Табиат дар гуфтумонҳо ва боварҳои мардум. ЗАЙТУН

Замоне худогунаҳои Руми қадим Посейдон ва Афина дар мавриди беҳтарин тӯҳфа ба юнониён ба баҳс пардохтанд. Худои баҳр Посейдон соскани (силоҳи юнониёни қадим, ки аз чӯб сохта шуда, се дандона дошт) худро бардошт ва ба сари харсанги беҳосил зад ва аз он чашмаи об равон шуд. Афина бошад ба замин найза халонд ва аз он барг берун омад ва он ба дарахти зайтун табдил ёфт. Худоёне, ки ин баҳсро доварӣ мекарданд, пирӯзиро ба Афина нисбат доданд ва овардаи ӯро барои юнониён хеле арзишманд донистанд.

Ин чӣ дарахтест, ки юнониён сарвати беандоза медонистанд ва назар ба оби руҳафзо ҳам беҳтар шумарданд? Хонандагон шояд меваи дар сирко хобонидашудаи онро (чун тару тозаи онро аз сабаби талхӣ хӯрдан имкон надорад), ки зайтун меноманд, чашидаанд. Аммо бо равғани зайтун – беҳтарин равғани рустанӣ дар олам ҳамагон ошноянд.

Он дар меваи зайтун аз 30 то 70% аст. Беҳтарину тозатарин равғанро аз меваи он бо фишори андак бе гарм кардани он мегиранд. Бо фишори нисбатан сахт ва боз ҳам сард низ равған ба даст меоранд. Онро ҳангоми тайёр кардани консервҳои моҳӣ истифода мебаранд. Ҳангоми фишори сахти гарм донаҳо фишурда мешаванд ва аз он равғани пастсифати зайтун ҳосил мешавад, ки тамъи нохӯш дорад.

Дар китоби муқаддаси масеҳиён нақл мешавад, ки вақте Нуҳи набӣ дар киштии худ аз тӯфон наҷот ёфт, кабутарро ба ҷустуҷӯи замин фиристод ва ӯ бо шохаи зайтун дар нӯлаш ба киштӣ баргашт. Ин ба маънои қатъи гуруснагӣ буд.

Гулчанбари зайтунро дар вазъи тантанавӣ ба ғолиби мусобиқоти Олимпиадаҳои қадим тақдим мекарданд. Аммо он гулчамбар маъмулан аз шохаҳои ҳамон зайтуне бофта мешуд, ки тибқи боварҳо гӯё худи Ҳеракл шинонда буд. Имрӯз ҳам бисёр вақт ба ғолибони бозиҳои олимпӣ ва варзишӣ гулчанбарҳои зайтунӣ тақдим мекунанд.

РИВОЁТИ АРАБӢ ДАР БОРАИ ЗАЙТУН

 Дарахтони зайтун умри дароз мебинанд, дар Фаластин синни баъзе аз онҳо то 2 ҳазор сол аст. Дар аҳди худ ба он Понтий Пилат таваҷҷуҳ карда буд ва дар замони ҳазрати Исо (ъ) зайтунҳо аллакай пешвоёни ҷангал буданд. Бо гузашти солҳо ва солманд шудани дарахт мағзи он мепӯсад ва тани онро ҷароҳатҳо ва сӯрохиҳои  морпеч фаро мегиранд. Дохили дарахти зинда пурра холӣ мешавад.

Тибқи ривоёти арабӣ ҳангои реҳлати ҷонгудози Расулаллоҳ (с) офтоб тира шуд, парандаҳо аз сурудан бозмонданд, баргҳои дарахтон парт шуданд. Танҳо баргҳои зайтун сабз монданд. Вақте дарахтони дигар бо тааҷҷуб аз вай пурсиданд, ки чаро якҷо бо онҳо дар мотам наменишинад, посух дод: “Шумо дар мотами Расули Аллоҳ (с) танҳо мӯйҳоятонро резондед, вале дар ман қалбам аз ин дард кафид!”

Ин буд чанд ривоят аз боварҳои диниву м ардумӣ дар бораи зайтун. Шумо чӣ шунидаеду хондаед?

Таҳияи Б.Шафеъ