65 соли Нависандаи халқии Тоҷикистон Гурез Сафар
Дар остонаи як паёми деринтизор Нависандаи халқии Тоҷикистон Гурез Сафарро ба муносбати 65-уми солгарди баҳори умр табрик мегӯем.
ГУРЕЗ САФАР, шоир, нависанда, очеркнавис, мақоланавис, фелетонавис, танзнавис, Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода, фарзанди гиромии Шоири халқии Тоҷикистон Ашӯр Сафар 10-уми майи соли 1960 дар шаҳри Кӯлоб дида ба олам кушод.
Соли 1983 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Баъдан корманди илмии ҳамин донишгоҳ, роҳбари бадеии Қасри маданияти Кӯлоб, мусаҳҳеҳи нашриёти «Маориф», мусаҳҳеҳи калон, муҳаррир, муҳаррири пешбар ва мудири шуъбаи адабиёти калонсолони нашриёти «Адиб», сармуҳаррири маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак» (1996-1999) будааст.
Навиштаҳояш аз соли 1989 интишор меёбанд, ки ба мавзуъҳои Ватан, Модар, сулҳу ваҳдат, дӯстиву муҳаббати поки инсонӣ, худшиносии миллӣ ва ғайра бахшида шудаанд. Дар офаридани шеъру ҳикояҳои ҳаҷвӣ сабки хосе дорад, ки ғолибан латифу ҳадафрасанд ва ахлоқу аносири манфури ҷомеаро зери тозиёнаи малеҳи ҳаҷву мутояба қарор медиҳанд.
Офаридаҳояш дар авроқи кутуби «Ариза ба номи янга» (1992), «Азизи дидаву шунида» (1994), «Нози ҳавас» (1996), «Ҷавобак» (2000), «Миқрози насим» (2002), «Чашми сиёта садқа» (2004), «Лутфи Ашӯр Сафар» (2005), «Сад барги тар» (2009), «Равзани роз» (2010), «Шамъи саодат» (2014), «Ҳам арш, ҳам фарш» (2015) ва ғайра ба табъ расидаанд.
“Осори мунтахаб”-и шоир соли 2024 бо сарсухани адиб ва таҳлилгари тоҷик Абдурауф Муродӣ бо номи “Шуълаи фурӯзони дил” аз чоп баромад. Ин китоб гулчине аз сурудаҳои беш аз сисолаи адиби шинохта буда, ашъори лирикӣ, ҳаҷвӣ, ҳикояҳои ҳаҷвиву воқеъии ӯро гирд овардааст. Хонандаҳо ҳамчунин дар ин китоб метавонанд як силсила мақолаҳо, ёддоштҳо ва фелетонҳои муаллифро ҳам бихонанд.
Китоб аз бобҳои “Шеърҳо, “Ғазалиёт”, “Рубоиҳо”, “Рубоиёти наврӯзӣ”, “Дубайтиҳо”, “Суханрезаҳо”, “Ашъори ҳаҷвӣ”, “Ҳикояҳо”, “Лутфи Ашӯр Сафар”, “Лутфи Муҳтарам”, “Устод” (бахшида ба Қутбӣ Киром) мураттаб шудааст.
Аълочии матбуоти Тоҷикистон.
Соли 2011 барои маҷмӯаи «Равзани роз» сазовори Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода гардидааст.
Соли 2011 бо медали «Хизмати шоиста» мукофотонида шудааст.
Нависандаи халқии Тоҷикистон (2022).
Аз соли 1989 узви Иттифоқи журналистон, аз соли 1995 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Маҳи майи соли гузашта ин байтҳои хуби шоири маъруфт аз китобаш “Хандаи тақдир” интихоб ва дар сомонаи Китобхонаи миллӣ чоп карда будем.
Дидем, гаштааст бадавлат сағирае,
Зинҳор шикваҳо-ш ба поён намерасад.
**** **** ****
Эй, ки гӯӣ, ки ҷаҳон даргузар аст,
Даргузар мову ҷаҳон побарҷост.
**** **** ****
Каси бедард куҷо медонад
Дили поки ману чашмони намам?!
***** **** ****
Аз шеъри асил асар намонда,
Бар гӯш расад шиор бисёр.
**** **** ****
Намозу саҷда меоранд пешаш ин замон ҳар сон,
Худо мақбул бишморад намози ҳақгузоронро.
**** **** ****
Гарчи ҳазор мурғ ба худ нағмагар шавад,
Бо нағми ҳазор баробар намешавад.
**** **** ****
Гулҳои ранг-ранги ҳама гармхонаҳо,
Бар як гули баҳор баробар намешавад.
**** **** ****
Вақте набудам бемор, парвона будам сад ёр,
Акнун зи мани бемор сад ёр ҳазар дорад.
**** **** ****
Шояд, ки раҳад осон одам зи ҳама буҳрон,
Буҳрони вафову меҳр сад гуна хатар дорад.
**** **** ****
Як бори дигар бинам то чеҳраи фарзандон,
Ҳар шаб тани ранҷурам армони саҳар дорад.
**** **** ****
Кас набикшояд дарам дерест боз,
Ташнаи рӯи бародар гаштаам.
**** **** ****
Гарчи будам як замон пурошно,
Ин замон танҳою музтар гаштаам.
**** **** ****