Соате дар Телеграмканали мо бо Убайди Зоконӣ. “Боғи дилкушо”

Убайди ЗоконӣМаҷмуаи «Боғи дилкушо» мунтахаби ғазалиёт, қитъаот, рубоиёт, рисолаҳои «Дилкушо», «Сад панд» ва «Таърифот»-ро гирд овардааст. Аз қасоиди Убайд танҳо ташбиби баъзеи онҳо интихоб гардида, достони «Муш ва Гурба» тақрибан ба шакли пурра омадааст.

Мураттиб М.Бақоев сарсухани басо муфассале дар бораи Убайди Зоконӣ, осори ӯ ва чигунагии китоби “Боғи дилкушон” навиштааст, ки порае аз онро меорем ва шумо, хонандагони азизро ба мутолиаи шакли электронии китоб даъват менамоем.

«Номи Убайд кай равад аз ёди аҳли дил,

Чун гуфтаҳои нозуки ў ёдгори ўст!»

Убайди Зоконӣ

Убайди Зоконӣ яке аз бузургтарин намояндагони адабиёти форсу тоҷики асри XIV дар масъалаи ҳаҷв ва танқиди бераҳмонаи сохти феодалии асри худ шуҳрати тамом ёфтааст ва бузургии ў низ, пеш аз ҳама, дар ҳамин аст.

Убайди Зоконӣ тақрибан дар соли 1270 дар деҳаи Зокони шаҳри Қазвин (дар шимолии Эрон) ба дунё омадааст.  Ҳамон навъе ки аз руйи осори шоир маълум мегардад, номи ў Убайдуллоҳ буда, Убайд тахаллуси адабии ўст. Лақаби фахрӣ ва эҳтиромии муаллиф Низомуддин мебошад. Давраи ҷавонӣ ва таҳсилоти ибтидоии худро Убайд дар шаҳри Қазвин мегузаронад. Ў баъди ба синни балоғат расидан ба сафари шаҳрҳои Эрону Ироқ мебарояд.

Убайди Зоконӣ як муддати муайян дар мансаби давлатӣ ва ё худ динӣ будааст ва пас бо сабаби ба мо номаълум, аз он озод шудааст. Шоир дар қитъае гуфтааст:

Пеш аз ин аз мулк ҳар соле маро

Хурдае аз ҳар каноре омадӣ.

Дар висоқам нони хушку таррае

Дар миён будӣ, чу ёре омадӣ.

Гаҳ-гаҳе ҳам бода ҳозир мешудӣ,

Гар надиме ё нигоре омадӣ.

Нест дар дастам кунун аз хушку тар,

З-он чӣ вақте дар каноре омадӣ.

Ғайри ман дар хонаам чизе намонд,

Ҳам намондӣ, гар ба коре омадӣ.

Убайд дар бисёр шеърҳои худ аз камбағаливу нодориаш шикваю налаҳо мекунад, вале ба ин нигоҳ накарда, ў дар зиндагӣ як шахси қаноатпеша будааст, ки рубоии зер шоҳиди ҳол аст:

Эй дил, пас аз ин андуҳи беҳуда махўр,

                            З-ин беш ғами будаву нобуда махўр!

                            Ҷон медеҳу боди тамаъу ҳирс мадеҳ,

                             Ғам мехўру нони миннатолуда махўр!

Убайди Зоконӣ пеш аз соли 1330 ҳамчун шоир ва нависанда ба камол расида, шуҳрати зиёд пайдо кардааст, ки инро муаррихи муосир ва хамшаҳри Убайди Зоконӣ Ҳамдуллоҳ Муставфӣ тасдиқ мекунад. Ин муаллиф дар асари худ «Таърихи гузида» (соли 1330) менависад, ки Убайд  «ашъори хуб дорад ва расоили беназир».

Тақрибан дар соли 1327 Убайди Зокониро дар Боғдод мебинем. Шоир дар он ҷо ба хидмати хоҷа Алоуддин Муҳаммад ном вазири султон Абўсаиди Элхонӣ (1316-1335) дохил гардида, рисолаи  «Наводир-ул-амсол»-и худро ба забони арабӣ ба ў мебахшад.

Дар Бағдод зиндагии Убайд хеле вазнин мегузаштааст. Ў вазъияти сахти зиндагиашро дар як шеъри машҳури худ хеле равшан инъикос менамояд:

Мардум ба айш хушдилу ман дар балои қарз,

Ҳар як ба кору бореву ман мубталои қарз.

