Таърихи адабиёти ҷаҳон.   Мухтор Авезов  (1897-1961)

Мухтор Авезов  дар таҳқиқоти адабии худ аз забони форсии тоҷикӣ низ  ғофил набудааст. Ў борҳо   дар мақолаҳо  ва рисолаҳояш аз таъсири  таърихии забон ва адабиёти форсии тоҷикӣ ба забон ва  адабиёти қазоқӣ сухан рондааст. Ў дар асараш «Аҳвол ва осори Абай»  менависад»: «Абай ба афсонаҳо  ва ҳамосаҳои диннӣ ва қаҳромонии араб ва Эрон ошноӣ дошт. Фирдавсӣ, Низомӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Навоӣ ва Фузулиро мешинохт ва гоҳо дар ибтидои кори худ аз онон пайравӣ мекард. Аввалин бор тавассути Абай буд, ки шеъри арўзӣ ба ҳамроҳии вожаҳои арабӣ ва форсӣ вориди шеъри қазоқ гардид».

Дар таърихи  тамаддуни  ҷаҳонӣ  ва   ҳолати  хатарноки  давлату  кишварҳо   бисёрҳо шуда, ки фарзандони содиқ ва сарсупурда рўи кор меоянд ва барои наҷоти миллату кишвари хеш бурдборона ҷадал менамоянд. Мухтор Авезов барои миллати парешони қазоқ аз зумраи ҳамин истеъдодҳои  фитрӣ буда, дар замони гирудори инқилобҳо дар замини паҳноври қазоқ нури маърифат пошидааст.

          Нависандаи  бузурги қазоқ лауреати мукофоти Ленинӣ ва Давлатӣ, аъзои ҳақиқии АИ Қазоқистон Мухтор Умархонович Авезов   28 сентябри соли 1897 дар райони  ҳозираи Абай, вилояти Семипалатинск таваллуд ёфтааст.

         Авули   Мухтор Авезов ба авули шоир ва маорифпарвар Абай  хеле наздик буд ва бобои нависанда Авез бо Абай дўстии мустаҳкам дошт. Аз ҳамин сабаб Мухтори наврас ба шеъру шоирӣ аз ҳамон вақтҳо муҳаббат пайдо  кард. Авезбобо набераҳои худ ва  фарзандаш Умархонро  маҷбур мекард, ки шеърҳои Абайро аз ёд кунанд. Дертар Мухтор Авезов дар ёддоштҳои худ қайд мекунад, ки ман маънии он шеърҳоро дар бачагиам намефаҳмидам. Татяна кӣ буд, Онегин кӣ буд – намедонистам. Вале   ҳам шеърҳои Абай  ва ҳам мактубҳои Татянаро ба  Онегин, ки Абай навишта буд, ҳифз мекардам. Онҳо ҳофизаи маро мустаҳкам менамуданд, малакаи  шеъргўӣ ва шеърхонии  маро қавӣ сохтанд.

     Мухтор Авезов аввал дар мактаби кўҳна, баъд дар мадрасаи Семипалатинск таҳсил кард. Чанд муддат  дар мактаби русии маҳаллӣ таҳсил карда,  забони русиро омўхт. Баъди ғалабаи Инқилоби Октябр Мухтор Авезов факултети шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Ленинградро хатм кард ва баъд дар Тошканд аспирантураро хатм намуд. Ба ҳамин  тариқ, ў  аз ҷавонии худ сар  карда, ҳамчун  адиб ва олим ташаккул меёфт. Дар  солҳои аввали Ҳокимияти Шўравӣ солҳои  1918-1925 Мухтор Авезов  вазифаҳои гуногуни давлатиро иҷро кард. Ў котиби сулҳ, раиси ҷамоати  район, шаҳр ва монанди инҳо буд. Дертар тамоман ба кори эҷодӣ, омўзгорию илмӣ машғул гардид. Дар Донишгоҳи  давлатии Қазоқистон аз фолклори қазоқ ва адабиёти пеш аз инқилобии он дарс мегуфт. Як муддати муайян дар  Донишгоҳи  давлатии Москва курси махсуси  «Адабиёти халқҳои СССР»-ро таълим дод ва то охири умри худ 27.VI.1961 мудири  сектори фолклори Институти забон ва  адабиёти  Қазоқистон  ба  ҳисоб  мерафт.

