Тағйири реҷаи корӣ шумораи хонандагонро дар толорҳои хониш зиёд кардааст (ВИДЕО)
Инак, як моҳ аст, ки Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон реҷаи кории худро ба нафъи хонандаҳо тағйир додааст. Маъмулан ҳар сол чунин аст. Сар аз моҳи май Китобхона ба реҷаи кории тобистона мегузарад ва соати фаъолияти рӯзонаи худро дарозтар мекунад.
Акнун панҷ рӯзи аввал ҳафта дарҳои ҳама толорҳои хониш барои хонандагон аз соати 08:00 то 21:00 боз аст.
Рӯзҳои шанбе ва якшанбе бошад, хонандагон имкон доранд аз соати 08::00 то 20:00 аз хидматрасониҳои толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ истифода кунанд.
Ин реҷаи корӣ то охири моҳи сентябр боқӣ хоҳад монд.
Албатта, бо чунин реҷаи корӣ устодону донишҷўён, омўзгорону талабагон, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва идораҳо барои баъди дарс ва ё анҷоми кор имконияти ба Китобхона омаданро пайдо менамоянд.
Наворе, ки ҳоло пешкаш мешавад, дар яке аз рӯзҳои истироҳати охир дар толорҳои хониши шуъбаи хизматрасонӣ ба истифодабарандагони Китобхонаи миллӣ наворбардорӣ шудааст.
Бибираъно Ҷӯраева,
муовини сардори шуъбаи хизматрасонӣ
ба истифодабарандагон