БО БАЧАҲО. Распе Рудолф Эрих. Қиссаҳои Барон Мюнҳаузен. Бахши 3

 Кист Барон Мюнҳаузен? Шахсияти достонӣ ва ашрофзодаи Олмон аст, ки соли 1785 тавассути нависандаи олмонӣ Рудолф Эрих китоби ривоятҳои ӯ аз сафари шигифтангези худ ва муборизаҳо дар Русия таҳияи шудааст. Номи ӯ баъдан дар саросари олам чун шахсе, ки аз ҳаводиси боварнакарданӣ қиссаҳои ҷолиб мебофад, машҳур шуд.

Қисми дуюми китоби “Қиссаҳои Барон Мюнҳаузен соли 2020 чоп шудаву ҳоло онро метавон дар толори хониши кӯдакон ва наврасон пайдо ва мутолиа намуд.

                                      Хидматгорони аҷоиби ман

 

            Киштие, ки маро наҷот дод, ҷониби Туркия шино кард.

            Итолиёиҳо, ки маро пайдо карда буданд, ҳамоно пай бурданд, ки ман одами ғалатиам. Онҳо илтимос карданд, ки дар киштӣ монаму ҳамроҳашон бошам. Розӣ шудам. Баъди як ҳафта мо ба соҳили кишвари Туркия расидем.

            Султони туркон аз омадани ман хабардор шуд ва даъват намуд, ки якҷоя хўрок хўрем. Вай маро дар остонаи қасраш пешвоз гирифта, гуфт:

            – Барон Мюнҳаузен, хушбахт ҳастам, ки шуморо дар пойтахти бостонии кишвари худ хайрамақдам мегўям. Сиҳату саломат ҳастед? Ҷавонмарди қаҳрамон буданатонро ёд дорам. Агар розӣ бошед, дар ҳалли як кори душвор ёрӣ мерасонидед. Аз уҳдаи ин кор ба ғайр аз шумо каси дигар намебарояд. Шумо донотарин ва зирактарин одами рўйи замин ҳастед. Ҳозир барои сари қадам ба Миср рафтан омадаед?

            – Бо ҷону дил, – розӣ шудам ман. – Саёҳат карданро чунон дўст медорам, ки ҷаҳонро давр зада биё гўед ҳам, тайёрам.

            Ҷавоби ман ба султон хуш омад. Вай ба ман як супориш дод, супориши махфӣ, чунон махфӣ, ки садсолаҳо гузарад ҳам, набояд касе аз он огоҳ шавад.

            Аз ин сабаб ман наметавонам онро ошкор намоям. Оре, оре, султон ба ман бовар карда, як асрори бузурги худро гуфт, зеро дар олам барои ў аз ман одами бовариноктар нест. Ба султон таъзим карда, ҷониби Миср роҳ пеш гирифтам.

            Аз пойтахти Туркия дур нарафта, як одамчаро вохўрдам. Вай басо тунд медавид. Ба ҳар ду пояш яктоӣ санги вазнин баста буд, бо вуҷуди ин мисли тир мерафт.

            – Куҷо равонӣ ? – Пурсидам ўро. – чаро ба поят санг бастӣ? Бо ин аҳвол давидан душвор аст.

            – Се дақиқа пеш дар шаҳри Вена будам, – давон-давон ҷавоб дод одамча. – Акнун ба Константинопол меравем, ки ягон кор пайдо кунам. Сангҳоро барои он бастам, ки аз ҳад зиёд тез надавам. Саросема нестам, шитоб чӣ лозим?

            Ин одамчаи аҷоиби тездав ба ман маъқул шуд. Ўро ба хидмати худ гирифтам. Вай розӣ шуда, аз пасам омад.

            Рўзи дигар як одами дигарро вохўрдем, ки дар канори роҳ гўшашро ба замин пахш карда, парў хобида буд.

            – Ба чӣ кор машғўлӣ? – пурсидам ўро.

            – Сабзидани сабзаҳо гӯш мекунам,-ҷавобдод ӯ.

Сабзидани сабзаҳоро? – бовар накардам ман.

            – Бале, бемалол мешунавам. Ин барои ман як кори муқаррарист.

            – Ин тавр бошад, марҳамат карда, ба хизмати ман биё. Гўши тезшунави ту дар ин роҳ даркор шуда мемонад.

            Вай розӣ шуд. Мо роҳамонро идома додем.

            Ба зудӣ як шикорчиро вохўрдем, ки дар дасташ камон буд.

            – Гўш деҳ, – муроҷиат кардам ба ў, – гирду атроф ягон дарандаю паранда нест, ту чиро нишон гирифтаӣ?

            – Дар боми калисои шаҳри Берлин як гунҷишк нишастааст. Чашми ҳамон гунҷишкро нишон гирифтаам.

            Шумо медонед, ки ман ҳам дўстдори шикорам. Ин мергани моҳирро ба оғўш кашида, хоҳиш кардам, ки дар хидмати ман бошад. Вай ҳам ба хушҳолӣ розӣ ва аз паси ман равон шуд.

            Ҳамин тавр, чанд кишвару чанд шаҳри оламро гузашта, ба канори як бешаи анбўҳ расидем. Ин ҷо як одами бузургҷусса истода буд. Вай арғамчини дарозеро ба гирди беша печонида буд.

            – Ту ба чӣ кор машғулӣ? – пурсидам ўро.

            – Барои ҳезум омадам, – ҷавоб дод вай, – лекин табар дар хона мондааст.

            Ҳамин бешаро аз беху бунаш канда, ба хона бурдан мехоҳам.

            Вай инро гуфту арғамчин кашид. Ҳазор-ҳазор дарахти булут мисли хаси борикак решакан шудаву  ба фазо парида, дубора ба замин афтидааст.

            Албатта, хасисӣ накарда, ба ин паҳлавон маоши хуб ваъда кардам ва ўро ҳам ба хидмат гирифтам.

            Чун ба Миср расидем, тўфон хест, тўфони даҳшатнок фойтунҳои моро ҳамроҳи аспҳо чаппагардон кард.

            Каме дуртар як осёб будааст. Чархҳои ин осёб бо суръати басо баланд чарх мезаданд .

            Дар сари тал як одам бо ангушт сурохии чапи биниашро пўшида, каҷпаҳлу зада буд. Вай маро дида, боадобона аз ҷой хест. Тўфон ҳамоно басанда шуд.

            – Ба чӣ кор машғулӣ? – пурсидам ўро.

            – Осёби хўҷаинамро давр мезанонам, –ҷавоб дод ў. – Барои он ки чархаш нашиканад, сахт пуф намекунам, яъне фақат бо як почаи бинӣ пуф мекунам.

            «Ин одам даркор шуда мемонад», – гуфтам ба худ ва хоҳиш кардам, ки ҳамроҳи мо бошад.

Таҳияи Шабнами Мустафо

                 МАТОЛИБИ ҲАМСОН: