106 соли Иржи Бечка – бузургтарин ховаршинос ва тоҷикшиноси олам

Иржи-Бечка1Агар Иржи Бечка дар қайди ҳаёт мебуд, имсол 106-сола мешуд. 15 сол пеш дар синни 91-солагӣ тарки олам кард. Аз ҷумлаи бузургтарин ховаршиносони олам буд. Шояд касе аз хориҷиён ба мисли Иржи Бечка адабиёт ва фарҳанги тоҷикро тарғибу ташвиқ накарда бошад. Ин олими барҷаста пайвандҳои ногусастанӣ бо Тоҷикистон дошт. Ва аз он ҳам меболид, ки Тоҷикистонро дӯст медорад.

Бечка Иржи 16 – уми октябри 1915 шаҳри Прагаи Чехия ба дунё омадааст. Тоҷикшиноси барҷастаи чех, доктори илмҳои фалсафа ва адлия, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон (1990), дорандаи Ҷоизаи адабии ба номи Айнӣ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

Соли 1945 Донишгоҳи Карли шаҳри Прагаро хатм карда, як умр корманди илмии Институти шарқшиносии АИ Чехия буд. Аз муҳаққиқони номвари забоншиносии эронӣ, донандаи хуби забони урду ба шумор мерафт, аммо пеш аз ҳама чун тоҷикшинос ва тарғибгари адабиёти муосири тоҷик мартаба ёфт.

Ҳанўз соли 1955 дар бораи «Марги судхўр»-и устод Садриддин Айнӣ чун инъикосгари ҳаёти ҷамъиятии Осиёи Миёнаи охири асри Х1Х ва аввали асри ХХ таҳқиқоти судманде ба чоп расонд. Минбаъд ба осори сардафтари адабиёти тоҷик ҳаматарафа таваҷҷўҳ намуда, очерку мақолаҳои илмӣ ва оммавӣ, аз қабили «С. Айнӣ ва Чехос-ловакия», «Юлиус Фучик ва Садриддин Айнӣ», «Айнӣ ва адибони дигари Осиёи Миёна», рисолаҳои «Садриддин Айнӣ-падари маданияти муосири тоҷик», «Нависанда ва олим»-ро навишт.

Таҳқиқоташ «Адабиёти тоҷик дар асрҳои ХVI-XX» дар Аврупо аввалин асарест, ки мушаххасоти ин давраи адабиётамонро таъин намудааст ва он ба забонҳои русӣ, англисӣ, немисӣ, полякӣ, форсӣ, урду тарҷумаю нашр шудааст.

Повести «Марги судхўр»-и С.Айнӣ, «Муш ва гурба»-и Убайди Зоконӣ, баёзи назми классикии форсу тоҷик (бо номи «Ситораҳои наздик»), маҷмўаи шеърҳои М.Турсунзода (бо номи «Салому алайкум»), осори зиёди адибони муосири тоҷикро ба чехӣ тарҷума намудаасту дар матбуоти Чех ва дигар давлатҳои Аврупо оид ба ҳаёти адабию фарҳангии Тоҷикистон пайваста мақолаҳои илмию оммавӣ ба табъ мерасонд, дар маҷаллаҳои шарқшиносии мамолики Аврупо  перомуни осори адибони тоҷик тақризу китобиёти зиёд дарҷ намудааст.

Кам касон ба дараҷааш дар тарғибу ташвиқи адабиёту маданияти муосири тоҷик саҳм гирифтаанд. Ў бо донишмандони тоҷик  Бобоҷон Ғафуров, Абдулғанӣ Мирзоев, Соҳиб Табаров, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Аълохон Афсаҳзод ва дигарон робитаи хуби илмӣ дошт ва борҳо ба Тоҷикистон сафар карда, меҳру муҳаббаташро ба халқамон пинҳон надоштааст. Дар ҷашнвораҳои Ибни Сино, Ҳофиз, Ҷомӣ, Айнӣ ва дигарон, ки дар пойтахти Тоҷикистон доир шудаанд, иштирок ва суханронӣ кардааст.

Соли 1985 70-умин солгарди зодрўзаш дар шаҳри Душанбе бо ширкати бевоситаи донишманди беназири чех ботантана таҷлил шудааст. Дар майдони забон ва адабиётшиносии тоҷик қариб ним аср ҷавлон  намуд ва умри азизи хешро сарфи омўзиш ва ташвиқи адабиёти тоҷик карда, дар хотири мардумамон  абадан  боқӣ хоҳад монд.

21 декабри соли 2006 аз олам даргузашт.

Аз Иржи Бечка ва дар бораи ӯ ин матолиб дар бойгонии Китобхонаи миллӣ вуҷуд дорад:

Асари олимони Чехословакия дар бораи адабиёти форс ва тоҷик // Шарқи Сурх. – 1957. –  №1. – С. 112 – 115.

Дўстии абадӣ: Нависандаи Чех дар бораи тарақиёти илм ва маданияти Тоҷикистон // Маориф ва маданият. – 1965. – 12 январ.

Дараҷаи омўхтани Тоҷикистон ва Эрон дар Чехословакия: Адабиётшиносӣ // Садои Шарқ. – 1965. –  №2. – С. 121-125.

Саҳифае аз таърихи муносибатҳои халқи тоҷик ва Чехословак // Садои Шарқ. – 1965. – №7. – С.126-132.

Осиёи Миёна ва Чехословакия: Баъд аз револютсия // Ҳақиқати Ўзбекистон. – 1967. –11 ноябр.

Аҳамияти повести “Марги Судхўр”-и Садриддин Айнӣ // Ҳақиқати Ўзбекистон. – 1978. – 27 апрел.

Абуали ибни Сино дар Чехославакия // Ҳақиқати Ўзбекистон. – 1980. –17 май.

Зар ҳаст, заргар мерасад…: Мусоҳибаи рўзноманигор Ҷ. Низомӣ бо адабиётшиноси машҳури Чех, муҳаққиқи адабиёти тоҷику форс, доктор Иржи Бечка // Адабиёт ва санъат. – 2015. – 15 октябр.

                                               Дар бораи олими маъруф:

Султонов, О. Аз дўсти бо адибони тоҷик ифтихор мекунам: Мусоҳибаи хабарнигори ҳафтанома  А. Аҳмадхонов бо Шоири халқии Қирғизистон Омор Султонов // Адабиёт ва санъат. – 2014. – 27 феврал.

Аюбзод, С. Иржи Бечка – дилдодаи фарҳанги Хуросон: Ба муносибати 100- солагии ховаршиноси шаҳир Иржи Бечка // Фараж. – 2015. – 28 октябр.

Хуросонӣ, А. М. Тоҷикшинос  ва тарғибгари  адабиёти  тоҷик дар Чехия: Оид ба ҳаёт ва фаъолияти доктори улуми  адлия ва фалсафа, шарқшинос  Иржи Бечка // Адабиёт ва санъат. – 2016. – 10 март.

 Библиографияи миллӣ