Саҳми занон дар рушди илм

Фарзонаи МирзоеваМақолаи ҳамкорамон Фарзонаи Мирзоева, сардори «Маркази забони тоҷикӣ ва омўзиши забонҳои хориҷӣ» дар рӯзномаи “Ҷумҳурият бо номи “Маориф. Саҳми занон дар рушди илм тақвият меёбад” чоп шуд. Бо арзи сипос ба дастандаркорони рӯзномаи “Ҷумҳурият” шакли комили мақоларо ин ҷо меорем.

Яке аз бахшҳое, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуда буданд, ин баланд бардоштани мавқеи занону бонувон дар сиёсати давлат аст, ки пайгирии ин масъала боиси сарфарозии мо бонувону занон аст.

Имрӯз рушди тамоми соҳаро бидуни ширкати занону духтарон тасаввур кардан номумкин аст. Албатта, бо дастгириву ҳидояти бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону духтарон дар ҷомеа мақоми назаррасе пайдо намудаанду бо ифтихор кору фаъолият мекунанд. Боиси сарбаландиву сарфарозист, ки президенти маҳбубамон меҳнати мо бонувону занонро қадр карда, нисбати фаъолияти мо назари неку хуб доранд ва қобилияту истеъдод ва садоқату ҷасорати ҳар як нафари моро хуб дарк мекунанд.

Бояд зикр намоем, ки 11 феврал бо қарори Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид Рӯзи байналмилалии бонувону духтарон дар соҳаи илм эълон гардидааст.

Рӯзи байналмилалии бонувону духтарон дар соҳаи илм барои бартараф кардани монеаҳо ва кӯмак расонидан ба занони олам, баробарҳуқуқии гендерӣ, эътирофи саҳми занон дар рушди илм ва корҳои илмии онҳо, ҷалби онҳо ба илм, дар баробари пешрафт ва интихоби ихтисосҳои маъмултарин барои худ таъсис дода шудааст.

Дар замони соҳибистиқлолӣ бонувони кишвар дар баробари мардон номуси ватандорӣ, ватандӯстиро бар дӯши худ гирифта, дар тамоми соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат кору фаъолият карда, бо ташаббусҳои созандаву бунёдкории хеш дар Тоҷикистони азизамон саҳм гузоштаанд. Гарчанде имрўз занону мардон дар ҷомеаи мо баробарҳуқуқанд, аммо масъулияти занони тоҷик нисбати мардон бештару пештар аст.  Чун зани тоҷик қабл аз оне, ки ба илм сару кор гираду олим шавад, пеш аз ҳама ўро месазад, вазифаи ҷонии худ, ки дар хонавода бар дўши ўст, иҷро намояд. Масалан, зани имрўзаи тоҷик қабл аз ҳама бояд ҷамъу гири хона, шустушў, руфту рўб, пухту паз, тарбияи дурусти фарзандонро бар ўҳда дорад. Дар давлатҳои Ғарб чунин уҳдадориҳои занону мардон чӣ дар хона ва чӣ дар коргоҳ баробаранд. Аммо бар ин ҳама нигоҳ накарда, занони мо кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки аз сафи мардон қафо набошанд, онҳо дар ҷодаи илму маърифат пайроҳа меҷўянд, гарчанде ин ҳама масъулияти бузургро тақозо менамояд. Ҳамаи ин масъулияти зиёди зани тоҷикро Пешвои маҳбубамон ба инобат гирифта, нисбати занону бонувон таваҷҷўҳи хоса зоҳир менамоянд.

Газетаи-ЧумхуриятРаванди баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ як нуктаи бисёр муҳимро собит менамояд, ки дар натиҷаи муносибати ҷиддии модарону бонувони мо дар масъалаи китобхонии фарзандон, хусусан, аз байни духтарон истеъдодҳои нодир ба воя расида истодаанд ва мо бояд онҳоро ҳамаҷониба дастгириву ҳавасманд гардонем, қайд намуда буданд муҳтарам сарвари давлатамон дар баромади хеш. Муддати панҷ соле, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» дар кишварамон доир гардид, танҳо соли аввали озмун ғолиби “Шоҳҷоиза” ҷавонписар буд, он  се “Шоҳҷоиза”-и дигарро духтарон ба даст овардаанд. Аллакай худ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки бонувону занон дар ҷодаи илм пешсафтаранд.

«Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ яке аз дастоварҳои нодири Истиқлолият маҳсуб меёбад, ки назираш дар ҳудуди Осиёи Марказӣ набуду нест. Бино бо тарҳи замонавӣ ва тамоми талаботи муосир муҷаҳҳаз гардонида шуда, он дар қалби пойтахтамон Душанбеи нозанин ҷой гирифтааст. Имрўз дар  Китобхонаи миллии Тоҷикистон зиёда аз 500 нафар кору фаъолият мекунад,  ки беш аз 70 дарсади  кормандони онро бонувону занон ташкил медиҳанд. Ин гуфтаҳо худ гувоҳи он аст, ки мавқеи занону бонувон дар системаи фаъолияти давлату давлатдорӣ сол то сол устувортар мегардад.

Боз рў меорем ба суханони зебову пурмуҳтавои роҳбари маҳбубамон. Сарвари давлат дар яке аз Паёмҳои хеш, ки  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуда буданд, зикр намуданд, ки «то вақте ман сари мансаб ҳастам, сиёсати боло бурдани мавқеи занону бонувонро дар системаи давлату сиёсат ҷонибдорӣ мекунам».

Ин гуфтаҳо худ гувоҳи онанд, ки таваҷҷўҳи роҳбари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати пешбурди сиёсати занон дар  давлату миллат басо назаррас аст.

Мо бонувони фаъоли насли истиқлол бо як ифтихор шукр аз он мекунем, ки имрӯзҳо даҳҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ба тасвиб расида, иҷроиши он таҳти назорати бевоситаи  Пешвои миллатамон мебошад. Мо аз он ифтихормандем, ки Ҷаноби Олӣ дар ҳар як баромади худ нисбати нақши созандаву ободкор доштани занон эътимод ва боварии комил дошта, мо занону модаронро пайваста пуштибониву дастгирӣ мекунанд.

Пас, мо бонувони фаъоли Китобхонаи миллиро месазад сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлатро ҷонибдорӣ намуда, кўшиш ба харҷ диҳем, баҳри ин сарзамину ин давлати хеш хизмат намуда, саҳми худро барои шукуфоии ин миллату давлат, ки номаш Тоҷикистон аст, гузошта бошем.

Фарзона Мирзоева, сардори «Маркази забони тоҷикӣ ва омўзиши забонҳои хориҷӣ»-и «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.