363 сол пеш, 30 август донишманди маъруфи Ҳинд, шоҳзода ва подшоҳи ин кишвар Дорошукўҳ ба қатл расида буд

  363 сол пеш аз, дақиқан рӯзи 30 августи соли шоир, насрнавис, мутарҷим, донишманд ва подшоҳи Ҳиндустон, писари бузурги Шоҳҷаҳон Дорошукўҳ ба қатл расид. Дар китобҳои «Сафинату – л – авлиё» ва «Сакинату – л – авлиё» Дорошукўҳ оид ба таърихи ислому тасаввуф, интишори ҷараёнҳои гуногуни тасаввуфӣ дар Ҳиндустон, намояндагони онҳо ва асосҳои фалсафии силсилаи қодирия маълумот додааст. Дар ин асарҳо дар бораи зиндагиву осори бисёре аз шоирону донишмандони форсизабони Ҳиндустон, ки ба ҷараёнҳои тасаввуфӣ гаравида буданд, ахбори муҳим дарҷ гардидааст. Дар асарҳои «Ҳасаноту – л – орифин», «Тариқату – л – ҳақиқат», «Рисолаи ҳақнамо», «Рисолаи мафиф» ва «Муколамаи Бобо Лал Дос» ташаккулу такомули ақоид динии Дорошукўҳ инъикос ёфтааст.

***   ***   ***

 Муҳаммад, мулаққаб ба шоҳи Баландиқбол, мутахаллис ба Қодирӣ 20-уми марти соли 1615 ба дунё омадааст. Шоир, насрнавис, мутарҷим, донишманд ва подшоҳи Ҳиндустон. Писари бузурги Шоҳҷаҳон. Дорошукўҳ фармондор (наввоб, субадор) – и Аллоҳобод (1645 – 48), Гуҷарот (1648 – 52), Мултону Кобул (1652 – 57), Биҳор (1657 – 58) буд. Дар охири давраи ҳукмронии падараш Шоҳҷаҳон, Дорошукўҳ валиаҳд  эълон гардид, вале бародараш – Аврангзеб ва Муродбахш ба ин ҳукм зид баромаданд.

         Муродбахш бо Аврангзеб муттаҳид шуда, дар набарди зидди Дорошукўҳ шикаст хурданд. Дорошукўҳ баъди ғалаба ва маҷрўҳ шудани филаш ба асп савор шуд, ки ин амалро лашкариёнаш нишонаи нотавонии ў пиндоштанд ва аз майдони набард фирор карданд. Дорошукўҳи ғолиб мағлуб гардида, ночор ба Лоҳур ақибнишинӣ кард. Баъди ба дасти Аврангзеб сарнагун шудани Шоҳҷаҳон (1658) Дорошукўҳ хост ба Эрон панаҳ барад, вале ба дасти як ашрофии афғон асир афтода, ба Ҳиндустон назди Аврангзеб бурда шуд. Дорошукўҳ аз дасти Аврангзеб бо ҷурми бидъатӣ ва муртадӣ ба қатл расонида шуд.

Дар асл Дорошукўҳ ҳаргиз орзуи ба қудрат расиданро дар сар намепарварид, муқобили ҳар гуна тавтеа ва исён буд. Аз кўдакӣ ў ба мутолаа, донишандўзӣ майлу рағбат дошт. Баробари забонҳои форсию арабӣ ва илмҳои анъанавии исломӣ, забонҳои санскрит, ҳиндӣ, ибронӣ, дину фалсафа, санъату адабиёти Ҳинд, Ведаҳо, Таврт, Инҷилро ба хубӣ омўхта буд. Дар ҷавонӣ ба тасаввуф – ирфон майл намуд. Дар омўзиши  ирфон ба яке аз орифони маъруфи аҳди хеш Сайидои Сармад ва Муллошоҳи Бадахшӣ иродат дошт. Дорошукўҳ ба мисли Муллошоҳи Бадахшӣ ба тариқати қодирия мансуб ва дар шеър Қодирӣ тахаллус  карданаш аз ҳамин ҷост.

Дар тўли умри кўтоҳаш Дорошукўҳ осори фаровони бадеӣ, илмӣ ва фалсафӣ таълиф намуд, ки дар онҳо мавзўъ ва масъалаҳои гуногун матраҳ гардиданд. Дар китобҳои «Сафинату – л – авлиё» ва «Сакинату – л – авлиё» Дорошукўҳ оид ба таърихи ислому тасаввуф, интишори ҷараёнҳои гуногуни тасаввуфӣ дар Ҳиндустон, намояндагони онҳо ва асосҳои фалсафии силсилаи қодирия маълумот додааст. Дар ин асарҳо дар бораи зиндагиву осори бисёре аз шоирону донишмандони форсизабони Ҳиндустон, ки ба ҷараёнҳои тасаввуфӣ гаравида буданд, ахбори муҳим дарҷ гардидааст. Дар асарҳои «Ҳасаноту – л – орифин», «Тариқату – л – ҳақиқат», «Рисолаи ҳақнамо», «Рисолаи мафиф» ва «Муколамаи Бобо Лал Дос» ташаккулу такомули ақоид динии Дорошукўҳ инъикос ёфтааст.

         Дорошукўҳ  мутаъқиди «Сулҳи кулл»- и байни халқҳои гуногуни Ҳиндустон буда, дар «Маҷмаъу – л – баҳрайн» ном асараш кўшидааст, ки зарурати иттиҳоди мусулмонону ҳиндуҳо ва пайравони дигар динҳоро дар дохили давлати ягонаи Темуриёни Ҳинд аз ҷиҳати назарӣ асоснок намояд. Ин асар дар заминаи ҳамаҷониба омўхтани афкори фалсафии мусулмонону ҳиндуҳо таълиф гардидааст. Девони ашъори Дорошукўҳ «Иксири Аъзам», ғазалҳо, рубоиҳо ва фардҳои иншокардаашро дар бар мегирад. Аксар ашъори Дорошукўҳ хусусияти тасаввуфӣ доранд. Хатти настаълиқро ба камоли маҳорат менавишт. Андешаҳояшро оид ба ҳунари рассомӣ ва хаттотӣ дар муқаддимаи китоби «Мураққа» баён намудааст. Дар ин китоб намунаи хату расмҳои рассомону хатотони маъруфи он давр фароҳам омадаанд. Дорошукўҳ асосгузори тарҷумаи илмӣ дар Ҳиндустон ба шумор меравад. Бо кўшиши ў якчанд асари қадимии ҳиндӣ «Йога – васиштҳа». Упанишад, ки ба унвони «Сири Акбар» навиштааст, аҳамияти  ин асарро чун ҳадяи илоҳӣ ба мардум хотиррасон сохтааст.

Душманони Дорушукўҳ ва мусулмонони мутаасиб дилбастагии  ўро ба Упанишадаҳо ва муқаддимаи ба асар навиштаи ўро чун рўйгардонӣ аз дини ислом маънидод мекарданд. Донишмандони Ҳиндустону Эрон тарҷумаи форсии Дорушукўҳро дар Эрон ба табъ расонданд. Тавассути тарҷумаи форсии Дорушукўҳ Упанишадаҳоро дар Аврупо муҳақиқи фаронсавӣ Анкетил Дюперрон ба забонҳои лотинӣ ва фаронсавӣ ба табъ расонид.

Дорошукўҳ 30-юми августи соли 1659 ба қатл расонида шудааст.

 Муаллифон А. Алимардонов, Ҳ. Камол.

Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2017. – Ҷ.6. – С. 159.

Таҳияи Дилороҳ Сайдамирова

корманди шуъбаи библиографияии миллӣ.