ТАФРЕҲ. СЕ ШЕЪР АЗ ХАЙРАНДЕШ
Булбуле дар Истамбул
Булбуле дар Истанбул – остони булбулҳо,
Он қадар занад чаҳ – чаҳ, доғдил шавад гулҳо.
Одамон вале ҳаргиз з – ӯ хабар намеёбанд,
Ғофиланд ин мардум, теғ тағофулҳо.
Чеҳра банди сад чора, халқ ҳар сӯ овора,
Омили ҳазор омол, оҳ аз ин таомулҳо.
Гил ҳама дил аст ин ҷо, гул ҳама дил аст ин ҷо,
Дил ба дил мубаддал бан, оҳ аз ин табодулҳо.
Қисме анҷуман саргум, қисме анҷуман анҷум,
Ҷумла меравад мардум ҷониби таҷаммулҳо.
Масти чаҳ – чаҳи булбул ҷони булбул аст, аммо
Дигарон ҳама ғофил, банди зулфу кокулҳо.
Дар Душанбе, ай булбул, рав бихон чу Хайрандеш,
Об мешавад з – ин савт Исфаҳону Кобулҳо.
Зиёрат
Ассалом, эй дар сухан, дар шеър, дар ирфон қавӣ,
Ман зиёрат омадам бар даргаҳат, эй Мавлавӣ.
Сад салом овардамат аз халқи болооби Вахш,
Аз диёри сабзи аҷдодон, ки хуррамдил шавӣ.
Ассалом, эй шӯр дар дил, шӯр дар ҷон, марди Ҳақ,
Ҳуши ту бар савти най, шояд саломам нашнавӣ.
Маст мардум ҳамчу ман аз се китоби муътабар:
“Фиҳӣ – мо – фиҳӣ” – ву “Девони Кабир” – у “Маснавӣ”.
Нест ин ҷо муслиму кофар, ҳама ҳамҷону дил,
Ҷумла инсон баҳравар яксар зи файзи маънавӣ.
Аҳли динҳои ҷаҳон гирён ба гирди марқадат,
Бутпарасту аҳли Зардушт,исавиву мӯсавӣ.
Гар ба Хайрандеш ҳам гарде зи домонат расад,
Ҳикмати Куръон бигӯяд бо забони паҳлавӣ.
Бӯи гул
Гул аввал кам, ки буд, бӯи хӯше дошт,
Тароватбахш ҳусни дилкаше дошт.
Дигар буд чеҳраи дилҷӯи садбарг,
Ба ҳар сӯ паҳн мешуд бӯи садбарг.
Вале имрӯз гулҳо раста – раста,
Ба тақдими азизон даста – даста.
Ҳазорон шакл доранду қашанганд,
Нафису дилрабову ранг – ранганд.
Ба дунё рангагулҳо бешуморанд,
Вале онҳо тамоман бӯ надоранд.
Чаро аз бӯи гул, ёрон, дарак нест?
Муаттар з-он машоми гулпарак нест?
Магар бӯи гул аз одам рамидаст?
Магар бӯи гул аз олам рамидаст?
Худовандо, ба рағми синасардон
Ба дунё бӯи гулро бозгардон!
Аз китоби “Ҳамешабаҳор”, Душанбе, 2021
Таҳияи Барно Самиева,
мутахассиси пешбари шуъбаи маркетинг
ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ.