Соли маърифати ҳуқуқӣ.Шахсони имконияташон маҳдуд чӣ имтиёзҳо доранд?

маъюбонДар семинаре, ки бо ибтикори Кумитаи паралимпии милли Тоҷикистон  дар шуъбаи хидматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таи 2 рўз баргузор гардид, Сабоҳат Ҳакимзода тренери ин семинар барои ин афрод аз ҳуқуқҳову имтиёзҳояшон гуфт. Ин семинар 30 нафар аз ин қишри ҷомеаро фаро гирифт.

Дар ин дарси омўзишӣ ба паҳлуҳои барои ин афрод норушани ҳуқуқхои онҳо, ки то ин замон намедонистанд, рушанӣ андохта шуд. Ба ин гуна шахсон тарзи дуруст навиштани ариза барои ба кўдакистон, мактаби миёна, донишгоҳ ва дигар муассисаву сохторҳои давлативу хусусиро амалан омӯзониданд.

Тавре аз рафти ин семинар маълум гардид аксари шахсони дорои имконоти маҳдуд аз ҳуқуқҳояшон бехабаранд ва онҳоро ба кор набурдаанд. Дар семинар онҳо навишти ариза барои ба матаби миёна рафтани кўдаки маъюбро тамрин карданд. Ба онҳо гуфта шуд, ки барои ба мактаби миёна рафтани як кўдаки маъюб ҳуҷҷатҳои зер лозим аст: нусхаи шиносномаи падару модари кўдак, маълумоти тибби шакли 38, шаҳодатномаи кўдак, ҳуҷҷат аз боғча, маълумотнома аз маҳалли зист, 4 адад сурати 5 ба 6, нусхаи маълумотномаи маъюбӣ (ВТЭК), ариза ба номи директори матаб, дело, маълумотнома ва ғайра.

Маъюбон-1Дар семинар зикр гардид, ки аз 100 кўдаки маъюб ба 80 дарсадашон ягон нақшаи махсус ва мутобиқгардонӣ даркор нест. Танҳо ба 15 дарсад мутобиқшавӣ ва 5 дарсад нақшаи инфиродӣ лозим аст.

Аз ин рў аксари кўдаконе, ки ба кўдакистону мактабҳо мераванд, бо кўдакони дигар якҷо наменишинанд.

Дар ин нишаст барои дохил шудани маълулон ба донишгоҳҳо  низ сухан рафт. Гуфта шуд, ки барои шомили муассисаҳои олии кишвар ин гурӯҳи ҷомеа аз имтиёзу ҳуқуқҳои хосса бархўрдоранд. Яке аз ин имтиёзхои 150 бали имтиёзӣ доштани касонест, ки мехоҳанд ба донишгоҳҳо дохил бишаванд. Фарзи мисол агар барои ба донишгоҳе дохил шудан 200 бал лозим бошад, барои маъюбӣ ба ин афрод 150 бал дода мешавад, агар ў 50 бал бигирад ҳам бо 150 бали имтиёзӣ метавонад бе мушкил донишҷў шавад.

Азбаски аксари ширкаткунандагон барои идомаи таҳсилашон намедонистанд ба куҷо раванд ва кадом санаду аснодро пешниҳолд кунанд, мураббии семинар ин ҳамаро дар тахтаи дарсӣ навишт, то ҳамагон рӯнавис кунанд ва дар мавриди пеш омадани зарурат аз он истифода кунанд.

Дафтари шахсӣ, ариза ба номи ректори донишгоҳ, атестатсияи мактаби миёна,маълумотномаи маҳалли зист, 4 дона сурати 3 ба 4, нусхаи шиноснома, расиди бонк, маълумотномаи шакли 38, тавсифнома, маълумотномаи ВТЭК.

Маълумотномаи маъюбӣ (ВТЭК) чӣ имтиёзҳо барои соҳибонашон дорад? Ин мавзуъ низ ба баҳс кашида  шуд. Бояд зикр намуд, ки доштани ин маълумотнома барои маъюбони гурӯҳи 1 сад дарсад ва барои маъюбони гурўҳи 2  50 дарсад таҳсили ройгонро кафолат медиҳад.

Мардони дорои имконоти маҳдуд ба ҷои шаҳодатномаи ҳарбӣ метавонанд маълумотномаи ҳарбӣ-ВТЕК-ро пешкаш намеоянд.

Таҳсили ройгони шахсони имконоташон маҳдуди гурўҳи 1 сад дарсад ва гурӯҳи 2 50 дарсад дар тамоми оинномаҳои донишгоҳҳо дарҷ гардидааст, -гуфт Сабоҳат Ҳакимзода дар суханрониаш.

Доштани ин ҳуҷҷат барои гирифтани имтиёзҳое, ки давлат барои ин афрод пешниҳод намудааст, ба кор меравад: кумакупулӣ, иловапулӣ аз ҷониби давлату ҳукумат ва ректори муассиса дар арафаи ҷашнҳову ҷамъомадҳо.

Инчунин Сабоҳат Ҳакимзода дар  ҷои дигари суханрониаш изҳор дошт, ки донишгоҳҳо новабаста ба паст будани баҳои донишҷўи маъюб, идрорпулии ин гурўҳи ҷамъиятро танҳо 50 дарсад кам карда метавонанд. Барои маҳрум сохтани идрорпулии шахсони дорои нуқсонҳои ҷисмонӣ муассисаҳои олии кишвар ҳуқуқ надоштаанд.

Ҳамчунин нақши маълумотномаи ВТЭК барои донишчуёне, ки аз шаҳру ноҳияҳо меоянд, барои гирифтани хобгоҳ муассир аст.

Маъюбони гурӯҳи 1 ройгон ва гурӯҳи 2 метавонанд танҳо 50 дарсади ҳақи будубош дар хобгоҳҳоро пардохт кунанд.

Раҳима АЪЗАМ, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.