Армуғони озмун. Сафина Домуллоҷонова. Қироати шеър бо забони белорусӣ

Номинаи адабиёти ҷаҳон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон рўзи дуввум аст, ки ҷараён дорад. Сафина Домуллоҷонова иштирокдори дигари номинои адабиёти ҷаҳон аст, ки дар синфи 11- и литсейи инноватсионии шаҳри Душанбе таҳсил мекунад. Ў ғайр аз забони модарияш забонҳои русиро медонад ва ба омўзиши забонҳои англисиву итолёӣ низ оғоз кардааст.

Дар озмун бо вуҷуди он, ки ба суолҳои ҳакамони сахтгир озодона ва бо садои боварбахш посухҳои қаноатбахш дод, ба ҳаяҷон омада, баъзе асарҳои хондаашро фаромўш кард. Пас аз анҷоми суолҳо аз ҳакамон хоҳиш намуд, то иҷоза диҳанд ба саволҳои қабландодашуда ҷавоб диҳад.

Аз толор берун шудан замон, бо ў ҳамсуҳбат шудам.

  • Сафина чӣ таасурот дорӣ?

– Шукр, ҳамааш хуб гузашт. Фақат баъзе чизҳои хондаамро фаромўш намудам.  210 китоби бадеӣ ва 300 байт аз бар кардам. Нависандаи писандидаам Виктор Ҳуго ва аз шоирон ашъори шоир Абдулло Орифов хушам омада.

Ин қадар китоби зиёдро дар муддати чанд вақт хондӣ ва кӣ кўмак кард бароят?

– Аз хурдӣ китоб мехондам, вале бештар афсона. Барои озмун дар семоҳаи таътил ба хондан машғул шудам ва дар ин кор устодам  Муриватшоҳ Анваров кўмак кард, инчунин худам аз китобхонаҳо, аз ҷумла, китобхонаи Лоҳутӣ, Китобхонаи миллии Тоҷикистон китобҳоро пайдо карда, мутолиа кардам. Баъзеяшро дар шакли электронӣ хондам.

Чаро ин номиноро интихоб кардӣ?

– Чун шавқовар аст, гузашта аз ин ба адабиёти ҷаҳон таваҷҷўҳам аз аввал буд. Бештар адабиёти хориҷиро хондан боз аз он сабаб муҳим аст, ки бо фарҳанг ва зиндагии мардуми ҷаҳон ошноӣ пайдо мекунӣ.

Чӣ гуна дар хотират муҳтавои асарҳои хондаат монд?

– Такрор мекардам, дар дафтар менавиштам ва бодиққат хондам. Аз ҳамин сол оғоз кардам мутолиаи китобҳоро, бештар дар семоҳаи таътил чун фурсат кам буд барои мутолиа.

Асарҳои адибонеро интихоб кардӣ, ки дарки баъзеяшон барои синни худат мушкил аст…

– Баъзеяшро чанд маротба хондам баъд фаҳмидам. Масалан Кафка асараш «Замок». Аз китобҳои хондаам «Великий Гетсби» писандам омад.

Бо забони белорусӣ шеъри Шоири Халқии Белорус Максим Танкро қироат намудӣ. Пешниҳоди кӣ буд?

– Шеър бо забони асл зеботар аст ва ин пешниҳоди устодам буд.

Раҳима Аъзам,

шуъбаи чорабиниҳои фарҳангӣ