Фарзи Худову қарзи халоиқ багарданам,

Оё адои фарз кунам ё адои қарз?

Харҷам фузун зи ғояту қарзамбурун зи ҳад,

Фикр аз барои харҷ кунам ё барои қарз…

Тахмин кардан мумкин аст, ки Убайди Зоконӣ соли 1345 аз Ироқ ба Шероз омада, ба дарбори Ҷамолиддин Абўисҳоқи Инҷу (1341-1357) ворид мегардад.

Убайд бисёр қасидаҳои худро ба Абўисҳоқи Инҷу ва вазири ў Рукнуддин Амидулмулк мебахшад. Соли 1350 ба номи Абўисҳоқ достони «Ушшоқнома» таълиф мекунад.

Дар соли 1357 амир Муборизиддин Муҳаммади Музаффарӣ, ки ҳокими Язд буд, пас аз истилои Шероз Абўисҳоқро ба қатл мерасонад. Баъди ин Убайди Зоконӣ маҷбуран Шерозро тарк карда меравад:

Рафтам аз хиттаи Шерозу ба ҷон дар хатарам,

Ваҳ, к-аз ин рафтани ночор, чӣ хунинҷигарам.

Меравам дастзанон бар сару пой андар гил,

З-ин сафар то чӣ шавад ҳолу чӣ ояд ба сарам.

Гоҳ чун булбули шўрида дароям ба хурўш,

Гоҳ чун ғунчаи дилтанг гиребон бидарам…

Убайд боз сафари Бағдодро пеш мегирад. Дар Ироқи Араб ва Озарбойҷон султон Увайси Ҷалоирӣ (1354-1373) салтанат дошт. Убайд дар Бағдод бо шоири дарбор Салмони Соваҷӣ мулоқот ардааст. Дар хусуси ин мулоқот ривоятест, ки мувофиқи он Салмони Соваҷӣ дар бораи Убайд қитъаи зеринро гуфта будааст:

Ҷаҳаннамию ҳиҷогў Убайди Зоконӣ,

                   Муқаррар аст ба бедавлативу бединӣ.

                   Агарчи нест зи Қазвину рустозодаст,

                   Валек мешавад андар ҳадис қазвинӣ.

 Убайд баъди шунидани қитъаи мазкур даррав сафари Боғдодро пеш мегирад ва ҳангоми ба шаҳр расидан Салмонро дар канори дарёи Даҷла машғули айшу ишрат ва суҳбат бо арбоби донишу фазилат пайдо карда, дохили маҷлиси ў мегардад.

Салмон дар васфи Даҷла мисраи

«Даҷларо имсол рафторе аҷаб мастона аст» гуфт ва аз аҳли маҷлис мисраи дувуми онро хост. Убайд бадеҳатан гуфт:

«Пой дар занҷиру каф бар лаб, магар девона аст?» Салмонро ин мисраъ хуш омад ва пурсид, ки аз куҷоӣ?

Гуфт:

– Аз Қазвинам.

Салмон аз вай пурсид, ки номи Салмон дар Қазвин маъруф ва аз ашъораш чизе машҳур аст ё на?

Убайд гуфт:

– Қитъае аз ашъори ў бисёр машҳур аст ва бихонд:

Ман хароботияму бодапараст,

                      Дар хароботи муғон ошиқу маст.

                      Мекашандам чу сабў дўш ба дўш,

                      Мебарандам чу қадаҳ даст ба даст.

 

Ва боз гуфт:

– Агарчи Салмон марде фозил аст ва метавон ин қитъаро ба вай нисбат дод, аммо гумони ғолиби ман он аст, ки ин китъа аз зани ў бошад.

Салмон аз лутфи сухани вай дарёфт, ки Убайд аст, мақдамашро ғанимат шумурд ва узри ҳиҷои вай бихост.

Убайд ба дарбори султон Увайси Ҷалоирӣ роҳ меёбад ва ўро дар қасидаҳои ҳуд маҳду ситоиш менамояд. Убайд, бо вуҷуди ин, дар Бағдод худро ҳамчун ғариб ҳис мекунад. Аз аҳли дарбор касе ба қадри ў расида натавонист.

Убайд аз Бағдод ба Шероз бармегардад ва ба хидмати подшоҳи Форс Ҷалолиддин Абулфаворис Шоҳ Шуҷои Музаффарӣ (1359-1384) дохил мегардад….

Идомаи сарсухан ва худи китоб ин ҷост: “БОҒИ ДИЛКУШО

Таҳияи Нафиса ҚУРБОНОВА, мутахассиси шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон