Дафтарҳои ҳудудан садсолаи шуъбаи мукаммалгардонии фонд

мукаммалгардонииУтоқе, ки дараш пӯшида, касе ба он ҷо намедарояду дар он ҷо касе кор намекунад. Аз забони ҳамкоронамон фақат як ном –“инвентархона мушунидаму ҳеҷ пурсон намешудам,  ки дар куҷост? Бо гузашти рӯзҳо  чун кам – кам дар бораи калимаи «Инвентархона» пурсон шудан гирифтам, ба ман ҳамон утоқи доим дараш пӯшидаро нишон доданд. Вақте наздик шудам, то бидонам дар он ҷо чи нигоҳ дошта мешавад, лек дараш  баста  буд. Хостам донам, ки дар он утоқ чист, аммо касе бароям маълумоти мехостаамро дода наметавонист. Ман ҳам, ки корманди нав будам, аз ин зиёд барои донистан ҷуръат намекардам…

Рӯзе тасодуфан сардори шуъбаро дар он ҷо дидам, ки саргарми коре буданд, пурсидам, ки дар ин дафтарҳо чи навишта  шудааст, муаллима? Дар ҷавоб гуфтанд: ҳамон китобҳое, ки аз соли  1930 то инҷониб вориди китобхона гаштаанд, дар ин дафтарҳое, ки дида истодаӣ, ба қайд гирифта шудаанд.

Боз суол кардам, ҳамон дафтарҳое, ки ҳамкоронамон навишта истодаанд, дар ҳаминҷо нигоҳ дошта мешавад? Каме хомӯш истода, “бале” гуфтанд.

Дигар шарм доштам, ки пурсам, чун ҳамоно бароям чандон рӯшан набуд, гумонам ин буд, ки посухи қонеъкунанда нагирифтам. Боз рӯзе муаллимаро ҳамроҳии чанд ҳамкорамон дар «Инвентархона» дидам, ки машғули коре ҳастанд. Салом дода дохил шудам ва дидам, ки дар даст рӯйхати зиёде доранд ва онҳоро бо дафтарҳо муқоиса мекунанд. Ҳисси кунҷкобиам боло гирифт ва пурсидам, ки инҳо чӣ ҳастанд? Шумо чӣ кор карда истодаед?

– Инҳо рӯйхати китобҳои фондҳоянд, ки муқоиса мекунем.

Пас аз он ҷо берун шуда, ба худ гуфтам, ки ин дафтарҳоро ҳуҷҷат ҳам гӯем хато намекунем, зеро ҳамаи китобе, ки дар китобхона аст, маҳз дар ҳамин дафтарҳо сабт шудааст. Тасаввур кунед, аз соли 1930 ин гуна дафтарҳо дар ҳамин утоқ нигоҳ дошта мешаванд. Ва ин дафтарҳо ба сари худ як таъриханд, ҳоло вақт бояду касе бо ҳавсала онҳоро мурур кунад, чиҳое намеёбад… Исму имзои касоне, ки ҳоло дигар дар қайди ҳаёт нестанд, аввалин китобҳои ворида, аввалин тарзу усулҳои шиносонидани китобҳо…

мукаммалгардонииВа аз дил гузаронидам, ки беҳуда нест, ки шуъбаи мукаммалгардонии фондро яке аз муҳимтарин шуъбаҳои китобхона меноманд. Зеро зеро вуруди ҳамаи маводи чопӣ аввал дар ҳамин шуъба сабт мешавад.

Шуъбаи мукаммалгардонӣ барои таъмини адабиёти зарурӣ мусоидат карда, воридшавии онҳоро назорат менамояд. Тамоми маводҳои чопие, ки дар фонди Китобхонаи миллӣ аст, сараввал ба шуъбаи мукаммалгардонӣ ворид шуда, баъдан  ба шуъбаҳои дахлдор равона мегардад. Кормандон китобҳои туҳфа аз шахсони алоҳида, аз муаллифон, нусхаҳои ҳатмӣ, аз аҳолӣ ҷамъоваришуда ва сарчашмаҳои гуногунро қабул намуда, маълумотнома пешниҳод менамоянд. Баъди қабул ҳамаи кормандон дастаҷамъона китобҳоро аз назар гузаронда ба солҳо ҷудо мекунанд, то барои бо феҳристи шуъба муқоиса намудан осон гардад. Дар ҳар як қуттӣ феҳристи сол ва номи нашриётҳо гузошта шудааст, ки аз рӯйи он китобҳоро муқоиса карда, аз кадом номгӯи китобе ҳаст ва боз чанд нусхае, ки ворид шудааст, дар  баргаҳо қайд мекунанд ва китобеҳое, ки дар феҳрист нест ва барга надоранд, барои онҳо баргаи нав тартиб медиҳанд. Сипас, муҳр мезананд, часп мебанданд ва рамзбандӣ карда, дар дафтари инвентарӣ ба қайд мегиранд

Дар шуъба бахши «Таҳлил ва ташхиси адабиёт» низ фаъолият дорад, ки кормандони бахш китобҳои воридшударо таҳлилилу ташхис мекунанд то ба талаботи китобхона ҷавобгӯ бошад, баъдан барои коркард пешниҳод мекунанд. Рӯзномаву маҷаллаҳои обунавӣ, нусхаҳаи ҳатмӣ, сарчашмаҳои гуногун, рӯзномаҳои ноҳиявиро қабул намуда, муҳр гузошта, дар баргаҳо рақамгузорӣ карда, дар шакли электронӣ ворид месозанд. Дар давраи ҳисоботӣ тамоми хуҷҷатҳои дахлдорро барои обунаи рӯзномаю маҷаллаҳои  ватанӣ ва хориҷӣ омода сохта, дар ҳамкорӣ бо КВД «Почтаи  тоҷик» воридшавии онҳоро назорат мекунанд.

Рисолаҳои илмӣ ва авторефератҳоро бошад, дар шакли чопӣ қабул карда, ба муаллифон маълумотнома дода, дар дафтар ба кайд мегиранду барга навишта муҳр мегузоранд. Инчунин китобҳои тозанашри туҳфа аз муаллифон, нусхаҳои ҳатмӣ ва туҳфа аз шахсони алоҳида, ки зиёда  аз  100 нусхаро дар бар мегирад, барои ба сомонаи китобхона гузоштан мавод омода менамоянд. Ҳамчунин барои семоҳа, шашмоҳа, нуҳмоҳа ва солонаи вуруди китоб гузориш омода мекунанд.

мукаммалгардонииКори шуъбаи мукаммалгардонӣ аз гуфтаҳои  боло боз ҳам ҷиддӣ буда, масъулияти бештарро талаб мекунад. Шуъба тасмим гирифт, ки соли 2024 тибқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Номӯйи гирандагони нусхаҳои ҳатмии ройгони ҳуҷҷаҳо», ки Китобхонаи миллӣ яке аз гирандагони нусхаҳои ҳатмӣ мебошад, ба тамоми корхонаҳои дорои маводи чопӣ, аз он ҷумла фаъолияти ноширӣ, корхонаҳои полиграфӣ ва рӯзномаю маҷаллаҳои давлатию мустақил мактуб равон кунад. Инчунин баъди тақсим намудани мактубҳо назароти онро ҷиддан ба роҳ монад.

Кормандони шуъба ва бахш уҳдадор шудаанд, ки минбаъд аз рўйи мактубҳои тақсимнамудаашон воридшавии саривақтии адабиёти тозанашрро бе назорат нагузошта, барои ғанӣ гардонидани фонди китобхона кӯшиш намоянд. Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.