Як рўзи адабиёт дар таърихи башар. 31-уми январ

Як-рузи-адабиёт-31-01-2024Соли 1864 дар Санкт-Петербург дар синни 39-солагӣ нависандаи рус, адабиётшинос, мутарҷими Байрон ва Шекспир, ташаббускори таъсиси Ҷамъият барои ёрӣ ба адибону олимони муҳтоҷ Александр Василевич Дружинин бар асари бемории сил аз олам гузашт.

Дружинин аз тариқи маҷаллаи “Современник” дар охири солҳои 1840 ва охири солҳои 1950 бо Д.В.Григорович, И.С.Тургенев, П.В.Аненков ва В.П. Боткин наздик шуд. Онҳоро асосан адабиёт ба ҳам оварда буд. Солҳои 1856-1858 Лев Толстой ҳам зери таъсири назарияи “санъати пок”-и ӯ монда буд.

Повестҳои «Фраулейн Вилгелмина», «Рассом» маҳсули қалами ӯ мебошанд.

Семён Яковлевич НадсонСоли 1887 шоири рус Семён Яковлевич Надсон дар синни 24-солагӣ дар Ялта вафот кард. Падари Надсон, ки як навозандаи хуб буд, вақте Надсон ҳамагӣ 2 сол дошт, бар асари гирифторӣ ба бемории рӯҳӣ тарки олам карда буд. Надсон бо модари бемораш, ки ҳатто дубора ба шавҳар баромадаву ҳаёти хуши оилавиро надида буд, азобу азиятҳои зиёде кашид.

Семён Надсон шоире буд, ки миёни ҷавонон маҳбубият дошт.

Соли 1923 романнавис, мақоланавис, нависандаи машҳури амрикоӣ, барандаи ҷоизаи адабии «Пулитзер» Норман Миллер дар як хонаводаи яҳудиасл ба дунё омад. Вай тавонист дар синни 18 солагӣ ва дар мухити илмии Донишгоҳи Ҳарвард, аввалин достонашро мунташир кунад. Норман дар соли 1969  ба хотири навиштани китоби «Сипоҳиёни шаб» барои аввалин бор барандаи ҷоизаи «Китоби миллӣ»-и сол шуд.

«Бараҳна ва мурда (1948), «Соҳили Бербер» (1951), «Боғи Дир» (1955), «Орзуи Амрико» (1965) аз ҷумлаи асарҳои ӯ мебошанд.

Кэндзабуро ОэСоли 1935 романнавис, достоннавис, мақоланависи ҷопонӣ ва барандаи Ҷоизаи Нобели адабиёт Кэндзабуро Оэ таваллуд шудааст. Дар авохири даҳаи 50-уми мелодӣ осоре аз ў ба чоп расид, ки ба зиндагии кўдакони рустоӣ мепардохт. Осори ў дар ин давра, бозтоби зиндагии кудакии ў дар рустои Шикоку аст. Сипас дар фосилаи солҳои 1958 то 1961 осореро нашр кард, ки дар онҳо ишғоли Ҷопонро бо забони истиорӣ ба тасвир кашида буд. Мавзўи ин достонҳо ба гуфтаи худи ӯ ғолибан робитаи миёни як хориҷии қудратманд, як чопонии каму беш таҳқирдида шахси сеюмест, ки дар байни ин ду ҷойгир шудааст.

Оэ ба шиддат дар осораш тахти таъсири адабиёт ва назарияҳои адабии кишварҳои Фаронса ва Амрико карор гирифт ва мавзӯоти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фалсафии зиёде низ дар осораш инъикос шудааст.

Маъруфтарин асарҳои Оэ инҳоянд: «Шико» (1958), «Гулҳоро чинед, кӯдаконро парронед» (1958), «Ғанимат» (1959), «Мавзӯи шахсӣ” (1964), «Қайдҳои Хиросима» (1965), «Фрайад Хишм” (Фарёди ором) (1967), «Ба мо таълим деҳ, ки аз девонагӣ озод бошем» (1969).

Аз Оэ ин асарҳо ба форсӣ тарҷума шудаанд: «Гиряи ором;   «Ай Вақ, ҳаюло дар осмон”, «Рӯзе, ки ашкҳои маро пок мекунад”,   «Фарёди бесадо», «Шикор кардан», «Ҳашт ҳарф” (Гунтер Гросс; Канзаборо Ое).

