«Сияри Набӣ ё Маориҷ-ун-нубувват»-и Муинуддин Фароҳии Ҳиравӣ дар Китобхонаи миллӣ
Муинуддин Фароҳии Ҳиравӣ машҳур ба Мулло Мискин, нависанда, шоир, муфассир, ориф ва воизи шаҳири систонӣ, ки номи пурраи ў Муинуддин Муҳаммад ибни Шарофиддин Муҳаммад Мискин Фароҳии Суҳровардӣ мебошад, таърихи таввалудаш ба дурусти маълум нест ва зиндагии кўдакӣ ва ҷавонии ў дар тазкираҳо наёмадааст.
Танҳо дар китобҳои Равзат-ус-сафо ҷилди ҳафтум ва аз-зариъа ба нақл аз “Равзат-ус-сафо” ва “Кашф-уз-зунун” ба таври ихтисор аз ў ном бурда шудааст. Зодгоҳ ва парваришгоҳаш дар шаҳри Фарроҳ минтақае дар Систон буда, сипас дар канори хонавода ва хонадони худ ё ҷудо аз онон ба нақле макон карда ва дар онҷо сокин шудааст.
Чуноне, ки дар боло зикр намудем, дар тазкираҳо оид ба зиндагӣ ва давраи таҳсилоти нависанда маълумоти пурра оварда нашудааст, ў тибқи маъмул дар давраи кўдакӣ ва навҷавонӣ илмҳои роиҷи замони худ яъне форсӣ, забони арабӣ, фиқҳ, Қуръон ва тафсири он табаҳҳури шоёне ба даст овардааст. Сипас, ба мутолиаи китобҳои ирфонӣ пардохта ва ба сабаби истеъдоди фитрӣ ва табъи худодод ба қаламрав ва шеъри ирфонӣ ворид шуда, шумори қобили таваҷҷўҳи ғазалиёти ирфонӣ сурудааст, ки дар девони ў мавҷуд аст.
Муинуддини Ҳиравӣ ба сабаби вазъи руҳӣ, биниш ва гароиши ирфонӣ нисбат ба умури дунё беэътино буда, ба иллати тамоюлоти зоҳидонаи хеш бо ашхос ва фармонравоёни муосири худ робитаи муносибе надошта ва дар ҳар фурсате ба нақд ва хурдагирӣ аз бархе аз онон мепардохтааст. Илова ба нависандагӣ дар суханварӣ низ тавоно будааст, чунон ки худ дар сурудаҳояш ишора мекунад, ки дар замони навҷавониаш монанди кўдакии ҳазрати Исо суханвар ва аҳли минбар будааст.
Муинуддин дар муқаддимаи китобҳояш менависад: муддати чиҳил сол ба мутолиа тафсири Қуръон ва ҳадисҳои Паёмбари ислом (с) ва китобҳои фарҳанги исломӣ пардохта ва он чӣ аз он китобҳо ба даст оварда ва муносиб медидааст, дар зимни ваъзу суханронӣ дар болои минбари масҷиди Ҳирот, ки маснади аҷдоди ў будааст, барои шунавандагон бозгӯ кардааст.
Ҳамчунин баён шудааст, ки Муинуддини Ҳиравӣ аз уламо ва урафои замони Султон Ҳусайни Бойқаро буд. Марди зоҳиду порсо буда аз дунёву баҳраҳои он гурезон; муддате имоматии ҷамоати масҷиди ҷомеъи Ҳиротро бар уҳда дошт, вале шуғли вай иршод ва ҳидояти мардум аз роҳи ваъз ва дарсу баҳс будааст.
Шоир ва ориф Фароҳӣ дар соли 908 даргузашта ва дар мақбараи Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ мадфун шудааст.
Яке аз асарҳои муҳимми Муинуддини Ҳиравӣ нусхаи хаттии «Сияри Набӣ ё Маориҷ-ун-нубувват» мебошад, ки таҳти рақами инвентарии 380 дар шуъбаи Дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллӣ ҳифзу нигаҳдорӣ мешавад. Дастнависи мазкур дар «Осорхонаи китоб» ба маъраз гузошта шудааст, ки меҳмонони зиёде аз дидан мекунанд. Ин асари аз шаш рукн ва хотимаи китоб иборат мебошад.
Мундариҷаи асосии он аз тараққуфи Одам то Хотам, сабаби пайдоиши Одам ва сифатҳои хоси ў, ба дунё омадани Муҳаммад (с) ва хислатҳои ў, даъвати хулафои Муҳаммад (с) барои тарафдории дини ислом, паҳншавии дини Ислом ба Мовароуннаҳр ва як қисми Осиёи Миёна ва ғайраҳо баҳс менамояд.
Дастхати мазкур мукамал аст. Соли китобаташ – 1289/1872, ҷойи китобат Бухоро мебошад ва дар коғази навъи қуқандӣ китобат шудааст. Хаташ настаълиқи хоно. Коғазаш- мўҳракардашуда. Муқоваю шерозааш аз ҷармии сурхи хўрдашуда, дорои 8 кг вазн, 557 саҳифа мебошад. Нусхаи зикршударо Муҳаммад Ҳодӣ саҳҳофӣ намудааст. Гирдогирди матн бо ҷадвали тазйину тазҳиб шуда, аввали ҳар як қисми асар дорои лавҳаи зарҳалӣ наққошӣ шудааст.
Оғози нусха: Раббано отино фи-д–дунё ҳасанатан ва фил-охирати ҳасанатан ва қина азоб-ан-нор
Анҷоми нусха:
Офтоб омад, далели офтоб,
Кард лайлат бояд аз ў рў матоб.
Андозаи умумии нусха 29,5х52 буда, андозаи матн бидуни ҳошия 17 х 36 мебошад. Ҳар варақ аз 29 сатрӣ иборат аст. Ғайр аз ин дар аввалу охири он якчанд варақҳои холӣ ба назар мерасад. Асар соли 1872 бо қалами хаттот Хоҷа ибни Мулло Миразими Бухороӣ китобат шудааст.
Дастнавис аз сокини шаҳри Душанбе Абдуллоҷон Сулаймонов дар таърихи 5 августи соли 1957 барои Китобхонаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ (ҳоло Китобхонаи миллӣ) харидорӣ гардидааст.
Шукрона Каримзода,
сармутахассиси шуъбаи дастхатҳои
Шарқ ва китобҳои нодир