Таърихи номаҳои Аҷам

Таърихи-номаҳои-АҷамКитоби Раҳимҷони Шарофзода “Таърихи номаҳои Аҷам” соли 2010 чоп шудааст ва тавре аз мутолиаи он бармеояд, муаллиф кӯшидааст осори гузаштагон ва таърихи номанигорӣ дар қаламрави форсигӯёнро таҳлил кунад.

Ниёкони мо мардуми хирадманду бофарҳанг буданд. Онҳо дар офариниши лавҳу хома, артангу анҷома, тўмору нома ҳиссаи бузург доштанд ва ба равиши инкишофи номанигорӣ суръат бахшидаанд.

Саҳми онҳо дар айёми сосонӣ боз ҳам афзуд. Ана ҳамин пешравӣ ба пайдоиши номаҳои бисёр мусоидат кард. Ин дарснома аз чигунагии он тўмору номаҳои ниёкон ҳикоят мекунад.

Дар пешгуфтор муаллиф аз ҷумла навиштааст: Нигору номаи аҷамиёнро ҳам акнун ҳамагон медонанд ва ба он шиносоӣ ҳам доранд. Оид ба масоили номаҳои (китобҳои) мо ба соири забонҳо ва вижа ба инглисиву олмониву русӣ маводи зиёди хонданӣ ва мутолиа карданӣ ҳаст. Аммо ба ин баррасиву тадқиқот хонандагони тоҷик дастрасӣ надоранд. Ба забони модарии мо мақолаҳои ангуштшумори дорои ангезаи таблиғотӣ ба табъ расидаанд. Ақли воқиф медонанд, ки онҳо алъон ба суолҳои бисёри хонандагон посухгў нестанд. Сустии онҳо дар нодида гирифтани худи илми номашиносӣ аст. Оре ҳамин гуна илм ҳаст ва онро дар соири донишгоҳхо меомўзанд.

Алъон номашиносӣ ба масоили мухталиф, аз ҷумла ба моҳияти нома ҳамчун падидаи объективии ҳақоиқи иҷтимоӣ таваҷҷўҳ мекунад. Он мафҳумҳои барои илм муҳим “нома”, “номанигорӣ”, “нашри нома”-ро мушаххас намуда, муносибати байниҳамдигарии онҳоро ошкор месозад. Дар ин кор номашиносӣ аз комёбиҳои улуми дигар ва ба хусус аз дастовардҳои илмшиносӣ бархӯрдор мегардад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба имрўз номашиносии тоҷик ҳамчун илм таълим дода намешавад. Аз ин хотир ҳоло зуд аст, ки аз илми номашиносии маҳз тоҷик ҳарф бигўем. Аммо амалиёти  ин соҳа ҳамеша буд ва имрўз ҳам риштаҳои мухталифи он фаъолият мекунад. Тавсифи баъзе усулу услубҳои номашиносӣ мавҷуд буд. Ва ин ҳама пайваста, бо мурури замон аз таҷориби садҳо намояндагони ришта ғанию рангин мегашт.

Таърихи нома ба мисли таърихи ҷомеъа ба давраҳо қисмат мешавад. Ин тақсимот бо назардошти худвижагиҳо ва қонунияти тараққиёти нигору нома бастагӣ дорад. Ба ибораи дигар, нақши асосиро қалами ё чопӣ будани худи нома мебозад. Ба ду давр, давраи номаи қаламӣ ва ба давраи номаи чопӣ ҷудо шудани таърихи номаҳо низ аз инҷост.

Асаре, ки шумо дар даст доред, комилан ба нигору номаи қаламии ниёкони мо марбут буда, пайдоиши нигору номаи аҷамиёнро аз ибтидо то садаи ҳафтуми мелодӣ фаро мегирад. Бисёр бузург будани фосилаи таърих падидоварро ночор сохт, ки нақшаҳои зиёди ифодаи маводро аз диди мантиқ баррасӣ намояд. Ва ниҳоят ҳифз намудани ҳамин 6 фасли кунунӣ, ки ҳаҷмашон гуногун аст, созгор дониста шуд.

Вазъи алъон таҳқиқнашудаи таърихи нигору номаи Аҷам чунин таркибро тақозо мекунад. Бале, вазъи кўнунии ин ришта ҳамин тарҳро талқин менамояд. Мо бояд аз буду набуди нигору номаи хеш дар ин риштаи дониш сухан ронем. Ба чӣ интизор бошем? Кайҳо вақти он фаро расидааст, ки мо оид ба ҳар як даври таърих, оид ба ҳар як маводи нигор ва роҷеъ ба худи нигору номаи ба мо маълум дар ҳадду ҳаҷми имконпазир сухан бигўем. Имрўз ин корест басе зарур, чаро ки баъд дер мешавад. Хомўш будан боисҷўй шудан ва ё ҳаллу фасли ин кор ба насли оянда вогузоштан аз рўи инсоф нест. То ба кай бо шоир Калими Кошонӣ ҳамсадо бошем, ки гуфтааст:

Мо зи оғозу зи анҷоми ҷаҳон бехабарем,

Аввалу охири ин кўҳнакитоб афтодааст.

Хонандаҳои азиз метавонанд бо китоби Раҳимҷони Шарофзода “Таърихи номаҳои Аҷам”, ки ин китоби пажӯҳишӣ ва арзишманд аст, дар Китобхонаи миллӣ шинос шаванд.

Ойҷонгул ДАВРОНОВА,
сармутахассиси шуъбаи
тарғиб
ва барномаҳои фарҳангӣ