Як рӯзи адабиёт дар таърихи башар. 7-уми феврал
Соли 1478 дар Лондон файласуф, ҳуқуқдон, сиёсатмадор, нависандаи англис Сэр Томас Мор ба дунё омад. Яке аз китобҳои машҳури ӯ «Утопия» ном дорад. Вожаи “утопия” дар лотинӣ ба маънои “ҷойи хуб” аст. Аслан калимаи юнонӣ буда, мафҳуми он низ бо ҳамин асари Томас Мор ба миён омад. Ва беҳтарин тарҷумаи он ба форсӣ ҳамон истилоҳои Шаҳобуддини Суҳравардӣ ба маънои “нокуҷообод” аст.
Мор шахсе буд, ки Ислоҳотро хатар барои калисо донист ва шадидан зидди ақоиди Мартин Лютер ва Уилям Тиндейл баромад ва зидди густариши протестантизм дар Англия мубориза бурд. Вай аз эътирофи Генрихи 8 чун сарвари калисо саркашӣ кард ва ҷудоии ӯ аз Екатерина Арагонскийро ғайриқонунӣ эълон намуд. Соли 1535 ба иттиҳоми хиёнат ба қатл расид.
Томас Мор маълумоти ибтидоии худро дар мактаб гирифта, дар он ҷо, аз ҷумла, забони лотиниро хуб омӯхта буд. Дар соли 1516 китоби «Утопия»-ро навишт, ки аҳамияти калон дошт ва ин китоб барои замони мо ҳам аҳамияти худро нигоҳ доштааст ва на танҳо ҳамчун роман, балки ҳамчун асари адабиёти сотсиалистӣ.
Соли 1594 дар ҷазираи Ганхвадо классики шеъри Корея Ҷон Чхол дар синни 57-солагӣ даргузашт. Ӯро яке аз шоирони миллии Корея дониста медонанд.
Соли 1655 намоишноманависи фаронсавӣ Жан Франсуа Реняр дар Порис дар оилаи марди сарватманд таваллуд шудааст. Аз сарвати падар ҷавонии худро сарфи қимору шароб кард, рӯзу моҳу солҳои зиёдро дар сафарҳо ба Италия, Алҷазоир, Ҳоланд, Дания, Шветсия, Лапландия, Лаҳистон, Олмон гузаронд. Баъдан дар Порис мустақар шуд ва ба фаъолиятҳои адабӣ пардохт.
“Серенада”, “Бал”, “Бозигар”, “Парешон” аз ҷумлаи асарҳои ӯ мебошанд.
Соли 1823 нависандаи англис Анна Радклиф дар синни 59-солагӣ аз бемории шуш вафот кард. Вай соли 1764 дар Холборн (номи кӯчае дар Лондон) ба дунё омад. Дар 22-солагӣ бо рӯзноманигор ва молики нашрияи «English Chronicle» Вилям Радклиф издивоҷ кард. Азбаски фарзанд надоштанд, саргарми беллетристика (фаронсавии belles letters – каломи бадеъ) шуд ва шавҳараш аз ин кораш пуштибонӣ кард.
Дар 7-8 соли аввал беҳтарин романҳои худро нашр кард ва баъди соли 1797 дигар ҳеч асаре аз ӯ рӯи чоп наомад.
Зиндагиномаи Анна Радклиф худ боиси достонҳои зиёде миёни мардум шуданд, ки яке аз он марги ӯ иртибот доранд. Мегӯянд вай чунон гирифтори персонажҳои романҳояш шуд, ки ба девонагӣ расид ва аз он фавтид. Аммо сабаби марги ӯ расман беморӣ эълон шуда буд.
Соли 2019 шоири тоҷик Алидоди Чароғабдол аз олам гузашт. Вай ҳамагӣ 59 сол дод.
Алидоди Чароғабдол 14 феврали соли 1960 дар деҳаи Тӯсиёни ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ шоири тоҷик Алидоди Чароғабдол ба дунё омад. Солҳои 1982-1983 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ адои хидмат кардааст.
Муаллифу мураттиби китобҳои «Адибони ҷавони Бадахшон» (1990), «Ширин Бунёд» (1991), «Профессор Гулаҳмад Раҳмихудоев» (1995), «Аноятбек Қосимбеков» (1996), «Забоншинос Карамшоҳ Додихудоев» (2002), «Тазкираи адибони Бадахшон» (дар ҳаммуаллифии Ширин Бунёд ва Лаълҷубаи Мирзоҳасан, 2005), «Одами тиллоӣ» (дар ҳаммуаллифии Ато Мирхоҷа, 2011), «Васлгари дилҳо ва вассофи ваҳдат» (2011) аст, ки дар муассисаҳои нашаротии гуногуни ҷумҳурӣ чоп шудаанд.
Намунаҳои ашъораш дар матбуоти даврӣ, маҷмӯаҳои дастҷамъии «Дар тулӯъгоҳи Офтоб», «Нури зиё», «Нерӯи қалб», «Баёзи меҳр», «Корномаи падарон», «Омӯзгори асил», «Соҳибэҳтиром», «Гулбонги Истиқлол», «Наврӯзи ҷаҳонафрӯз» ва китобҳои алоҳидаи «Падидаи роҳ» (2004) ва «Сабоҳи мардон» (2011) ба табъ расидаанд.
Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи медали «Хизмати шоиста» ва ифтихорномаҳои ҳукумативу соҳавӣ ва аз соли 2012 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.