Тақдими 228 китоби Институти Гёте дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Китобхонаи миллӣ

Институти ГётеДирӯз дар доираи Ёддошти тафоҳум миёни Институти Гёте дар Узбекистон ва Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Прездиенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Китобхонаи миллӣ  Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федералии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Йорк Шуграф ва директори Институти Гёте дар Ӯзбекистон хонум Марен Нимейер ташриф оварданд.

Инчунин ҳайати меҳмононро сардори шуъбаи иттилооти Институти Гёте Гавҳар Зокирова ва корманди ҳамин шуъба Дилором Исматуллоева ҳамроҳӣ намуданд.

Ин вохӯрӣ бо ибтикори шуъбаи робитаҳои байналмилалии Китобхонаи миллӣ сурат гирифт ва зимни ин сафар Институти Гёте дар Узбекистон ба Китобхонаи миллӣ 228 китоб тақдим намуд.

Меҳмонони олиқадрро муовини аввали директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Салима Раҷабзода ба ҳузур пазируфт ва аз номи директори Китобхонаи миллӣ, доктори илми педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода хуш омадед гуфта, изҳор дошт, ки Институти Гёте дар  Узбекистон аз соли 2012 бо Китобхонаи миллӣ ҳамкорӣ дорад ва аз тариқи Сафорати Олмон дар Тоҷикистон ба гӯшаи Олмон дар шуъбаи ададбиёти хориҷии Муассиса пайваста китобҳои тозанашр ворид мегардиданд.

Салима РаҷабзодаМуовини якуми директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабзода ба сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкориҳои судманд изҳори сипос намуд.

Гавҳар Зокирова, сардори шуъбаи иттилооти Институти Гёте дар Узбекистон ва корманди ҳамин шуъба Дилором Исматуллоева китобхоинаи Институти Гёте дар Узбекистонро муаррифӣ намуданд.

Пас аз мулоқот дар шуъбаи адабиёти хориҷии Китобхонаи миллӣ намоиши китобҳои тауҳфашуда баргузор гардид.

Гуфтанист, ки 21-уми марти соли 2024 ваколатдори махсуси Вазорати корҳои хориҷии Олмон оид ба Аврпои шарқӣ, Осиёи Марказӣ ва Қафқози ҷанубӣ ҷаноби Конрад фон Штрауссенбург ба Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард ва бо директори Китобхонаи миллӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода мулоқот кард. Дар ҳамин дидор доир ба ҳамкориҳои оянда миёни Китобхонаи имллӣ ва Институти Гёте санади ҳамкорӣ ба имзо расида буд.

Ёҳан ВолфганМаврид ба ёдоварист, ки Институти Гёте ё Муассисаи Гёте, ки ба номи шоири маъруфи Олмон Ёҳан Волфган Гёте номгузорӣ шудааст, созмонест, ки вазифаи он густариши забон ва фарҳанги олмонӣ дар берун аз марзҳои ин кишвар аст.

Аз 157 маркази ин муассиса 12 адади он дар дохили Олмон ва 145 марказ дар хориҷ аз Олмон қарор дорад. Дар доираи фаъолиятҳои педагогӣ ин ташкилоти бонуфуз инчунин барои давом додани омӯзиши забони олмонӣ маводҳои бешумореро низ барои донишомӯзон пешниҳод мекунад.

Раҳима Аъзам, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.