        Эҷодиёти Мухтор Авезов бо Инқилоби Октябр баробар оғоз ёфтааст. Ў  дар ибтидо шеър, ҳикоя  ва  асарҳои драмавӣ менавишт.  Аввалин песаи ў «Енлик Кебек» ном дорад, ки соли 1917 навишта шудааст. Драматургияи  советии қазоқ аз ҳамин ибтидо мегирад. Ин песа дар бораи Енлик  ва Кебек  ном  ошиқу   машъуқи номурод  ҳикоят   мекунад.

      Муҳаққиқони Қазоқистон «Дар себзор»  ном песаи ўро, ки  ба ҳаёти зиёиён бахшида шудааст, яке аз асарҳои  муҳимми драматургияи советии қазоқ мешуморанд. Драмаҳои Мухтор Авезов на танҳо ба воқеаҳои таърихӣ ва зиндагии  сотсиалистӣ бахшида шуданд,  балки ў дар асоси сужетҳои фолклорӣ- афсонавӣ низ песаҳо навиштааст. Дар ин бора песаи ў  «Қоблантӣ»  шаҳодат медиҳад.

      Аввалин повести Мухтор Авезов «Воқеаи қараш-қараш»  дар соли 1927 навишта шудааст. Бо ин асар дар насри бадеии қазоқ методи реализми  сотсиалисти қадам гузошт. Зеро «Воқеаи қараш-қараш»  аз ҳаёти гузаштаи халқи қазоқ ва саъю талоши вакилони халқ барои ҳаёти осудаҳолона инъикос ёфтааст. Ҳамчунин  бо ин асар дар насри қазоқ аввалин  маротиба образи марди меҳнаткаш дохил шуда ва бо  ин асар бори аввал муборизаҳои синфӣ тасвир ёфт. Қаҳрамони «Воқеаи қараш- қараш»  Бахтигул ном мардест,  ки маишати худро бо дуздиву ғоратгарӣ мегузаронад. Вале ин тарзи рўзгор ба дилаш зада,  ба назди ҳокими қишлоқ Ҷарасбой меояд, то ки ўро ба ягон коре таъмин намояд. Вале  Ҷарасбой ба ҷои он ки ба Бахтигул кўмак расонад, ўро гунагор ҳисобида, ҷазо  медиҳад. Бахтигул Ҷарасбойро мекушад ва ба кўҳистон  мегурезад.  Вайро дастгир карда бадарға мекунанд. Дар бадарға бо револютсионерон шинос шуда мефаҳмад, ки бо роҳи нодуруст рафтааст. Пеш аз вафоташ ба писараш насиҳат мекунад,  ки  бо  роҳи   ў  наравад.

       Мухтор Авезов дар солҳои 30-юм як қатор повесту ҳикояҳо навиштааст, ки дар байни онхо «Тақдири бенавоён»  ном повести  ў хеле машҳур аст. Бузургтарин асаре, ки ба Мухтор Авезов шўҳрати ҷаҳонӣ овард,  эпопеяи  «Абай»  мебошад. Чунончи ки гуфтем,   Мухтор Авезов  дар бораи Абай аз  айёми бачагиаш маълумот   дошт ва аз солҳои  30-юм сар карда дар бораи Абай  асарҳои драмавӣ менавишт. Худи  Мухтор Авезов навиштааст, ки «Пеш аз он ки навиштани  романро оғоз кунад, ба таҳқиқ дар бораи аҳвол ва осори шоир пардохтам, осори ўро борҳо  хондам ва вироиш кардам ва рўйдодои таърихи зиндагии шоир ва осори ўро гирдоварӣ намудам».  Ба муносибати садсолаи рўзи таваллуди Абай ў либреттои «Абай»-ро таълиф кард (с. 1945).

