Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар Китобхонаи миллӣ

Рӯзи-Қувваҳои-мусаллаҳДар Китобхонаи миллӣ ҷашни Артиши миллӣ бо шукӯҳ барпо гардид. Маҳфил бо ибтикори шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангии Китобхона сурат гирифт. Дар ин ҷамъомад муовини директори Китобхонаи миллӣ Ҷалолуддин Нурзода, Раиси Иттиҳоди интернатсионалистони собиқадори Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Мирзоев, подполковники Гвардияи миллӣ Фарҳод Музаффариён, майори Гвардияи миллӣ Достон Муминзода, сарбозон ва кормандони Китобхонаи миллӣ зуҳур пайдо намуданд.

Ҷалолуддин Нурзода маҳфилро бо суханони табрикӣ оғоз намуда, иброз дошт, ки ҳар кишвар дорои артиши худ аст, вале Артиши миллии Тоҷикистон замоне таъсис дода шуд, ки вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар дар ҳолати ноором қарор дошт ва низомиёни касбӣ ҳам дар кишвар кам буданд. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ сарфи назар аз он, ки кишварро вазъи печидаи ҳарбӣ- сиёсӣ ё худ муноқишаҳои дохилӣ фарогир буд, Тоҷикистони тозаистиқлол ба таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи худ шурӯъ намуд. Вале барои бунёди он заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт. Яъне ташкили Артиши милллии мо дар замини холӣ аз сифр шуруъ шуд.

18- уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор “Дар бораи таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба имзо расид.

Рӯзи-Қувваҳои-мусаллаҳҲамин тариқ, 23- юми феврали соли 1993 дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе бори нахуст сафороии ҳарбӣ баргузор гардид.

Фарҳод Музаффариён дар маҳфил суханронӣ кард ва гуфт, ки имрӯзҳо ба ташкилёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дастоварди беназири даврони истиқлолият мебошад, 31 сол сипарӣ мешавад. Дар арафаи ин ҷашни пуршукӯҳ шумо ва ҳомиёни Ватанро самимона табрик мегӯям. Артиши миллӣ дар давраи басо мушкил ва муноқишаҳои сиёсӣ таъсис ёфта, тавонист давлати навбунёди тоҷикон ва сохти конститутсионии онро муҳофизат намояд. Таърихи таъсис ва бунёдгузории Артиши миллиро варақгардон карда, мо дар ҳар як амал ва дар ҳар як падидаи нек ғамхориву таваҷҷуҳи ҳамарӯзаи раҳбарияти олии мамлакат, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар боби тақвияти артишу таъминоти моддиву техникии он эҳсос мекунем.

Шавкат МирзоевШавкат Мирзоев – Раиси Иттиҳоди интернатсионалистони собиқадори Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳозиринро ба ин рӯзи фараҳбахш таҳният гуфта, аз аҳамият ва дастовардҳои Артиши миллӣ сухан ронд ва барои мардони Ватан, мардонагӣ, далерӣ ва дар ҳифзи марзу буми кишвар барор орзу намуд.

Зикр гардид, ки Артиши милли Тоҷикистонро қисму воҳидҳои гуногун пурраву мукаммал мегардонанд. Ҳар як аз ин воҳидҳо вазифаҳои муҳими хидматӣ ва давлатиро ба зимма дошта, баҳри ҳифзу мудофиаи Ватани азиз, ободию осоиш бо иҷрои намунавии вазифаҳои хидматӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Ширкатдорони маҳфил иброз намуданд, ки имрзӯҳо бо шарофати кӯшишу заҳматҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии Тоҷикистон дар ҳоли рушду тараққиёт қарор дошта, пурқувват гардидааст. Тибқи андешаи коршиносони ҷаҳониву минтақавии соҳа Артиши миллии Тоҷикистон, бинобар ҷангдида ва корзмуда будан, аз қудратмандтарин қувваҳои мусаллаҳи минтақа шуморида мешавад.

Раҳима Аъзам, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.