лаҳза пеш духтари хурдиям Мунира дар номинаи адабиёти муосир иштирок кард, рости хеле эҳсосоти баланд доштам, чун фарзанд, мағзи ҷон аст, рушду муваффақияташ қалбатро таскину руҳияаатро болида месозад. Хушбахтона, баромадаш назди ҳакамон хуб буд. Алабатта орзу кардан айб нест ва орзумандам, ки фарзандони ман  сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд ва барои оилаҳои дигари тоҷик намуна мешаванд»,- гуфт Илоҳомиддин Нематов.

 Мунира Неъматова баъд аз баромадаш назди доварон изҳор дошт, ки аз баргузории озмун ва муносибати доварон хеле розӣ аст ва иштирокаш дар чунин озмунҳо дар роҳи минбаъадаи ҳаёташ таъсири неке дорад. Мунира хонандаи синфи 9-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49 шаҳри Ваҳдат мебошад.  Ӯ мегӯяд тибқи низомнома 30 роман, 30 повест, садҳо ғазалу  рӯбоӣ, дубайтиҳо,  очерк, ёдошт ва  даҳҳо китоби муҳимро ба монанди «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров мутоли кардааст. Мунира мегӯяд аз ҳаҷми китобҳои мутолиакардааш розӣ нест, ният дорад то соли оянда хониши китобро бештар намояд ва баргузории озмун кори ӯро дар ин самт шавқовар мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» то 14 декабр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон идома ёфта, ғолибон аз рӯйи панҷ номина рӯзи 15 декабр тавассути барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ эълон ва бо ҷоизаҳои кумита тодурукот қадрдонӣ мешаванд

Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР