Соли нав бо шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд дар Китобхонаи миллӣ

Соли нави дар Китобхонаи миллӣИн нишасти хотирмон дирӯз баргузор шуд ва ҳадаф гирди ҳам овардани шахсони имкониятҳояшон маҳдуд дар остонаи Соли Нави милодӣ ва ташкили як базми шодиву тараб ба хотири болида сохтани табъашон буд. Ин гуна тадорукот бо талоши кормандони Шуъбаи хидматрасонӣ ба маъюбони Китобхонаи миллӣ дар остонаи ҳар иду айём пайваста сурат мегирад.

Чорабинӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони боэътимод ва роҳбарони воқеан рӯзгордидаву соҳибтаҷриба, аз ҷумла Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, Раиси ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони ватан” Оятулло Аҳмадзода, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Убайдулло Қурбонзода, Раиси ташкилоти ҷамъиятии Иттиҳодияҳои миллии маъюбони Тоҷикистон Асадулло Зикрихудоев, раиси ташкилоти ҷамъиятии «Имконият» дар шаҳри Душанбе Фирӯз Ҳамроев ва ҳамкорони ҳамешагӣ “Лоиҳаи USAID “Биё, ҳамроҳ омӯзем” ва албатта роҳбарони Китобхонаи миллӣ профессор Ҷумахон Файзализода, Салима Раҷабзода ва дигарон баргузор гардид.

Ҳамзамон, дар ин ҷашн сарояндагони ҷавону мумтоз ва ширинсухан низ баромад намуда, бо суруду мусиқӣ дили ҳозиринро шод гардониданд.