Таърих. Чанд маълумот дар бораи “падари демократияи Афина Клисфен”
Клисфен соли 570 то мелод дар Афина таваллуд ёфтааст. Ҳуқуқшинос, сиёсатмадор ва ислоҳатгари Юнони Бостон буд. Клисфен фарзанди Мегакл ва Агариста, аз ашрофзодаҳои Алкмеонид ва архонт (мақоми олӣ дар полисҳои Афина; 525-524 то мелод) буд. Ў ба ҳаракати зидди низоми золимонаи Писистратос (Peisistratos) роҳбарӣ ва мустабид Ҳиппиасро сарнагун карда (соли 510) роҳбари давлат шуд.
Аммо рақиби ў Исағурас Клисфенро аз ҳукумат дур кард ва ў муддате дар гурезагӣ ҳаёт ба сар бурд. Солҳои 508-506 то мелод Клисфен бо ҷонибдории аҳолии миёнаҳол ва демократҳои Афина боз дубора ба тахт нишаст.
Дар замони ҳукмронии Клисфен соли 570 то мелод намояндаи Афина ба Артафернес (Artaphernes; бародари Дориюши 1, яке аз сатрапҳои Ҳахоманишиён дар Осиёи Хурд) нома фиристода, барои пешгирии ҳуҷумҳои Спарта эрониёнро ба ёрӣ даъват кард.
Баъд аз ғалаба бар Исағурас Клисфен ислоҳот гузаронида, ба сохти конститутсиониву демократия дар Афина асос гузошт (508 то мелод). Ў ин ислоҳоташро «изономиа» («isonomia» – iso – баробарӣ, «nomos»-қонун) номид. Муаррихон ўро «падари демократияи Афина» номидаанд.
Клисфен давлати ягона ва мустақили Юнонро созмон дод, аммо дар бораи ҳаёту фаъолияти ў пас аз ислоҳоташ дар ҳеҷ манбаи таърихӣ хабаре нест.
Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2022. – Ҷ.10. – С. 250.
Муаллиф: Ф. Тоҳиров, М. Матробов.
Таҳияи Ҳусния Назарова
Корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ.