Суханҳои ҳикматомўзи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи худшиносӣ

Эмомали-РахмонИстиқлолият дари худшиносиро ба рўйи мо кушод, эҳтироми ҳамаи суннату ойинҳои муқаддаси аҷдодӣ, пос доштани қадру қимати давлати миллӣ ва ваҳдати миллиро ба ҳар фарди бедордил омўзонд.

****    ****     ****

Бояд ҳисси ифтихори миллӣ, ватандўсти, дарки моҳияти давлатдории миллӣ бо тамоми рамзҳояш ҳанўз бо шири модар дар ҷону хиради ҳар як фард маъво гирад ва аз насл ба насл гузарад.

****    ****     ****

Фаромўш набояд кард, ки худшиносӣ танҳо гирифтори дастовардҳои  гузашта шудан ва аз мероси илмиву адабӣ ва фарҳангии ниёгон ифтихори хушкухолӣ доштан нест, балки он пойгаҳи устувори маънавиест, ки фарзандони бонангу номус ва огаҳу бедордили миллатро ба қиёсу хулосабарориҳои таҳлилӣ ва бо дарки воқеияти замони нав, пайрезӣ кардани ҳадафҳои неки созанда барои даҳсолаҳои минбаъда ҳидоят месозад.

****    ****     ****

Эҳёи тафаккури миллӣ, фарҳангу тамаддуни ниёгон воситаи муассири худогоҳӣ, ҳуввияти миллӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии нави миллӣ буда, халқу миллатро аз тариқи ваҳдату ягонагӣ ба пешрафтҳои азим хоҳад расонд.

****    ****     ****

Забону адабиёт яке аз сарчашмаҳои муҳими худшиносӣ мебошад. Омўхтани ҳамаҷонибаи осори ниёгони бузург ва баҳра бардоштан аз афкори файласуфона ва ҳакимонаи онҳо вазифаи ҳар шахсест, ки худро вориси осори шуҳратманди адабиёти оламшумули тоҷик медонад.

****    ****     ****

Ҳифзи ҳуввияти миллӣ ва ягонагии Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо вазифаи муқаддаси насли имрўза ва минбаъдаи миллати тоҷик аст, ки баъд аз ҳазор сол соҳиби давлати хеш ва номи баланддар арсаи ҷаҳон гардидааст.

****    ****     ****

Ҳаёт тақозо мекунад, ки мо имрўз қудрати шинохти мазмуни аслии равандҳо ва таҳаввулоти иҷтимоиро доро ва ба кушодани гиреҳҳои печида, мушкилоти умдаи рўз ва равшансозии роҳи ояндаи худ қодир бошем. Чунин шинохт дар асл омили асосии таъмини сатҳи матлуби худшиносиву худогоҳӣ ва муҳити солими иҷтимоӣ мебошад.

****    ****     ****

Ғояҳои ватандўстӣ, худогоҳиву худшиносӣ,эҳтироми суннатҳои фарҳанги миллӣ, эҳтиром гузоштан ва ҳифз кардани анъанаҳои таърихӣ ва тамаддуни ниёгон, ҳама дар маҷмуъ, қисми таркибии сиёсати мо оид ба таъмини рушди фарҳанги миллӣ, таҳкими истиқлолият ва давлатдории навини миллии мо мебошанд.

****    ****     ****

Шинохт ва эҳёи асолати миллӣ вазифаи муқаддаси имрўзаи мост. Асолат омили пойдории ниҳоди давлат ва миллат аст ва шинохту татбиқу тақвияти огоҳонаи он бақо ва ҳастии миллати соҳибистиқлолро ифода мекунад.мМо бояд ҳамеша зираку ҳушёр бошем, худогоҳиву худшиносии миллиро, ки асли он арҷгузорӣ ба истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он, дўст доштани Ватан – модар, забону фарҳанг ва арзишҳои миллӣ мебошад, густариш бахшем, наслҳои наврас ва ҷавононро дар ҳамин рўҳия тарбия намоем.

****    ****     ****

Таҳкими раванди худшиносӣ ва худогоҳӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон барои густариши тафаккури навини миллӣ замина фароҳам овард, ки ҷавҳари онро ҳифзи истиқлолу якпорчагии давлат ва сарҷамъиву ваҳдати тоҷикон дар пояи андешаи миллӣ ташкил медиҳанд.

****    ****     ****

Дар ин давра, ки мо, тоҷикон, баъд аз ҳазорсолаҳо дорои давлати миллии хеш гардидем, ваҳдати миллӣ, ватандўстӣ, ифтихор ва худшиносии миллӣ шарти аввалини сарбаландӣ ва калиди ҳамаи муваффақиятҳои мост.Инро ҳеҷ гоҳ фаромўш набояд кард.

****    ****     ****

Вазифаи муҳимтарини мо тарбияи шахсияти худшиносу ватандўст, дорои масъулияти баланди иҷтимоӣ, соҳиби донишу ҷаҳонбинии муосир ва ниҳоят, шахсияте мебошад, ки қобилияти шинохти равандҳои мураккаби ҷаҳони имрўзаро дошта бошад.

****    ****     ****

Ҳоло дар назди насли ҷавони кишвар масъалаҳое қарор доранд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ дарку ҳалли онҳо аз ҷавонони мо дониши амиқ, ҷаҳонбинии замонавӣ ва, муҳимтарин аз ҳама, ҳисси баланди миллӣ, ҳисси ватандўстиву ватандории мардум ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолии кишвар, бахусус наврасону ҷавонон, яке аз ҳадафҳои муҳими мо маҳсуб мешавад.Худшиносӣ қутбнамоест, ки моро ба сўйи асолати милливу ҳувияти ватандорӣ раҳнамоӣ карда, бароямон роҳи душвори пешрафти оянда, кору пайкори навбатии давлатсозиву давлатдорӣ, расидан ба рўзгори ободу осуда ва ҷомеаи мутамаддинро осонтар мегардонад.

****    ****     ****

Ватандўстиву худшиносӣ ва ифтихори миллӣ, пеш аз ҳама, маънои гиромӣ доштану ҳифз намудани таърих ва анъанаву суннатҳои миллӣ мебошанд.

****    ****     ****

Ташаккули давлати миллӣ ва эҷоди пояҳову анъанаҳои давлатдории миллӣ бо раванди тавсеаи ҳисси худшиносӣ ва ваҳдати миллӣ, ифтихори ватандорӣ, шинохти таърих ва арзишҳои ахлоқии ниёгонамон робитаи мустақим дорад.

****    ****     ****

Дар фаъолияти воситаҳои иттилооти омма, пеш аз ҳама, бояд низоми мукаммали таҳияи мавод оид ба тарбияи худшиносии миллӣ ва ватанпарастӣ ташаккул ёфта, тарғиби анъанаву суннатҳои асили фарҳанги миллӣ, бо дарназардошти талаботи замони пешрафт ва дастоврдҳои беҳтарини фарҳанги башарӣ, ба роҳ монда шавад.

****    ****     ****

Имрўз мардуми шарифи Тоҷикистон хуб дарк намудааст, ки устувор намудани пояҳои давлату давлатдории миллӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ ва ободу зебо гардондани сарзамини аҷдодӣ, пеш аз ҳама, ба густариши эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ вобастагии мустақим дорад.

****    ****     ****

Ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ғамхориҳои давлат тамоми саъю талоши хешро ба донишандўзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушду илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд.

****    ****     ****

Худшиносӣ ва дарёфти ҳувияти миллӣ омилҳое мебошанд, ки моро беш аз пеш ба ваҳдат ва гиромӣ доштани таъриху фарҳанги ниёгонамон ҳидоят мекунанд.

****    ****     ****

Барои мо худшиносӣ дар тарозуи замон баркашидани бурду бохтҳои давлатдорӣ, арзишҳои фарҳангиву маънавӣ ва муайян намудани дурнамои оянда ва ҳадафҳои созандагӣ мебошанд.

****    ****     ****

Худшиносӣ насли наврасу ҷавонро дар рўҳияи ватандўстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои аҷдодӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои таърихиву фарҳангии ниёгон ва дастовардҳои умумибашарӣ ҳидоят мекунад ва онҳоро чун ҳомиёни воқеӣ ва номбардори миллати хеш ба камол мерасонад.

****    ****     ****

Ойинҳои бостонии миллиамон, ки ҳар сол ҷашн мегирем, барои мардуми мо азизу муътабар мебошанд. Мо бояд бо қалбҳои саршор аз меҳр ҳофизаи таърихии худро варақгардонӣ намоем ва роҳи пурпечу фарози тайнамудаи ниёгонамонро пеши назар орем, то ки аз бурду бохти таърихи хеш сабақ омўзем.

****    ****     ****

Мо тарғиби суннату анъанаҳо ва арзишҳои волои таъриху фарҳанги миллатамонро танҳо бо мақсади парваридани эҳсоси худшиносӣ дар қалбҳои мардуми худ ва наслҳои оянда ба роҳ мондаем.

****    ****     ****

Тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ваҳдат, худшиносии миллӣ ва ватандўстӣ дар шароити имрўза аҳамияти беш аз пеш касб менамояд.Ин амр аз тамоми ҷомеа, алалхусус аз аҳли зиё, тақозо дорад, ки моҳияти ваҳдату якдилӣ, ватану ватандорӣ ва ифтихору худшиносии миллиро ба ҷавонон ташвиқ намоянд, зеро дур шудан аз асли хеш маҳву заволи миллат аст.

****    ****     ****

Аслан афрўхтани шуълаи ифтихори миллӣ, парвариши эҳсоси худшиносиву ватандўстӣ ва дигар фазилатҳои неки инсонӣ аз синни кўдакӣ дар оила ва таҳсил дар мактаб оғоз меёбанд.

****    ****     ****

Мо ба оянда назари нек дорем, ҷониби он дилпурона қадам мегузорем ва эътимоди комил дорем, ки асри XXI барои мо асри авҷу болоравии худшиносӣ ва ҳуввияти миллӣ, таҳкими дастовардҳои истиқлолият, рушду нумўи давлатдории миллӣ, асри дастовардҳои беназири сиёсm, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ хоҳад шуд.

****    ****     ****

Ман аз қадамҳои аввали худ – ҳамчун Роҳбари давлат – худшиносии миллӣ, ҳисси ватанпарастиро ба сифати омили муҳими таҳкими давлатдории миллӣ арзёбӣ менамоям.Аслан тамоми суханрониҳоям ҷанбаи худшиносии миллӣ доранд.

Аз китоби “Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон” таҳияи Зебонисо Давлатова, мутахассиси пешбари Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ин китоб бо талоши Зафар Шералӣ Сайидзода  соли 2017 нашр шудааст ва шумо, хонандагони азиз, онро метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.