«ТАЪРИХИ СИСТОН»

«ТАЪРИХИ СИСТОН»

Китоби «Таърихи Систон» чун «Таърихи Табарӣ», «Ҳудуду-л-олам мина-л-Машриқ ила-л Мағриб», «Зайну-л-ахбор» ва амсоли онҳо аз зумраи куҳантарин осори таърихӣ ба шумор меравад, ки ба забони форсӣ – тоҷикӣ таълиф гардидааст.

Дар масъалаи ном ва муаллиф, ё саҳеҳтар муаллифони ин асар дар миёни донишмандон ва асҳоби таъриху тазкираҳои асрҳои миёна ихтилофи назар мавҷуд аст.

Ҳарчанд ин китоб бо номи «Таърихи Систон» шуҳрат пайдо кардааст, вале дар нусхаи асл ҳаргиз аз ин ном ёд нашуда ва дар ҳар ҷои асар аз он бо номи «Таърих» ишора шудааст. Ҳамчунин яқинан наметавон гуфт, ки номи китоб «Систоннома», «Ахбори Систон» ё «Таърихи Систон»  бошад.

Яке аз муҳимтарин арзишҳои таърихии китоб дар он зоҳир мегардад, ки ба василаи он зикри ном ва ахборе аз маъхазҳои қадим маҳфуз мондаанд, ки теъдоде аз онҳо акнун аз байн рафта ва танҳо дар «Таърихи Систон» доир ба онҳо иттилоъ пайдо карда метавонем.