Таҷлил ҷашни бошукӯҳи Наврӯз барои аъзоёни фаъоли шӯъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд
Ба ифтихори Наврӯзи хуҷастапай ширкати Rukh agancy 50 нафар аъзоёни шӯъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллиро ба намоиши наврӯзии Сирки давлатӣ бурд.
Ба гуфтаи роҳбари ин ширкат Рухшона Мирзоширинова ӯ ҳамчунин аз Хонаи маъюбон, Хонаи пиронсолон, Муассисаи давлатии кӯдакони ношунаво ва камбизоат, кӯдакони Мактаби рассомии назди Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе дар умум 120 нафарро ба барномаи мураттабшудаи наврӯзӣ даъват кардааст.
Ин амали шоиста тӯҳфаи наврӯзӣ баҳри ин ашхос гардид.
Дар барномаи сирк Бобои деҳқон, Маликаи наврӯз, ҳунармандону акрабатҳо ва ҳайвонҳо ҳунарнамоӣ намуда, хотири меҳмононро шод гардонданд.
Дар намоиши мураттабшудаи идона Наврӯзи байналмиллалӣ ва дигар оинҳои мардуми Тоҷик тавсиф шуд. Бозӣ бо сагон, бозӣ бо маймун, бозӣ бо хирс барои бинандагон ҷолибу хотирмон буд.
Аълочии фарҳанги Тоҷикистон Вафоҷон Изатуллозода, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон Шаҳноза Ҷабборова ва дигар ҳунармандону дорбозон бо ҳунарнамоияшон дили ҳаводоронашонро шод намуданд.
Ёдовар мешавем, ки 21- уми март инчунин Рӯзи умумиҷаҳонии синдроми дауна мебошад ва шахсони дорои ин беморӣ низ дар намоиши сиркӣ ширкат доштанд. Зикр гардид, ки таваҷҷуҳи ҳукумату давлати кишвар ва бахусус Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин табақаи ниёзманди ҷомеа зиёд буда, аз ғамхориву дастгириҳои роҳбари давлат бархӯрдоранд.
Ҳамзамон дар бинои Сирки давлатӣ намоиши ҷамъиятии “Боварӣ ба фардо” ва “Дилҳои кушода” баргузор шуд.
Ровии ин барномаи ҷашнӣ барои мардуми кишвар соли хушу хуррам ва шодмониву меҳру муҳаббат орзу намуд.
Нигар ҷашни мо рӯи дунё гирифт,
Ба ҷону дили халқ маъво гирифт.
Раҳима АЪЗАМ,
бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа