60 нафар хонандагони хурдсоли мактаби хусусии “Абдурраҳмони Ҷомӣ” бори аввал ба Китобхонаи миллӣ омаданд
Бештар аз 60 нафар шогирдони муассисаи таълимии хусусии “Абдурраҳмони Ҷомӣ”-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз Китобхонаи миллӣ дидан карданд.
Ойиша Давлатзода, Парвина Мирзоева ва Фарида Абдуллоева -омӯзгорони муассисаи мазкур, дар суҳбат ба роҳбаладон иброз доштанд, ки ташкили сайёҳати хонандагон ин пеш аз ҳама дар доираи чорабиниҳои ҳафтаи китоб буд. Ҳадаф ба хонандагон нишон додани бузургтарин маъхази китоби кишвар буд, то онҳо дар оянда тавонанд ин роҳро бехато биёбанд ва як масири омӯзишӣ дар зиндагии ҳар кадоми онҳо бошад.
Нахуст хонандагони хурдсоли мо сайёҳатро аз шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон оғоз намуданд, ки толори мазкур маҳз барои онҳо сохта шудаву бо садҳо номгӯ китобҳои чопии кӯҳнаву нав ва компутерҳо муҷаҳҳаз шудааст. Дар ин толор хонандагони хурдсол шуруъ аз синни 5 – сола то 16 – сола имкони дастёбиро ба манобеи чопӣ ва электронии фондҳои Китобхонаи миллӣ ва дигар китобхонаҳову марказҳои иттилоотии ватаниву хориҷӣ пайдо менамоянд.
Ба хонандагони ҷавон гуфта шуд, ки ин толори хониш дорои 45 ҷойи нишаст мебошад ва барои хонандагони синни томактабӣ ҳуҷраи махсус ҷудо карда шудааст. Тавассути барномаҳои маърифатии компютерӣ дарсҳои омўзиши ҳарфҳо, маҳфилҳои расмкашӣ ва дигар машғулиятҳои шавқовар баргузор мегарданд, ки дар маҷмўъ барои инкишофи майлу рағбати китобхонии хурдсолон мусоидат менамоянд.
Ба хонандагон ва устодони онҳо ҳамчунин дигар толорҳои хониш нишон дода шуд. Роҳбаладон онҳоро бо шароити Китобхонаи миллӣ чун як маркази фарҳангиву маърифатӣ ошно карданд.
Абдуғаюр САЛОМОВ.