Тафреҳ. Се шеър аз Фурӯғи Фаррухзод

Фурӯғи ФаррухзодДАР БАРОБАРИ  ХУДО

Аз тангнои маҳбаси торикӣ.
Аз манҷалоби тираи ин дунё,
Бонги пур аз ниёзи маро бишнав
Оҳ, эй Худои қодири беҳамто.

Як дам зи гирди пайкари ман бишкоф.
Бишкоф ин ҳиҷоби сиёҳиро ,
Шояд даруни синаи ман бинӣ
Ин мояи гуноҳу табоҳиро .

Дил нест ин диле, ки ба ман додӣ,
Дар хун тапида, оҳ, раҳояш кун.
Ё холӣ аз ҳавою ҳавас дораш,
Ё пойбанди меҳру вафояш кун .

Танҳо ту огаҳиву ту медониӣ
Асрори он хатои нахустинро.
Танҳо ту қодирӣ, ки бибахшоӣ
Бар рўҳи ман сафои нахустинро.

Оҳ, эй  Худо, чӣ гуна туро гўям,
К –аз ҷисми хеш хаставу безорам.
Ҳар шаб ба остони ҷалоли ту
Гўӣ умеди ҷисми дигар дорам.

Аз дидагони равшани ман бистон
Шавқи ба сўи ғайр давиданро.
Лутфие кун, эй Худову биёмўзаш
Аз барқи чашми ғайр рамиданро.

Ишқе ман бидеҳ, ки маро созад
Ҳамчун фариштагони биҳишти ту.
Ёре ба ман бидеҳ, ки дар ў бинам
Як гўша аз сафои сиришти ту.

Як шаб зи лавҳи хотири ман биздой
Тасвири ишқу нақши фиребашро.
Хоҳам ба интиқоми ҷафокорӣ
Дар ишқи тоза фатҳи рақибашро.

Оҳ, эй Худо, ки дасти тавоноят
Бунён ниҳода олами ҳастиро.
Бинмой рўю аз дили ман бистон
Шавқи гуноҳу нафспарастиро.

Розӣ машав, ки бандаи ночизе
Осӣ шавад, ба ғайри ту рўй орад.
Рози машав,ки сели сиришкашро
Дар пои ҷому бода фурў борад.

Аз тангнои маҳбаси торикӣ,
Аз манҷалоби тираи ин дунё,
Бонги пур аз ниёзи маро бишнав
Оҳ ,эй Худои қодири беҳамто.

ЯК ШАБ

Як шаб зи моварои сиёҳиҳо
Чун ахтаре ба сўи ту меоям.
Бар боли бодҳои ҷаҳонпаймо
Шодон ба ҷустуҷўи ту меоям.

Сар то ба по ҳарорату сармастӣ
Чун рўзҳои дилкаши тобистон.
мекунам барои ту домонро
Аз лолаҳои ваҳшии кўҳистон .

Як шаб зи ҳалқае, ки ба дар кўбанд,
Дар кунҷи сина қалби ту меларзад .
Чун дар кушуда шуд,тани ман бетоб
Дар бозувони гарми ту мелағзад.

Дигар дар он дақоиқи мастибахш,
Дар чашми ман гурез нахоҳӣ дид.
Чун кўдакон нигоҳи хушамро
Бо шарм дар ситез нахоҳӣ дид.

Як шаб чу номи ман ба забон орӣ,
Мехонамат ба олами рўъёӣ.
Бар мавҷҳои ёди ту мерақсам
Чун духтарони ваҳшии дарёӣ.

Як шаб  лабони ташнаи ман бо шавқ,
Дар оташи лабони ту месўзад.
Чашмони ман умеди нигохашро
Бар гардиши нигоҳи ту медўзад .

Аз Зуҳра –он илоҳаи афсунгар
Расму тариқи ишқ меомўзам.
Як шаб чу нуре аз дили торикӣ
Дар кулбаат шарора меафрўзам.

Оҳ, эй ду чашми хира ба раҳ монда ,
Оре, манам, ки сўи ту меоям .
Бар боли ёдҳои ҷаҳонпаймо
Шодон ба ҷустуҷўи ту меоям

 ЭЙ СИТОРАҲО

Эй ситораҳо, ки бар фарози осмон
Бо нигоҳи худ ишорагар нишастаед.
Эй ситораҳо, ки аз варои абрҳо,
Бар ҷаҳони мо назорагар нишастаед.

Оре, ин манам,  ки дар дили сукути шаб
Номаҳои ошиқона пора мекунам.
Эй ситораҳо, агар ба ман мадад кунед,
Доман аз ғамаш пур аз ситора мекунам.

Бо диле, ки  бўе аз вафо набурдааст,
Ҷаври бекаронаву баҳона хуштар аст.
Дар канори ин муҳосибони худписанд
Нозу ишваҳои зергона хуштар аст.

Эй ситораҳо, чӣ шуд, ки дар нигоҳи ман
Дигар он нишоту нағмаву тарона мурд?
Эй ситораҳо, чӣ шуд, ки бар лабони ў
Охир он навои гарми ошиқона мурд?

Ҷоми бода сарнагуну бистарам тиҳӣ,
Сар ниҳодаам ба рўи номаҳои ў.
Сар ниҳодаам дар миёни ин сутур
Ҷустуҷў кунам нишоне аз вафои ў.

Эй ситораҳо, магар шумо ҳам огаҳед
Аз дурўию ҷафои  сокинони хок?
Ки инчунин ба қалби осмон ниҳон шудед,
Эй ситораҳо, ситораҳои хубу пок.

Ман, ки пушти по задам ба ҳар чӣ буду нест,
То ки коми ў зи ишқи худ раво  кунам.
Лаънати Худо ба ман, агар ба ҷуз ҷафо
З-ин сипас ба ошиқони  бовафо кунам.

Эй ситораҳо, ки ҳамҷу қатраҳои ашк,
Сар ба домани сиёҳи шаб ниҳодаед.
Эй ситораҳо, к-аз он ҷаҳони ҷовидон
Равзане ба сўи ин ҷаҳон кушодаед.

Рафтаасту меҳраш аз дилам намеравад,
Эй ситораҳо, чӣ шуд, ки ў маро нахост?
Эй ситораҳо, ситораҳо, ситораҳо,
Пас диёри ошиқони ҷовидон куҷост?

Аз китоби Фурӯғи Фаррухзод “Куллиёти ашъор”.  Баргардони Исмоили Зарифӣ. Душанбе, 2020.

Таҳияи Зебонисо Давлатова,
мутахасси шуъбаи маркетинг
ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ.