Китоби нав. “Технологияи истеҳсолоти мошинсозӣ”

Технологияи истеҳсолоти мошинсозӣМуаллифони ин китоб Р.Азизов, И.Мирзомиддинов ва И. Мирзоалиев мебошанд ва он соли ҷорӣ дар нашриёти “Ношир”-и Хуҷанд  чоп шудааст. Дар китоб усулҳои коркарди механикии рӯяҳои ҷузъиёти мошинҳо, аз он ҷумла:коркарди рӯяҳои устувонашакли беруна ва дохилӣ, рӯяҳои ҳамвор муқарнас, чархҳои дандонадор ва ғайра дида баромада шудаанд. Оиди технологияи равандҳои васлкорӣ маълумоти муфасал дода шудааст. Ба масъалаҳои баланд бардоштани маҳсулнокии истеҳсолот диқати ҷиддӣ дода шуда,принсипҳои тарҳрезии равандҳои технологии пурмаҳсули коркарди механикии  ҷузъиёт ва васлкории мошинҳо баён карда шудааст.

Масъалаҳои поягузорӣ ва шинондани ҷузъиёт ҳангоми коркард дар дастгоҳҳо, дақиқии коркард, интихоби ҷузъиёти нимасохт,  акс ёфтаанд. Асосҳои меъёрбандии техникӣ, припускҳо ва тарзи ҳисоби онҳо ва ҳамзамон усулҳои коркарди механикии рӯяҳои ҷузъиёт ҳангоми ҳалли масъалаҳои тартиб додани равандҳои технологӣ ба ҳисоб гирифта шудаанд.

Тавсифи равандҳои технологии коркарди механикӣ бо маводҳои тасвирӣ шарҳ дода шудаанд.

Китоби дарсӣ барои омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ пешбинӣ шуда, дар шароити истеҳсолот, ҳангоми тарҳрезии равандҳои технологии коркарди механикӣ ва васликории мошинҳо, ҳамчун дастур тавсия карда мешавад.

Гулрӯ ИСМОИЛОВА