Суханрониҳо дар Конфронс. Муҳаммаддовуд Саломиён. Вижагиҳои маъноии воҳидҳои фразеологӣ дар ғазалиёти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ
Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ машҳур ба Мавлавӣ яке аз бузургтарин шоирони адабиёти классикии форсу тоҷик аст, ки осори гаронбаҳояш зиннатафзои адабиёти ҷаҳонӣ гардидааст. Осори ин шоири суханвару суханшинос дар тӯли қарнҳои зиёде барои тарбияи инсони комил ва худшиносию худогоҳӣ хизмат карда, инсонро ба роҳи рост ба зебоишиносию дарки маънии баланди сухан ва каломи мавзун ҳидояту раҳнамоӣ кардааст.
Паҳлуҳои гуногуни осори ин нобиғаи адабиёти тоҷик аз ҷониби муҳаққиқи барҷастаи забони тоҷикӣ М.Н. Қоcимовa дaр китобҳои «Чор унcур. Мaъниофaринӣ. Кaлимacозӣ (дaр acоcи мaводи «Мacнaвии мaънaвӣ»)», «Вожaи БAД:, мaъно, кaлимacозӣ, вaзифaҳои грaммaтикӣ» ба таври хеле густарда мавриди пажуҳиш қарор дода шудааст. Ҳамчунин, муҳаққиқони дигар чун Ш. Кабиров, С. Анварӣ, С. Сабзаев, Х. Кабиров ва дигарон аз дидгоҳҳои гуногуни илми забон паҳлуҳои гуногуни ашъори Мавлавиро мавриди таҳқиқу таҳлил қарор додаанд.
Ҷалолуддини Балхӣ дар ғазалиёти дилошӯбу мондагори худ ҳамеша талош бар он кардааст, ки аз тамоми имкониятҳои маъноии вожаҳои захираи луғавии забони тоҷикӣ ба таври васеъ истифода намояд ва афкори шоиронаи худро тавассути забони шевою форам ва гӯшнавози тоҷикӣ иброз намояд.
Ифодаи воҳидҳои фразеологӣ дар забони шеъри ниёгони адабиёти классикии форсу тоҷик яке аз муҳимтарин унсури луғавию услубӣ ба шумор рафта, инъикоскунандаи таҷрибаи таърихии соҳибони забон, офарандагони адабиёт, таърих, фарҳанг, урфу одат, расму оин, муносибату муошарат, иҷтимоиёт ва муайянкунандаи қонуниятҳои таърихии раванди инкишофи забону ҳолати руҳии соҳибзабонон ва маҳорату истеъдоди суханварию суханшиносии аҳли адаб ба шумор меравад. Ин воҳиди забонӣ бо хусусиятҳои лингвистӣ ва ташаккулу ифодаи маъноии худ дар забон мавқеи хосае дошта, ҷараёни ташаккулёбии онҳо давраҳои гуногуни таърихиро паси сар намуда, сохтори ягонаи тақсимнопазир ва ифодаи маънои муассирро касб намудааст. Дар воҳидҳои фразеологӣ, пеш аз ҳама, калима нақши калидӣ дорад, зеро ҳадафи асосии воҳиди фразеологӣ низ чун калима барои ифодаи маъно нигаронида шудааст, вале дар ин маврид ду ё зиёда калимаҳо ба ҳам марбуту махлут мегарданд, ки дар ин маврид яке аз калимаҳои таркиби воҳиди ташаккулёфта аз доираи истеъмоли маъмулии худ берун мебарояд ва дорои тобиши ҳиссию муассирӣ мегардад. Дар ин маврид воҳиди мазкур аз лексема ба фразема табдил меёбад ва боиси бунёди воҳиди фразеологӣ мегардад.
Матни комили маърӯзаи профессор Муҳаммаддовуд Саломиён.
”Вижагиҳои маъноии воҳидҳои фразеологӣ дар ғазалиёти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ”