Собиқадорони китобдорӣ. Соҳибназар Ғоибназаров

Аз моҳи октябри соли 1987 то майи 1998 ба ҳайси директори Китобхонаи давлатии ба номи Фирдавсӣ хидмат намудааст. Соли 1959 Омӯзишгоҳи  маданӣ- маърифатии ноҳияи  Ленин (ҳоло Рӯдакӣ ) ва соли 1964 факултаи китобдории Институти маданияти Москавро ба итмом расонидааст.

Фаъолияташ аз корманди китобхонаи бачагонаи шаҳри Норак оғоз ёфта, дар Китобхонаи шаҳрии ба номи Лоҳутӣ чун китобдор кор кардааст.

Солҳои 1968-1969 сардори нозироти китобхонаҳои Вазорати маданияти ҷумҳурӣ буд ва баъди адои хидмат дар сафи кувваҳои мусаллаҳ (1971-1975) Раёсати ҳифзи ёдгориҳои таърихии Вазорати маданияти Тоҷикистонро сарварӣ намудааст.

Солҳои 1975-1978  вай муовини директори Китобхонаи давлатии Тоҷикистон , 1975-1978 сардори раёсати муассисаҳои маданӣ – маърифатии  Вазорати маданияти Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 1998 то поёни умр мудирии  бахши коргузории ин Китобхонаро дошт.

Саҳмаш дар рушду такомули фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ, созмон додани дастаҳои таронаю рақс, театрҳои халқӣ , маҳфилҳои ҳаваскорони худфаъолиятӣ, осорхонаҳо, гузаронидани семинару озмунҳо ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ ва тайёр намудани кадрҳои соҳа калон аст. Беш аз бист соли фаъолияти кориаш дар Китобхонаи давлатии Тоҷикистон сипарӣ шудааст. Бо ибтикораш дар ин ҷо шуъбаҳои Тоҷикистоншиносӣ, депозитарӣ созмон ёфтанд. Хидматаш  дар бобати муттамарказонии китобхонаҳои оммавии ҷумҳурӣ сазовори таҳсин аст. Ӯ перомуни фаъолияти китобхонаҳою дигар муассисаҳои фарҳангии ҷумҳурӣ дар нашрияҳои даврӣ ва маҷмӯаҳои соҳавӣ мақолаҳои илмӣ оммавӣ зиёд ба табъ расонидааст, ки бо мадраку маводи таҳлилӣ тафовут доранд,  дар таҳрири дастуру тавсияномаҳои соҳавӣ фаъолона  ширкат варзидааст. Бо ордени “Дӯстӣ” сазовор гардидааст.

Сабоҳат ИБРОҲИМОВА,
сардори шуъбаи коркарди адабиёт