Тарҷумаи англисии рубоиёти Умари Хайём, ки китобаш умри 173-сола дорад
Китоби мазкур аз ҷониби Эдвард Фитсҷералд аз забони тоҷикӣ ба англисӣ тарҷума шудааст.Тасвирҳои дар китоб овардашуда аз наққошиҳои Эдмунд Дулак гуфта шуда ва хеле ҷолибанд. Ин китоб аз 191 саҳифа иборат буда,фарогири беш аз 200 рубоии Ҳаким Умари Хайём мебошад.
Китоби мазкурро соли 1851 нашриёти “Гарден Сити” дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико нашр кардааст.
Китобе, ки 173 сол пеш дар як гӯшаи олам ва аз Тоҷикистон ҳазорҳо км дур чоп шудааст, имрӯз дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон маҳфуз аст ва ҳамоно мавриди истифода қарор дорад.
Ононе, ки мехоҳанд шоҳкориҳои Умари Хаёмро ба забони англисӣ мутолиа кунанд, метавонанд ба толори хониши адабиёти хориҷӣ муроҷиат намоянд.
Маврид ба таъкид аст ва боиси ифтихор, ки инак, беш аз нуҳсад сол мешавад, ки ному осор ва фалсафаи Умари Хайём диққати ҷаҳониёнро ба худ мекашад. Аз алоқамандони зиёди тарҷума ва таҳқиқи осори Умари Хайёмро бо муҳаббат ном бурд, ки онҳо умри хеш сарфи омӯзиши зиндагинома ва рубоиёти Умари Хайём гардонидаанд. Ба монанди К. Балмонт, И. Тхоржевский, Л. Некора, О. Румер, А. Старостин, С. Липкин, М. Ватагин,Т. Спендиарова, Г. Плисетский, Г. Семёнов, Н. Стрежков, В. Зайтсев, С. Бону, К. Арсенева, Д. Седих, В. Микрюков, А. Ревич, В. Державин, М. Синелников, Н. Орлова, А. Кушнев, А. Шербаков, И. Селвинский, Л. Пенковский ва даҳҳо нафари дигар.
Соли 2007 тарҷумаи сад рубоии Умари Хайём дар баргардони Валерий Ярмак нашр шуд. Ин дастпарвари Донишгоҳи Швейсария (шаҳри Сюрих), донандаи чандин забонҳои дунё, аз ҷумла тоҷикӣ ва корманди Кумитаи байналмилалии Ҳилоли Аҳмар (Женева) барои санҷиши қалам ва сайқали фикр ба тарҷумаи рубоиёти Умари Хайём аз забони тоҷикӣ ба русӣ пардохт.
Манижабону ИБРАГИМОВА, мутахассиси пешбари шуъбаи тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.