Таҷлили 75-солагии профессор Нафисахон Юнусова дар як ҳамоиш дар Китобхонаи миллӣ
Имрўз дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзўи «Технологияҳои инноватсионӣ дар системаи таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон: Вазъият ва дурнамо» бахшида ба 30-солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва 75-солагии доктори илмҳои педагогӣ, профессор Нафисахон Юнусова баргузор гардид. Дар он директори Китобхонаи миллӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода, муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамад Сафармамадзода, мудири кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи Донишгоҳи миллӣ, профессор Абдусалом Мирализода ширкат ва суханронӣ намуданд.
Конфронсро муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамад Сафармамадзода оғоз намуда, дар бораи хидматҳои шоёни донишманди маъруф Нафисахон Юнусова маълумот дод.
Директори Китобхонаи миллӣ профеесор Ҷумахон Файзализода зимни суханрониаш гуфт, ки мо шогирдон муаллимаи азиз Нафиса Юнусоваро хуб мешиносем, аз хислатҳои наҷибонаи ў, меҳнатдўстӣ ва бо дониши васеву таҷрибаи бойи педагогии эшон хабар дорему эҳтиром низ қоилем. Агар мо бихоҳем муфассалу мукаммал қаламро руйи коғаз бикашему аз рўзгору фаъолият ва ҷодаи илми муаллимаи азиз чакомае иншо бинамоем, моро зарур меояд, ки назаре ба 50 соли умри ў дошта бошему ҳар соли онро қисса андар қисса васф намоем.
Муаллимаи азизи мо Н.М. Юнусова дар таҳқиқ ва таълими шохаҳои гуногуни илми педагогика усулҳои навро ҷустуҷў мекунад ва ба шогирдони сершумори худ – аз донишҷўён то олимон – олимона ва оқилонаву модарона панд медиҳад.
Ба андешаи Директори Китобхонаи миллӣ доктори илми педагогӣ, профессор Юнусова Нафисахон панҷоҳ сол боз ба кори пурмашаққат, вале пуршарафи илмӣ, тарбияи ҷавонон, тайёр кардани кадрҳои лаёқатманд дар соҳаи педагогикаи тоҷик машғул аст. “Дили бисёр нарму пурмеҳр, ҳисси баланди одамдўстӣ доранд. Сўҳбаташон доимо гарм ва руҳпарвар аст. Ҳар кас дар ҳузурашон худро озод ҳис мекунад, дар хусуси илм ва масъалаҳои зиндагӣ фикру андешаи худро бо майли тамом ба миён мегузоранд”,- гуфт ӯ.
Сардори Раёсати илм ва инноватсияи вазорати маориф ва илм номзади илмҳои техникӣ Сироҷиддин Ниёзӣ иброз дошт, ки миннатдории самимии хеш ва вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Саидзода Раҳим Ҳамроро ба роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мерасонам.
Ў дар идомаи суханонаш афзуд, ки ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф ва илмро яке аз самтҳои афзалиятнок ҳисобида, пайваста ҷиҳати рушду густариши ин соҳаи ҳаётан муҳим тадбирҳои саривақтӣ андешида истодааст. Пешрафти давлат ба илму техника вобастагии зиёд дорад. Дар навбати худ пешрафти илму техника аз таҳқиқотҳои илмӣ низ вобастагии зич дорад. Бинобарин ташкил намудани чунин конфронсҳои илмӣ-амалӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ айни муддаост.
Дар давоми суханрониаш ў профессор Нафиса Юнусоваро аз номи роҳбарияти Вазорати маориф ва илми кишвар табрик намуда, ба ӯ умри бобаракат, тансиҳатӣ, хушбахтии хонадонро таманно намуд.
Фаъолияти беш аз 50-солаи муаллима Нафисахон Юнусова гувоҳи он аст, ки ў илми моро на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар миқёси ҷаҳон муаррифӣ кардаанд,- иброз дошт ӯ.
Доктори илмҳои педагогӣ, профессор, мудири кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи Донишгоҳи миллӣ Абдусалом Мирализода гуфт: Яке аз олимони маъруфи даврони истиқлол раиси шӯрои диссертатсионӣ оид ба педагогика ва психология, директори иҷроияи Маркази Ёрии психологии ҷумҳуриявиро ба ҷашни камолот ва фаъолияти пурсамар аз номи кафедраи педагогика ва психологияи Донишгоҳи миллӣ табрик менамоем. Муаллимаи муътабар тамоми ҳаёташро баҳри баланд бардоштани илму маърифтаи халқ бо омода намудани мутахассисони болаёқат дар илм бахшида, инчунин даҳхо оилаҳои носолими ҷомеаро бо лаҳни фораму тавсияҳои модарона дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон тарбия кардааст.
Дар нишаст таъкид гардид, ки доктори илми педагогӣ, профессор Нафисахон Юнусова панҷоҳ сол боз ба кори пурмашаққат, вале пуршарафи илмӣ, тарбияи ҷавонон, тайёр кардани кадрҳои арзандаи соҳаи педагогикаи тоҷик машғул аст. Пешаи омўзгориро Нафиса Юнусова хеле барвақт интихоб кардааст. Ў соли 1970 ба факултаи педагогикаи Донишгоҳи омўзгории ба номи К. Ҷураев (ҳоло ДДОТ ба номи С.Айнӣ) дохил шуда, соли 1974 онро бомуваффақият хатм намуд. Аз соли 1974 дар ҳамин Донишгоҳ ҳамчун аспиранти кафедраи психология фаъолият кардааст. Аз рўзҳои нахустини фаъолияти муаллимӣ меҳри касби педагогӣ дар замири ў ҷо гирифт ва муаллимаи ҷавон ба кору таълиму тарбия бо дили гарму дасти часпон пардохт. Аз он солҳо ним аср гузашта бошад ҳам, ин омўзгори ҳақиқӣ ҳоло ҳам бо ҳавсалаи тамом ба тарбияи шогирдон машғул аст.
Раҳима Аъзам,
бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа.