Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ: САРТАРОШӢ ВА САРТАРОШОН
Ҳангоми баргузории маросими сартарошон баъзе одатҳои сеҳромезро низ ба ҷо меоварданд. Аз ҷумла, пулу тангаҳоро ба пахта печонида, тухмҳои обҷўши рангаро ба тоқии шаҳ меандохтанд, ки серфарзанд шавад. Пас аз анҷоми сартарошон усто мўйҳои шаҳро аз пешдоман ҷамъ намуда, зери дарахти босамар гўр мекард.
Сартарошӣ, як навъ касби мардумӣ, яке аз пешаҳои қадим. Дар гузашта сартарошӣ фақат касби мардона буд. Сартарош баробари тарошидани мўйи сар, риш ва ба тартиб даровардани мўйлаб, инчунин хатна, хунгирӣ, табобати баъзе касалиҳои асабро ба уҳда дошт. Аксари сартарошон шогирд доштанд. Баъди омўхтани касби сартарошӣ шогирд маросими розигии устодро анҷом медод ва устои мустақил мешуд.
Устохонаи сартарошро сартарошхона мегўянд. Он дар гузару маҳалла ва бозорҳо сохта шуда, бо лавозимоти зарурӣ (поку, атриёт ва ғайра) муҷаҳҳаз мешавад.
САРТАРОШОН
Сартарошон, маросимест, ки пеш аз ақди никоҳ дар хонаи домод бо иштироки ҷўраҳои домод ва хешу табори ў баргузор мегарданд. Нақши асосиро дар ин маросим устои сартарош ҳозир шуданд, дар миёнҷои ҳавлӣ курсӣ гузошта, домодро ба он менишонданд ва усто покуро бадаст гирифта, ба тарошидани мўйи сари домод шурўъ мекард. Ҷўраҳои домод то ба охир расидани Сартарошон рақсу таронасароӣ ва шодмонӣ мекарданд. Сартарош пояшро лангонда, ҳаракатҳои аҷоиб мекард. Аҳли маросим суруди зайлро месароиданд:
Ҳама:
Устои ланги сартарош,
Сари шаҳа тоза тарош!
Сарбайтхон:
Очаи шаҳ, ба ту мегум,
Дар сари шаҳ танга бичош!..
Суруди сартарошон нисбатан дароз аст. Дар он аз модару падари шаҳ сар карда, то ба ҷураҳои домоду наздикони ў муроҷат менамояд, ки ба сари шаҳ пул бичошанд, рўймол андозанд ва қанду қурс, чормағз, тоқиву рўймолчаҳоро ба қарси калон, ки дар назди устову домод густурда шудааст, гузоранд.
Ҳангоми баргузории маросими сартарошон баъзе одатҳои сеҳромезро низ ба ҷо меоварданд. Аз ҷумла, пулу тангаҳоро ба пахта печонида, тухмҳои обҷўши рангаро ба тоқии шаҳ меандохтанд, ки серфарзанд шавад. Пас аз анҷоми сартарошон усто мўйҳои шаҳро аз пешдоман ҷамъ намуда, зери дарахти босамар гўр мекард.
Маросими сартарошон вақтҳои охир камее тағир ёфтааст, Дар сартарошони имрўза усто сари шаҳро наметарошад, ў танҳо вонамуд мекунад, ки сартарошида истодааст. Вай бо ҳаракатҳои хандаовар шонаву покуро ба ҳаракат дароварда, гоҳ-гоҳ ба мўйи шаҳ об мепошад.
Дар води Рашту Дарвоз ва ба хусус дар рустоҳои вилояти Хатлон ба маросими сартарошон масхарабозону ширинкоронро даъват мекарданд. Ин маросим дар дигар минтақаи тоҷикнишини Осиёи Марказӣ ҳам маъмул будааст.
Сартарошон таронаҳои ҷолиб дорад. Матни таронаҳо дар бисёр маҳалҳо яксон бошад ҳам, баъзе тафовутҳоли ҷузъи доран. Масалан, тарзи иҷрои нусхаи аз деҳаи Ҷиргинаки ноҳияи Ҳисор сабт шуда чунин аст.
Ҳама:
Устои ланги сартарош,
Сари шаҳа тоза тарош.
Саровоз:
Аз куи баланд, ҷўра ба об амадӣ,
Ҳама:
Устои ланги сартарош,
Сари шаҳа тоза тарош.
Саровоз:
Пурсидани мои дилхароб омадаӣ,
Ҳама:
Устои ланги сартарош,
Сари шаҳа тоза тарош.
Саровоз:
Кўзета бимон биё бишин да пешум,
Ҳама:
Устои ланги сартарош,
Сари шаҳа тоза тарош.
Саровоз:
Ҳарчанд, ки ба кори иштироб омадӣ.
Ҳама:
Устои ланги сартарош,
Сари шаҳа тоза тарош
Бозчоп аз «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» (қисми дуюм) ки соли 2017 аз ҷониби Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик чоп шудааст.