110 соли пур аз ифтихор

Имрӯз матбуот ҳамқадами ҳаёт ва ҷузъи хеле муҳиму ҷудонопазири ҷомеаи озоду демократии мо буда, дар таъмини фазои иттилоотӣ ба шаҳрвандон дар интихоби дурусти мавқеъ ва дарёфти ҳақиқат имконияти васеъ муҳайё месозад.

Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳамасола 11 март дар саросари кишвари азизмон Рӯзи матбуот таҷлил мегардад. Таърихи матбуоти тоҷик бо нашри аввалин рӯзномаи форсии тоҷикӣ “Бухорои Шариф”, 11-уми марти соли 1912 оғоз гардид. Аз таърихи чопи ин рӯзномаи таърихӣ медонем, ки он дар матбааи Когон бо ташаббуси равшанфикрони машҳури тоҷик — тоҷир ва миллионери Бухоро Мирзо Муҳиддин Мансуров ва шоир, сайёҳ, ҳаким, публитсисти бухороӣ Мирзо Сироҷи Ҳаким чоп шуд.

Муҳарририи рӯзнома ба ӯҳдаи яке аз донишманди забону адабиёти форсии тоҷикӣ, адиб ва журналисти маъруф Мирзо Ҷалол Юсуфзода гузошта шуда буд. Соли ҷорӣ аз чопи нахустин шумораи рӯзномаи тоҷикии “Бухорои Шариф” 110 сол сипарӣ гардид, ки аз таърихи пур аз шебу фароз ва пурифтихори соҳа дарак медиҳад. Дар муддати беш аз як аср матбуоти тоҷик ташаккул ёфта, дар амри баланд бардоштани маърифати аҳолӣ, таъмини фазои иттилоотии кишвар, тарғибу таҳкими ғояҳои истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва ба воя расидани қаламкашони бешумор саҳми арзишманд гузоштааст.

Дар ҷаҳони муосир нақши воситаҳои ахбори омма барои расонидани иттилоъ ва таҳлилу баррасии масъалаҳои мубрами ҷомеа назаррас буда, васоити ахбори омма чун як рукни муҳимми сиёсӣ ва маънавии ҷомеа дар таҳкими асолати миллӣ, давлатдорӣ, ҷаҳонбинии мардум ва пойдории адолату воқеият нақши бориз доранд. Бо шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар кишвари азизамон теъдоди зиёди нашрияҳои даврӣ, телевизиону радио, оҷонсиҳои иттилоотӣ фаъолият намуда, ба ташаккули афкори созандаи ҷомеа таъсири мусбии худро мерасонанд.

Илова бар ин, саҳми телевизиону радио ва маҷаллаву рӯзномаҳо дар тарбияи ахлоқии ҷомеа ва тарғиби анъанаҳои миллӣ хеле барҷаста аст. Шоистаи зикр аст, ки аҳли эҷоди имрӯзҳо паҳлӯ ба паҳлӯи Ҳукумати кишвар истода, дар инъикоси ҳаёт, дастовардҳо ва рӯйдодҳои Ватани азизамон кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Дар шароити пуртазоди имрӯза ва замони омӯзишу бархӯрди тамаддунҳо низ нақши матбуот бештар аз пештара намудор мегардад. Васоити ахбори оммаи Тоҷикистон бо шумули журналистҳои варзида баҳри инъикоси воқеии вазъи сайёра ва дохили кишвар, пешомадҳои он, инчунин ба таври шоиста ба ҷомеаи ҷаҳон муаррифӣ намудани Ватани маҳбубамон ҳамарӯза хизматҳои пурарзиш карда истодаанд.

Рисолати ҳар як эҷодкор ва зиёӣ он аст, ки неруи сухан ва хомаи созандаашро барои ҳифзи арзишҳои миллию давлатдорӣ ва таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва истиқлоли давлатӣ равона созад. Умед дорем, ки матбуоти мо садсолаҳои дигар барои равшан намудани роҳи маънии ҷомеа пойбарҷо ва мустаҳкам хоҳад монд.

 Бунафша Абдуллозода,

мутахассиси пешбари шуъбаи

 матбуоти даврӣ.