Соли 1866 шоир, мутарҷим ва аз бунёдгузорони шарқшиноси Олмон, профессори адабиёти Шарқ Фридрих Рюккерт дар синни 77 – солагӣ дар Нойес, дар наздикии Кобург вафот кардааст.

Абдусалом ДеҳотӣСоли 1962 шоир ва нависандаи машҳури тоҷик Абдусалом Деҳотӣ аз олам гузашт. Абдусалом Деҳотӣ 14 марти соли 1911 дар деҳаи Боғи Майдони шаҳри Самарқанд таваллуд шуд ва пас аз хатми мактаби миёна (1930) ва курси тайёрии мактаби олӣ (1931) дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» ва шуъбаи Нашриёти давлатии Тоҷикистон дар Самарқанд кор кардааст.

Соли 1935 ба Душанбе омада, дар вазифаҳои мудири шуъбаи танқид ва котиби масъули моҳномаи «Барои адабиёти сотсиалистӣ», котиби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1938) ва котиби масъули моҳномаи «Шарқи Сурх» кор кардааст.

Солҳои 1946-1949 дар Институти таърих, забон ва адабиёти Филиали Тоҷикистонии АИ Иттиҳоди Шӯравӣ ба сифати корманди илмӣ хидмат карда, баъдан дар Нашриёти давлатӣ сармуҳаррир, дар моҳномаи «Шарқи Сурх» муҳаррири масъул, дар Институти таърихи партия мудири шуъбаи тарҷумаи осори класикони марксизм-ленинизм, дар Иттифоқи нависандагон муовини раис ва дар моҳномаи «Тоҷикистон» муҳаррири масъул будааст.

Соли 1932 маҷмӯаи ашъораш «Манзараҳои сегона», соли 1934 «Таронаҳои меҳнат» ва «Меваи Октябр» аз чоп баромадаанд. Маҷмӯаи «Шеърҳо ва ҳикояҳо» (1940) маҳсули эҷоди солҳои сиюми ӯро ҷамъбаст кардааст.

Асарҳои дар солҳои ҷанг офаридаи ӯро китоби «Шеърҳои мунтахаб» (1945) фароҳам овардааст. Дар давоми солҳои баъдина «Асарҳои мунтахаб» (1949, 1957), китобҳои «Ҳаёт қадам мезанад» (1961), «Бунафша» (1963), «Ҳадя ба хурдтаракон» (1954)-и ӯ ба табъ расидаанд.

Китоби панҷҷилдаи «Куллиёт» осори нисбатан мукаммали ӯро фаро мегирад, ки солҳои 1965-1966 интишор ёфтааст.

Бо ду ордени «Байрақи сурхи меҳнат», ду ордени «Нишони фахрӣ» ва Ифтихорномаҳои ҳукуматӣ сарфароз гардонида шудааст.

Аз соли 1934 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

Ин матал ҳам дар бораи ӯст: Солгарди даргузашти муҳаррири осори устод Айнӣ 

Соли 1950 дар деҳаи Насрӯди ҷамоати деҳоти Зидеҳи ноҳияи Варзоб адиби тоҷик Шарифи Муҳаммадёр  таваллуд ёфтааст.

Ба эҷоди шеър аз аввали солҳои ҳафтодуми асри гузашта оғоз кардааст. Намунаҳое аз осораш дар рӯзномаву маҷаллаҳои «Тоҷикистони Советӣ», «Маориф ва маданият», «Омӯзгор», «Анбоз», «Зангӯла», «Машъал», «Чашма», «Истиқбол» ва баёзу тазкираҳо, китобҳои дарсӣ ва маводи ёрирасони таълимӣ дарҷ шудаанд.

Асосан барои кӯдакону наврасон менависад. Ашъораш дар маҷмӯаҳои «Қатраҳо» (1985), «Баҳори Зидеҳ» (2003), «Обшори Зидеҳ» (2004), «Куртаи баҳор» (2006), «Шамоли сафҳагардон» (2012) интишор ёфтаанд.

Аз соли 2009 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.