Адиби маъруф Ато Ҳамдам меҳмони маҳфили “Дар суҳбати адиб”

Меҳмони маҳфили “Дар суҳбати адиб” ин бор нависанда, драмнавис ва публистисти маъруф Ато Ҳамдам буд. Ато Ҳамдам аз ҷумлаи адибони пуркори тоҷик аст, ки аз рӯзноманигорӣ ба нависандагӣ рӯ оварда, дар як муддати кутоҳ дар навиштани достонҳои таърихӣ ва бадеӣ муваффақ шудааст. Мавзуъи суҳбат бо адиб низ Ваҳдати миллӣ буд, чун худи маҳфил дар остонаи ҳамин ҷашни бошукуҳ доир мешуд.

 Ҷалолуддин Нурзода – муовини Директори Китобхонаи миллӣ дар сухани муқаддимотии худ адиби маъруфро як бори дигар ба хонандагон шинос кард ва гуфт, Ато Ҳамдам нависандаест бо як кӯлвори азими китоб. Муовини Директори Китобхонаи миллӣ аз гузашта ва имрӯзи Ато Ҳамдам ҳарф зад ва аз асарҳои ӯ ва китобҳояш, ки дар бойгонии Китобхонаи миллӣ мавҷуданд, иттилоъ дод. Вай гуфт, ҳар кадоми шумо имкон доред китобҳои нависандаи шинохтаро дар вақти дилхоҳ дар ҳамин толор мутолиа намоед.

Гардонандаи маҳфил, адиби шинохтаи кӯдакнависи Тоҷикистон Азизи Азиз аз зиндагинома ва осори Ато Ҳамдам ҳикоёти ҷолиб кард.

Баъдан адиби маъруф бо хонандагон ҳамсуҳбат шуд.

Вай гуфт, мо адибон барои шумо менависем, то шумо хонандагони ҷавон бихонед ва дониши худро васеъ кунед. Ато Ҳамдам дар бораи расолати нависандагӣ ҳарф зад, дар бораи аввалин хабар, мақола, ҳикоя ва повесту романҳояш нақл кард.

Вай дар ҷараёни суҳбат иброз дошт, ки аз мактаби журналистӣ зина ба зина то ба нависандагӣ расидааст, вале ин роҳ барояш ҳаргиз ҳамвору осон набуд.

Дар поёни маҳфил миёни адиби шинохта ва хонандагон табодули афкор сурат гирифт.

Гуфтанист, ки Ато Ҳамдам ҳам адиби нуктасанҷ аст, ҳам рӯзноманигори маъруф, ҳам драматург ва ҳам тарҷумон.

Ў муаллифи бисёр қиссаву ҳикояҳо, пйесаву киносенарияҳо, повесту очеркҳост ва қисме аз ин асарҳо дар ИДМ ва дигар кишварҳои  дунё бо чандин забон чоп ва дастраси хонандагони сершумор гардидаанд.

Ато  Ҳамдам 13 июни соли ҷорӣ ба синни мубораки 74 қадам гузошт. Ӯ зодаи дар деҳаи Тошбулоқи ноҳияи Ҳисор аст. Баъди хатми омўзишгоҳи ҷумҳуриявии – равшаннамоӣ  факултаи  филологияи  ДДТ ва  баъдан  Мактаби олии ҳизбии  шаҳри Тошкандро  (1977) ба итмом расонидааст.

Муддати ёздаҳ  сол сарварии  рўзномаҳои  ҷавонони  ҷумҳурӣ «Комсомоли  Тоҷикистон» (1977 -1988) – ро ба ўҳда  дошт ва тайи  чандин  сол Вазири  фарҳанги  ҷумҳурӣ, мушовири калони Президенти Тоҷикистон, вакили Шўрои Олии  Ҷумҳурӣ  буд, муддате нашриёти “Адиб”-ро ҳам сарварӣ кард.

Ато Ҳамдам нависандаи  хеле  сермаҳсул мебошад. Асарҳояш  бо унвонҳои  «Заркор», «Меҳр» ( бо ҳамкории  марҳум Иноят Насриддин, соли 1973)»,  «Хандаи бахт» (соли 1974), «Маънии умр» (соли 1977), «Давоми роҳ» (соли 1978), «Ду ҳафта  дар БАМ» (бо ҳамкории Ҳ. Файзиев, соли 1979), «Дастони  тиллоӣ» (соли 1982), «Соҳибони замин» (соли 1983), «Баландӣ» (соли 1984), «Роҳи дилҳо» (соли 1985) , «Пеш аз борон» (соли 1992), «Хезед, суд меояд» (соли 1997), “Подвиг” (1989), “Фиғон” (2003), “Пеш аз борон”, “Дидор”, «Хизнь продолжается»  ва ғайра нашр  гардидаанд.

Дар ҳаммуаллифӣ бо адиби русзабони Тоҷикистон Л.Чигрин романҳои «Шоҳроҳи Абрешим» (2002), «Садди Суғд» (2003), «Садди Хатлон», «Ишқи помирии венет сиягӣ» (ҳар ду 2007), «Ситораи рӯзи Имоми Аъзам» (2009), «Хатои Темурланг» (2011)-ро таълиф намудааст, ки ба мавзӯъҳои таърихӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бахшида шудаанд.

Романи «Озар аз Уструшан ё Шамшери Спартак», ки ҳамроҳи Л.Чигрин таълиф шудааст, дар Канада ба алифбои арабиасоси форсӣ ва англисӣ ба табъ расид. Асарҳои ӯ ба баъзе забонҳои кишвар ҳои ИДМ тарҷума ва нашр гардидаанд. Ато Ҳамдам повестҳои Г. Марков – «Замини Иван Егорович», «Айёми ҷангии ман», пйесаҳои А. Вампилов – «Латифаҳои деҳот», Тавфиқ Ҳаким – «Тири бехато», Ҷон Голсуорси – «Виҷдон», С. Алёшин – «Кори гражданӣ» ва ғ-ро ба тоҷикӣ гардондааст.

Асарҳои  саҳнавии  Ато Ҳамдам «Бори каҷ», «Барзу ва Рустам», «Сафармахсум» ва ғайра дар саҳнаи  театрҳои  кишвар доимо гузошта мешаванд. Мазҳакаи   «Сафармахсум»-и  ў дар озмун ҷумҳуриявии «Парасу-93» соҳиби «Гран-при» ва дар озмуни байналмилалии «Наврўз-93» дар  шаҳри Ишқобод ба дарёфти  ҷоизаи  аввал мушарраф гардидааст.

Ато Ҳамдам, инчунин дар фаъолияти  тарҷумонӣ низ саҳми  муносиб гузоштааст. Ў солҳои  гуногун асарҳои  бисёр адибон А. Вампилов, Б. Равенский,Ҷ.Голсуорси, Г. Соколовский ва ғайраро  ба  тоҷикӣ  гардонидааст.

Ў корманди шоистаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

 

Назира Толибова