Таърихи адабиёти ҷаҳон. Софокл (солҳои 497 – 400 пеш аз мелод )

Софокол яке аз адибони машҳур ва ҳамзамони Эсхил буда, осори худро дар замони тараққиёти демократии ғуломдории Афина эҷод намудааст. Софокл дар яке аз мавзеъҳои Афина, дар оилаи соҳиби устохонаи силоҳсозӣ ба дунё омадааст. Ў дар байни ҳамдиёронаш обрўи хосе доштааст. Мероси адабии ў қариб 120 асри драмавиро дар бар мегирад. Ба ҷуз порчаҳои пароканда ҳафт асари драмвии ў то замони мо расидааст. Аз қабили «Аякс», «Антигона», «Шоҳ Эдип», «Электра», «Эдип дар Колон», «Филоктет», «Пайшиносон».

Дар эҷодиёти Эсхил ва Софокл баробари ҳамзамонӣ дар истифодаи сюжетҳои хоси эҷодӣ низ умумият ба назар мерасад. Бо вуҷуди ин фарқияти эҷодиёти онҳо мушоҳида мешавад. Фарқ дар он зоҳир гардидааст, ки ў на асарҳои сегона (трилогия), балки асарҳои мустақили ҷудогона таълиф намудааст.

Дар соли 442 то милод яке аз асарҳои драмавии машҳури Софокол намоиш дода мешавад, ки дар асоси силсилаи асотири фивӣ эҷод шудааст. Қабл аз ин дар яке аз фоҷианомаҳои Эсхил «Ҳафт тан ба муқобили Фива» дар бораи марги фоҷиавии ду нафар писарони шоҳи Фива Эдип–Этеокла ва Полиника сухан мерафт, ки барои ҳокимият аз дасти ҳамдигар фавтида буданд.

Дар фоҷианомаи Софокл «Антигона», ки мазмунан ба фоҷианомаи Эсхил «Ҳафт тан ба муқобили Фива» алоқаманд аст, нақл мешавад, ки ҳокими нави Фива Креонт ҷасади Этеоклро чун муҳофизи Фива дар ҷои махсус ботантана мегўронад ва ҷасади бародари ў Полиникро чун хоин иҷозати ба замин гўрондан надода, ба паси деворҳои қалъа мепартояд. Аммо хоҳари Полиник Антигона новобаста аз он, ки саркашӣ аз фармони шоҳ Креонт марг аст, ҷасади бародарашро ба хок месупоранд. Баъди маълум шудани он, ки Антигона ҷасади бародари гўё хоинашро ба хок супоридааст, Креонт фармон медиҳад, ки Антигона зинда ба зинда ба даруни девори даҳма гузошта гўр карда шавад. Писари Креонт, домодшавандаи Антигона Гемон дар назди падараш илтиҷо мекунанд, ки аз гуноҳи Антигона гузарад, аммо Креонт рад мекунад.

Танҳо баъди он ки амалиёти кўр Тиресий назди Креонт меояду мегуяд, ки Антигонаро озод кунад, вагарна ғазаби худоён меояд ва ў ба бадбахтиҳо дучор мегардад, Антигонаро озод мекунад. Аммо Креонт дер карда буд. Антигона худро кушта буд. Гемон баъди ин худро бо шамшер ба ҳалокат мерасонад. Аз марги Гемон модари ў Эврифина огоҳӣ ёфта, низ худкушӣ менамояд. Дар охири фоҷианома Креонт аз кардаи худ пушаймон мешавад ва худро руҳан азияткашида ҳисс мекунад.  Ҳамин тавр дар ин фоҷеанома зиддият ва  ба таъбири Ҳегел ба ҳам бархўрдани давлат (Креонт ) ва оила ( Антигона) нишон дода мешавад. Инчунин дар нақши Креонт шахсе тасвир мешавад, ки анъана, одат ва эҳтироми халқро ба инобат нагирифтааст, ки оқибаташ шикаст ва пушаймонӣ аст.

Фоҷианомаи дигари Софокл  «Шоҳ Эдип», ки ба хазинаи адабиёти ҷаҳонӣ дохил шудааст, аз силсилаи асотири Фива маҳсуб мешавад. Дар ибтидои фоҷианомаи «Шоҳ Эдип» қисса карда мешавад, ки таҷассумкунандаи дархостҳои шаҳрвандони Фива ­­– Хор ба шоҳ Эдип муроҷиат мекунанд, ки мардуми Фиваро аз ҷароҳати баҳрӣ раҳо намояд. Аммо Эдит кабл аз ин додараррўси худро ба назди фолбин равон карда буд, то ў бифаҳмад, ки бо кадом роҳ аҳли Фиваро аз ин бемории хавфнок раҳо кардан мумкин аст. Креонт баъди бозгашт хабар медиҳад, ки ин ғазаби худо Аполлон аст ва сабаби ғазаби ў бар мардуми Фива он аст, ки то ҳол кушандаи шоҳи пештараи Фива – Лой беҷазо мондааст. Баъди шунидани ин хабар Эдип бо тантана қасам ёд мекунад, ки тамоми қувваашро ба кор мебарад, то қотилро пайдо кунад ва ҷазо диҳад.

Аммо дар равиши ҷустуҷў барои Эдип маълум мегардад, ки қотили шоҳи пештараи Фива –Лой худи ў мебошад. Баъди он ки Эдип пурра бовар мекунад, ки воқеаи қотили падар ва шавҳари модараш худи ўст, худро  кўр менамояд ва фоҷианома ба ин хотима меёбад.

Дар қиёси «Антигона» ва «Шоҳ Эдип» дар ин ҷо махсусияти эҷодиёти  Софокт дар он зоҳир мегардад, ки ў ба одамон нишон доданӣ мешавад, ки онҳо дар асл чӣ хел бояд бошанд, дар ин ҷо ў дар образи шоҳи хирадманд, ростқавл, дасткушод ва адолатхоҳ Эдип андешаҳои худро таҷассум кардааст.

Фоҷианомаи «Шоҳ Эдип» чун фоҷиаи қисмат ё тақдир маънидод мешуд, ки дар назди он қаҳрамон нотавон ва беқувват аст. Дар ин асар воқеан ҳама чиз ба қисмат вобаста аст. Аммо Софокл аз ҳама асосӣ онро (асотирро) эҷодкорона истифода бурда, ба он новобаста аз қисмат мустақилона баъзе сюжетҳо дохил кардааст. Аз ҷумла, барои гуноҳи ғайриихтиёр содиркардааш Эдип худро худ ҷазо медиҳад ва чашмонашро кўр мекунад, ки дар асотир нест ва ба қисмат алоқа надорад.

 

Маврид ба ёдоварист, ки “Шоҳ Эдип” барои миллати мо бегона нест. Ин фоҷеаномаи машҳури олам охири солҳои 70 асри гузашта бо талоши Ҳунарманди Халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҳошим Гадо дар саҳнаи татри ба номи Лоҳутӣ гузошта шудаву, шоистаи таҳсину офаринҳо шуда буд. “Шоҳ Эдип” он солҳо яке аз беҳтарин намоишҳои ин театр маҳсуб меёфт.

Манбаъ: Донишномаи озод; “Адабиёти ҷаҳон” барои синфҳои 10-11. Муаллифон: М.Зайниддинов, А. Худойдодов. Душанбе, 2001

Таҳияи Фирӯза Раҳимова, мутахассиси пешбари шуъбаи кўдакон ва наврасон.