3-уми декабр Рӯзи ҷаҳонии маъюбон

Дар асоси Эъломияи 47/3 Созмони Милали Муттаҳид, аз соли 1992 инҷониб дар тамоми кишварҳо, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии маъюбон ҷашн гирифта мешавад.

         Дар Рӯзи байналмилалии маъюбон дар тамоми кишварҳо таваҷҷӯҳи аҳли ҷомеа  ба ҳалли         масъалаҳои ҳамгироии одамони имконияташон маҳдуд, огоҳии мардум оид ба мушкилоти чунин ашхос равона мегардад, ки ин дар маҷмуъ барои дастгирии  ҳаматарафаи маъюбон аз ҷониби аҳли ҷомеа мусоидат менамояд.

        Дар Рӯзи байналмилалии маъюбон ба муасисаҳои Созмони Милали Муттаҳид, ниҳодҳои дахлдори давлатҳо, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандии кишварҳои ҷаҳон, муассисаҳои таълимӣ тавсия дода мешавад, ки дар гузаронидани чорабиниҳои мухталиф бо иштироки маъюбон мусоидат намоянд.

       Дар айни замон дар ҷаҳон 80% маъюбон дар кишварҳои рӯ ба инкишоф зиндагӣ мекунанд, ки аз онҳо 10% кудакон ба ҳисоб мераванд.

       Бояд қайд намуд, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид барои ҳифзи манфиатҳои маъюбон ҳуҷҷати муҳимми “Стратегияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳамгироии маъюбон” қабул гардидааст. Соли 2019 Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутериш оғози татбиқи “Стратегия Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳамгироии маъюбон”-ро эълон кард ва айни замон амалисозии он дар кулли кишварҳои дунё идома дорад. Дар моҳи октябри соли 2021 Дабири кулли СММ маърӯзаи худро дар мавриди татбиқи Стратегия мазкур дар соли 2020 пешниҳод намуд, ки ин таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба ҳифзи манфиатҳои маъюбон мебошад.

       Вобаста ба ин, ҷалби ашхоси имконияташон маҳдуд ба ҳаёти ҷомеа шарти муҳимми ҳифзи манфиатҳои маъюбон ва таъмини иштироки онҳо барои саҳмгузорӣ дар рушди устувори  давлатҳо мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Созмони Милали Мутаҳид  мебошад. Бо назардошти ин, дар кишвари мо низ ҳамасола санаи  3-юми декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии маъюбон ҷашн гирифта мешавад. Мақсад аз таҷлили Рӯзи байналмилалии маъюбон ҷалб намудани таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа,  ташкилоту идораҳо ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба мушкилоти  маъюбон, ҳамчунин, ҳифзи иҷтимоии маъюбон ва муҳайё намудани шароити муносиб  барои ашхоси имконияташон маҳдуд мебошад.

Дар баробари ин,  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 қайд намуданд, ки ҳоло дар мамлакат 5277 нафар ятимони кулл ва 74 ҳазор ятимон зери сарпарастии давлат қарор доранд, ки таҳти ҳимояи иҷтимоии давлат ва Ҳукумати кишвар мебошанд. Оре, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии ин қишри осебпазири аҳолии мамлакатро асоси сиёсати хирадмандонаашон қарор дода, ятимону маъюбон ва пиронсолони барҷомондаро таҳти назорати домии хеш гирифта, мунтазам барои таъмини вазъи иҷтимоии онҳо саҳми муносиб  мегузоранд.

Воқеан, дар  кишвари мо барои дастгирии мунтазам ва ҳифзи иҷтимоии маъюбон қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон № 675 аз 29 декабри соли 2010  қабул гардида, татбиқ мегардад.  Ҳамзамон, ба қонуни мазкур аз 17 декабри соли 2020 № 1739 тағйироту иловаҳо ворид намуда, ба талаботи ҳифзи манфиатҳои бештари маъюбон мутобиқ гардонида шудааст.

Дар боби 4 қонуни мазкур, дар банди 15  қайд гардидааст: “ба маъюбон дар муассисаҳои давлатии тиббию иҷтимоӣ ба таври ройгон ё имтиёзнок бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрии тиббӣ расонида мешавад”.  Инчунин моддаи 16 қонуни мазкур ба масъалаҳои табобати санаторию курортии маъюбон ва моддаи 17 ба масъалаҳои муҳайё намудани шароити  таҳсил ва касбомӯзӣ ба маъюбон бахшида шуда, қайд гардидааст: “Давлат дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маъюбон муҳайё намудани шароити заруриро барои таҳсил ва касбомӯзӣ кафолат медиҳад”.

Дар баробари ин, дар моддаи 29 қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон”, ки ҳуқуқи  маъюбон ба таъминоти иҷтимоӣ ном дорад, дар 4 банд чунин муқаррарот пешбинӣ гардидааст:  “Маъюбон ба гирифтани нафақа, кӯмакпулӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳуқуқ доранд; маъюбоне, ки кор мекунанд, новобаста ба гирифтани  нафақа ба тамоми намудҳои кӯмакпулӣ аз рӯйи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ, аз ҷумла ба кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ  ҳуқуқ доранд”.

Ҳамин тавр, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат дастгирии ҳаматарафаи маъюбонро асоси сиёсати иҷтимоии давлат қарор дода, ҳифзи манфиатҳои ашхоси имконияташон маҳдудро таҳти ҳимояи мунтазами хеш қарор дода, дар ҳаққи ин табақаи осебпазири ҷомеа ғамхорӣ менамоянд, ки ба аҳдофи амалисозии талаботҳои “Стратегияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳамгироии маъюбон” мутобиқ аст.

Бо назардошти ин, вазифа ва қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди худшиносу худогоҳи ҷомеаи Тоҷикистон – ин дастгирии доимӣ ва ғамхорӣ нисбати маъюбон, таъмини имконияти баробари ҳаёт ва мусоидат барои ҳамгироии онҳо бо тамоми қишрҳои ҷомеаи кишвар, ҳамчунин ҷалби онҳо ба китобхонӣ ва такмили ҷаҳонбинию маънавиёташон мебошад.

 Маҳбуба Алиева – мутахассиси шуъбаи

 хизматрасонӣ ба маъюбон.