       Аввалин романи ў бошад, дар бораи Абай соли 1943 ба табъ расидааст.   Китоби дуюми онро соли 1947  ба итмом расонид. Сол 1952 романи дигари худро низ дар мавзўи Абай таълиф кард, ки  «Роҳи Абай»  ном дошт. Бо  ҳамроҳии  нависандаи  рус  Леонид Соболев ин романҳоро ба  забони русӣ тарҷума кард. Эпопеяи Абай ба туфайли тарҷумаи русиаш  ба бисёр забонҳои собиқи Шўравӣ ва бо забонҳои гуногуни хориҷӣ тарҷума шудааст.

      Нависандаи фаронсавӣ Лўи Арагон  Мухтор Авезовро «Шоири бузурги Шарқ» номидааст. Зеро эпопеяи ў бо санъати олии нависандагӣ  навишта шуда, ҷараёни ҳаёт ва  муборизаи Абайро дар роҳи адолат, инсониятпарварӣ, маърифатнок кардани халқи қазоқ ва ба маданияти пешқадами рус наздик кардани  он хеле реалистона инъикос мекунад.

        Мухтор Авезов  дар таҳқиқоти адабии худ аз забони форсии тоҷикӣ низ  ғофил набудааст. Ў борҳо   дар мақолаҳо  ва рисолаҳояш аз таъсири  таърихии забон ва адабиёти форсии тоҷикӣ ба забон ва  адабиёти қазоқӣ сухан рондааст. Ў дар асараш «Аҳвол ва осори Абай»  менависад»:  «Абай ба афсонаҳо  ва ҳамосаҳои диннӣ ва қаҳромонии араб ва Эрон ошноӣ дошт. Фирдавсӣ, Низомӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Навоӣ ва Фузулиро мешинохт ва гоҳо дар ибтидои кори худ аз онон пайравӣ мекард. Аввалин бор тавассути Абай буд, ки шеъри арўзӣ ба ҳамроҳии вожаҳои арабӣ ва форсӣ вориди шеъри қазоқ гардид».

         Мухтор Авезовро дар Тоҷикистон чун нависандаи забардаст, донишманди тавоно, фидоии миллати қазоқ мешиносанд ва чун устод Айнӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода эҳтиром мекунанд. Романи машҳури  ў  «Абай»  ҳанўз солҳои панҷоҳум  дар Тоҷикистон тарҷума ва нашр гардид. Дар бораи аҳволу  осори ў дар Тоҷикистон мақолаву рисолаҳои зиёд таълиф ва нашр гардиданд. Мирзо Турсунзода ўро адиби забардаст меномад ва аз шўҳрати ҷаҳониаш меболад. Ҷалол Икромӣ аз дастгирии ҷавонмардонаи  Мухтор Авезов  ёд карда, ўро дар радифи Айнӣ  устоди худ  мешуморад. «Дари меҳру  муҳаббатро, менависад Ҷалол  Икромӣ,  ба сарзамини қазоқ ва мардуми аҷибаш ба рўи ман асарҳои Мухтор Авезов  кушод. Ман баъди мутолиаи «Роҳи Абай» ин даштҳо ва мардуми онро бештар дўст медоштагӣ шудам ».

   Анъанаи неки Мухтор Авезовро имрўз адибони тоҷику қазоқ идома медиҳад, ки нишони бақои риштаҳои дўстии халқҳо ва адабиётҳо мебошад.

Манбаъ: Донишномаи озод; “Адабиёти ҷаҳон” барои синфҳои 10-11. Муаллифон: М.Зайниддинов, А. Худойдодов. Душанбе, 2001

 

 

 

Теги: