26 феврал. Аз марги Пётр Семёнов-Тян-Шонский 110 сол мегузарад…
Саду даҳ сол аз марги Пётр Петрович Тён-Шонский – ҷуғрофидони рус, табиатшинос, оморнавис, иқтисоддон, гардишгар, корманди давлативу ҷамъиятӣ, яке аз бузургтарин муҳаққиқони Осиёи Марказӣ мегузарад. 110 сол пеш дар ҳамин рӯз дар синни 87-солагӣ ин олими намояён ва ин донишманди пуркор тарки олам кард. Вале аз худ бузургтарин сармоя: пажӯҳишҳои оламшумул ва таҳқиқоти пуразиши илмиро ба ёдгор гузошт. Ӯ то соли 1906 Семёнов буд ва баъди он ки кӯҳҳои Тян-Шонро ба тасвир кашид, номи Тяншонский ба насабаш ҳамроҳ шуд. Вай ноиби раиси ҷомеаи императории Русия (аз соли 1873) ва президенти ҷамъияти энтомологии ин кишвар (аз соли 1889) буд. Аз муҳаққиқони муваффақи кӯҳҳои Тян-Шон ба шумор меравад.
Ман санги сиёҳи вазнин бо рахҳои зардрангро рӯи дастонам дорам ва он хотираест аз як дӯсти фақидам, шахсе, ки қуллпаймо буд ва қуллаҳои зиёди кӯҳҳои оламро фатҳ кардааст. Ва ин сангро ба ман аз қуллаи Хон-Тенгрӣ оварда буд. Ёдгорест, ки бароям арзишманд.
Ҳоло дар замоне, ки мо зиндагонӣ мекунем, рафтану боло шудан ба қуллаи Хон-Тенгрӣ мушкиле надорад ва ин рӯйдоде фавқулодда беназире ҳам нест. Имрӯз ҳатто дигар фотеҳони қуллаҳои ҳаштҳазорметраи Ҳимолойро ҳам ба китоби Гиннес роҳ намедиҳанд, чӣ мондад агар мо худро дар болотарин нуқтаи Хон-Тенгри бубинем.
Дар миёнаи асри ХIХ дар бораи минтақае бо номи Осиёи Дохилӣ маълумоти кам дастрас буд, ҳатто дар бораи кӯҳҳои осмонбӯси Тян-шон низ маълумоти каме аз китобҳои қадимии чинӣ метавонистанд дарёфт кунанн. Дар яке аз ин манбаъҳо аз ҷумла омада: “Ин кӯҳҳо аз шарқ ба ғарб ва аз шимол ба ҷануб ба масофаи ҳазорон ли тӯл кашидаанд; ин кӯҳҳо дорои чандсад қуллаи ростанд; водиҳо торику пур аз ҷариҳост; дар ҳар мавсими сол дар ин қуллаҳо тӯдаҳои яху барфро метавон дид; боди босуръат вазанда дорад, боди шадид ҳамеша дар манотиқ ҳоким аст”.
Заминкушоёни аврупоӣ нақшаи сафар ба Тён-Шонро аз дергоҳ кашида буданд. Ҳатто Александр Ҳумболдт замоне дар сар тарҳи расидан ба ин қуллаҳои осмонбӯсро дошт. Вай тасаввур мекард, ки Тян-Шон риштакӯҳи саропо барфпӯш аст, қуллаҳояш яхин ва дорои вулқонҳои азим низ мебошад. Ҳатто мегуфт, замоне осуда хоҳад мурд, агар намунаи маъданҳои Тян-Шонро бубинад.
Ҳумболдт бар ин умед буд, ки ин намунаҳоро аз географи ҷавони рус Пётр Петрович Семёнов ба даст орад. Семёнов солҳои 1853-1854 дар донишгоҳи Берлин таҳсил мекард ва бо Ҳумболдт тарҳи сафари худ ба Тян-Шонро баррасӣ менамуд.
Пётр Семёнов дар 27-солагӣ аллакай дар доираҳои илмии Русия шахси шинохтае буд. Баъди анҷоми сафари бузургаш ба қисмати аврупоии Русия ва пажӯҳишҳои нодираш вай котиби Шӯъбаи географияи табиии Ҷамъияти географии Русия таъин шуда буд ва саргарми тарҷумаи русии асари ҷуғрофидони рус Карл Риттер «Заминшиносии Осиё» буд. Сӯҳбатҳо бо Ҳумболдт тасмими сафар ба «Кӯҳҳои осмонӣ»-ро дар қалби ӯ абадан ҷойгир намуд.
Тян-Шон. Теғаҳои барфпӯш.
Ба экспедитсия мебоист хеле ҷиддӣ омода мешуданд ва ин буд, ки танҳо охири моҳи августи соли 1856 Семёнова ва ҳамсафарони вай ба ҳисори Верний (ҳоло Олмотӣ) расиданд. Ин замоне буд, ки дигар наметавонистанд ба кӯҳҳо раванд ва аз ин рӯ тасмим гирифтанд, то фаро расидани фурсати муносиб ба Иссиқкӯл раванд. Ва ҳангоми ин сафар ва убур аз як ағба ногаҳон манзараи дилфиреб ва пуршукӯҳи Тян-Шон пеши чашмонашон ба ҷилва омад. Ба назар мерасид як занҷираи кандашуда аз қуллаҳои баланд аз оби шаффофи кӯл рӯ зада буд. Ин манзарае буд, ки то кунун ба чашми аврупоиён нарасида буд ва бори аввал тарҳи даиқиқ ва сареъи кӯлро Семёнов дар харита кашид ва сабт кард.
Зимистон рафту баҳор омад ва баъд тобистон. Семёнов коллексияҳои ботаникӣ ва геологии худро ба тартиб дароварда, ба сафари нав омода шуд. 21 июни соли 1857 бо ҳайати ҳамроҳонаш ба соҳили шарқии Иссиқкӯл баргашт ва ҳамроҳ бо 48 казак ва 12 сокини маҳаллӣ рӯ ба роҳ шуд. Онҳо мерафтанд ба самте, ки барояшон номаълум буд ва намедонистанд, ки ин масир барояшон чӣ армуғоне хоҳад дошт. Аммо медонистанд, ки ин ҳамон роҳи Тян-Шон аст.
Дар таърихи кашфиётҳои географӣ метавон ин экспедитсияро беназир номид. Он ҳамагӣ се моҳ идома дошт, вале натиҷаҳои ба дастомада аз он ҳайратангез буд. Баъди ин дигар парда аз асрори ин кӯҳҳои “пурасрор” бардошта шуд.
Хон – Тенгри.
Рӯзи чаҳоруми сафар пешорӯи сайёҳон Хон-Тенгри (ба маънои “шоҳи осмон” аст. Қалъае дар риштакӯҳи Тян-Шон) чеҳра во кард. Семёнов аввали таассуроташ аз дидани ин қулларо ин гуна ба қалам овард: «Аз ҷануби ҷое, ки мо қарор доштем, силсилакӯҳи боҳашамате қад афрохта буд. Силсилакӯҳе, ки ман то ин дам аслан дар ҷойе надида будам. Аммо ин риштакӯҳ саропо аз теғаҳои яхӣ иборат буд, теғаҳои бешумор дорад ва ман дар ҷойи ист на камтар аз сӣ адади онро шумурдам. Медидам, ки ин силсилакӯҳ бо як қабати бузурги барфҳо пӯшида шудааст, барфҳое, ки ба назар мерасид дигар ҳаргиз об намешаванд, балки сол ба сол болои худ барфи навро ҷо медиҳанд. Ва дар миёни ин қуллаҳои яхӣ як қулла фарқ мекард ва ба назар мерасид аҳроми барфпӯшест, ки болотар аз ҳамаи ин қуллаҳо ҷой гирифта буд”. Ин қулла бо баландии 6995 метр боз муддатҳо аз баландтарин қуллаҳои Тян-Шон ҳисобида мешуд. Аммо соли 1943 харитасозон ва пажӯҳишгарони ҷуғрофия эълон карданд, ки 20 км дуртар аз Хон-Тенгри қуллаи дигаре ҷой гирифтааст ва баландии он 7439 метр аст. Ва онро он замон қуллаи Победа (Ғалаба) ном гузоштанд. Шояд аз рӯи адолат мешуд агар ин қулла номи Семёновро мегирифт…
Он замон муосиронаш аз фаровонии маводҳои пажӯҳишии вай ангушти ҳайрат газида буданд. Танҳо маълумотҳои бидуни шарҳу тафсири оморӣ шаҳодати ин гуфтаҳост. Дар ин сафар ҳайати Семёнов 23 ағбаи кӯҳиро мавриди таҳқиқ қарор доданд ва баландии 50 қулларо муайян карданд. 300 намудани маъданҳои кӯҳӣ, маҷмаъи азими номгӯи ҳашароту молюскҳо, 1000 нусхаи рустаниҳои гуногун, ки исми бисёре аз онҳо он замон барои илм маълум набуданд, ҷамъоварӣ шуд. Дар гузоришҳо минтақаҳои алафзорро ҷудогона шарҳу тавсиф намуданд ва ин шарҳҳо дар оянда барои илми ботаника ва омӯзиши табиат кумаки зиёд карданд. Гузашта аз ин ду бурриши кундаланги геологиро кашф карданд, ки дар оянда он барои таҳқиқотҳои геологиву ҷуғрофии Осиёи Миёна ёрӣ расонд.
Ва ин охири далелҳои ғуншуда набуд. Онҳо баландии хати барфӣ дар Тян-Шонро низ дақиқ карданд, исбот шуд, ки яхҳои алпӣ дар ҳақиқат вуҷуд доранд, аммо тасаввуроти Ҳумболдт дар бораи минтақаи вулқонӣ будани Тян-Шон исбот нашуд ва муҳаққиқон ин бахши фарзияҳои олими олмониро инкор карданд.
Семёнов дар ин сафар ба дарки ин нукта расид, ки ин коре, ки экспедитсияи вай анҷом дод, ҳоло оғози пажӯҳишҳои бузургест ва омӯзишҳои оянда барои илм кашфиётҳои дигареро ба дунбол хоҳанд дошт. Аммо барои ин бояд ба минтақа чанди экспедитсия эъзом гардад.
Аммо вай мисли ҳазорон инсонҳои рӯи замин пешомади худ ва сарнавишташро намедонист. Намедонист, ки моҳи сентябр баъди хориҷ шудан аз Верний чӣ пешомаде ӯро интизор аст. Намедонист, ки дигар барояш муяссар намешавад, ки аз табиати дилфиреби яхкӯҳҳои Тян-Шон баҳра барад, паҳжӯҳишҳои худро ба охир расонад ва аз корҳои анҷомдодааш ҳаловат барад.
Ин замон бо дӯсти донишгоҳии вай (аз донишгоҳи Берлин) Адолф Шлагинтвейт боз ҳам бо ҳидояти Ҳумболдт тасмим гирифт ба Тян-Шон аз самти ҷануб, аз тарафи Ҳинд ворид шавад. Сайёҳи олмонӣ даштҳои Қароқурум ва кӯҳҳои Ҳимолойро гузашт. Кам монда буд, ки ба пажӯҳишҳо оғоз кунад, вале ҳокими Қошғар монеъ шуд. Ҳокими вақти Қошғар дар симои ҳар бегона душманро медид ва фармон дод, ки Шлагинтвейтро дар банд гиранд ва сарашро аз танаш ҷудо созанд. Ин фармон амалӣ шуд. Оре, фоҷеаи башар. Шояд олими олмонӣ пеш аз он ки сараш аз танаш ҷудо шавад, аллакай қуллаҳои осмонбӯсу барфпӯши Тян-Шонро медиду аз зебогии он ҳаловат мебурд? Кӣ медонад….
Аммо Семёнов ба муҷарради ба Петербург баргаштан, ба сафари нав омодагӣ гирифт. Вай тарҳи сафарашро барои солҳои 1860-1861 ба Ҷамъияти географии кишвараш пешниҳод кард. Аммо ноиби раиси Ҷамъият Ф. П. Литке ба ӯ гуфт, ки барои иҷрои тарҳи вай маблағи кофӣ дар ихтиёр надоранд, аз ин рӯ “гумон аст ба сафари онҳо иҷозат дода шавад”. Ва дар ҳамин ҳол Семёновро нопурсида аз ӯ ва ноогоҳона мудири корҳои Комиссияи таҳрир оид ба омодагирӣ ба ислоҳоти деҳқонӣ таъин намуданд.
«Акнун Семёнов барои илм мурда аст», – бо таассуфи амиқ изҳор намуд муҳаққиқи машҳури Осиёи Миёна Н. А. Севертсов. Вале ӯ дар пешгӯиҳои худ иштибоҳ карда буд, зеро намедонист, ки ҳамкораш аз қобилияти фавқулодаи кору фаъолият бархӯрдор аст.
Лозим аст ин ҷо аз чанд кори анҷомдодаи Семёнов мушаххасан ёдовар шавем. Дар омода кардани харитаи қисмати аврупоии Русия ва Қафқоз фаъолона ширкат мекунад. Фарҳанги бунёдии “Вожаномаи географӣ-оморӣ”-ро таҳрир мекунад ва барои ҳамин асари фавқулодда муҳим чандин мақолаҳои ҷолибро худи ӯ таълиф мекунад. Лоиҳаи оморгирии аҳолии Русияро тарҳрезӣ менамояд ва тибқи тарҳи вай ин оморгирӣ соли 1898 баргузор мешавад. Вайро бидуни шак метавон поягузори асосҳои географияи иқтисодии Русия донист.
Семёнов олими кӯшо буд ва агар имконоте фароҳам барояш меоварданд ва иҷоза медошт, корҳои зиёдеро ба сомон мерасонд. Ҳамон солҳо низ бо вуҷуди масруфияти корӣ фурсатҳои холиро сарфи сафарҳои кутоҳ ба гӯшаҳои кишвараш мекард. Аз гӯшаву канор навъҳои гуногуни гамбускҳоро ҷамъоварӣ кард ва мегӯянд дар поёни умраш теъдоди онҳо ба 700 ҳазор нусха расида буд ва инро калонтарин маҷмаъа дар олам медонанд.
Семёнов Ҷамъияти географии Русияро қариб ним аср сарварӣ кард ва ин солҳо таҳти роҳбарии бевоситаи вай ин ниҳод ба як “ситоди” ғайрирасмии географӣ табдил шуд, ки дар он олимони зиёде аз қабили П. А. Кропоткин, И. В. Мушкетов, Г. Н. Потанин, Н. М. Пржевалский, В. И. Роборовский, В. А. Обручев ва дигарон таҳқиқотҳои пурарзиши илмии худро мегузарониданд. Семёнов бо вуҷуди масруфи корҳои дигар будан роҳҳои экспедитсияҳои нави илмиро муайян мекард ва аз хазинаи давлат барои роҳандозии корҳои пажӯҳишиву иктишофӣ ва кашшофӣ пул мерӯёнид. Ва ин пешвои заминкушоёни рус маъмуриятҳои илмиро дар паҳнои он замон номаълуми Помир ва Тибет, Муғулистон ва Чин, Осиёи Марказӣ ва Сибири Шарқӣ бо камоли таваҷҷӯҳ пайгирӣ мекард.
Писари Пётр Петрович Вениамин, географи мумтоз ва мутахассиси соҳаи омор, дар фикри сохтани роҳнамои муфассали Русия меафтад ва падар ин ғояро меписандад ва пешниҳод мекунад, ки шарҳи муфассали бисёрҷилдаи географии мамлакатро омода созад. Ва соли 1899 ҷилди аввали нашрияи машҳури «Русия. Тавсифи умумии географии давлати мо» интишор меёбад. Асар мебоист тибқи нақша дар 22 ҷилд дастраси хонандагон мешуд, вале танҳо 13 ҷилди он чоп ва ба дасти хонанда мерасад. Вале ҳамин ҷилдҳои чопшуда ҳам бо ҳама нотамомиву камиву костӣ асарҳои беназиру муътабар буданд ва барои рушди илми ҷуғрофӣ дар Русия мусоидат карданд.
Соли 1906 ба ифтихори 50-солагии аввалин сафари Семёнов ба Тян-Шон ҳукумат бо судури як фармон ба ин хонавода иҷозат медиҳад, ки худро Семёнов-Тян-Шонский унвон кунанд.
Семёнов умрашро бо пажӯҳишҳои муҳим ба поён расонд ва чун як олими машҳур шуҳрат пайдо кард. Дар замоне, ки дар қайди ҳаёт буд, дар бештар аз 60 академия ва муассисоти илмии Аврупо ва Русия узвият дошт ва ё узви ифтихорӣ буд. Номаш дар 11 мавзуъи муҳими географии Осиё, Амрикои Шимолӣ ва Шпитсберген сабт шуд, дар Олтойи Муғулистон қуллае ба номи вай номгузорӣ шуд.
Семёнов барои рушди илми ҷуғрофия дар Русия хидматҳои шоиста кардааст. Вай аввалин олиме буд, ки назарияи географияро ба вуҷуд оварда, онро чун илме мавриди баҳсу баррасӣ қарор дод, ки манзараҳои лоҳидаро маҷмаъӣ меомӯзад. Мафҳқумҳое чун «ҳомун», «пуштакӯҳ», «суфакӯҳ», «доманакӯҳ», «ҳавза» «силсилакӯҳ» ё “риштакӯҳ”, ки имрӯз маълуманду омӯхта мешаванд ва дар замони хосу ом ҷорианд, аз ҷониби вай чун истилоҳоти ҷуғрофӣ ба ин илм зам карда шудааст.
Семёнов-Тян-Шонский 26 феврали соли 1914 бар асари илтиҳоби шуш аз олам рафт. Он замон вай 87 сол дошт. Тавре ҳамсолонаш баъдҳо дар хотироташон навиштаанд, нерӯи шигифтангези эҷодӣ, ақли расову хотираи мустаҳкам то охирин лаҳзаҳои умраш бо ӯ буданд.
Семёнов-Тян-Шонский дар тӯли умр соҳиби ҷоизаҳои зиёде шуда буд, вале бештар бо нишони Карл Риттер, ки Ҷамъияти географии Берлин ба ӯ бахшида буд, ифтихор мекард. Маъмулан ин нишонро аз нуқра тайёр мекарданд. Вале дар таърих танҳо як маротиба онро аз тилло сохтанд ва он барои Пётр Петрович Семёнов-Тян-Шонский буд.
Пётр Семёнов ду маротиба издивоҷ кард. Бори аввал бо Вера Чулкова хонадор шуд, аз онҳо писаре ба дунё омад, ки Дмитрий номиданд. Вале ним сол баъди таваллуд Вера аз беморӣ фавтид. Соли 1861 бо духтари яке аз дӯстони наздикаш бо номи Елизавета ҳамхона шуд. Аз ин издивоҷ онҳо соҳиби 7 фарзанд шуданд, ки ду тани онҳо дар бачагӣ бар асари беморӣ фавтиданд. Аз панҷ писар соҳиби 30 набера шуд. Модаркалони П.Семёнов Мария Петровна Бунина хоҳари шоира Анна Петровна Бунина (1774-1829) буд.
Таҳияи Бобоҷон Шафеъ,
бо истифода аз маводҳои
энсиклопедияҳо ва
Донишномаи озод.