Ваҳдат аз нигоҳи ман. Осуда аз онем, ки субот дорем

Ваҳдати миллӣ яке аз муҳимтарин идҳои давлатӣ ба ҳисоб рафта, ҳамасола онро бо як шукуҳу шаҳомати хоса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ бо баргузории чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ ҷашн мегиранд. Ҷашни мазкур аз иттиҳоди мардуми тоҷик, аз сарҷамъии тамоми сокинони ҷумҳурӣ шаҳодат медиҳад.

 Воқеан маҳз Ваҳдати миллист, ки мо мардуми тоҷик осуда ва дар фазои сулҳу субот умр ба сар мебарем. Илова бар ин, бо шарофати Ваҳдати миллӣ оламиён Тоҷикистонро ҳамчун кишвари осудаю ором ва сулҳҷў медонанду мешиносанд. Дар ин радиф маврид ба зикр аст, ки ҳамаи ин шиносоӣ бо кўшишу заҳмати шабонарўзии Ҷаноби Олист, ки борҳо аз минбари баланди СММ суханрониҳо карда, Тоҷикистони маҳбубамонро ба кулли дунё муаррифӣ намудаанд. Ба ин далел шуда метавонад, иқдоми пешгирифтаи президенти мамлакат бо унвони “Сиёсати дарҳои боз”, қариб бо аксарияти давлатҳои ҷаҳон ҳамкориҳои ояндадори судманд ба роҳ мондаанд.

Фаромўш набояд кард, ки имрўз авзоъи ҷаҳон каме ноором аст, масалан иддае аз мамлакатҳо ба ҳам даргиранд, даъвоҳои марзӣ доранд, иддиои қудрат мекунанд. Бинобар ин мебояд, ҳар яки мо ба қадри нафаси озоде, ки мегирем, бирасем ва Ватани азизамонро сидқан дўст бидорем. Зеро таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик ватандўсту сулҳпарвар мебошанд. Аз ин лиҳоз бояд мо насли ҷавон ва умуман кулли мардуми тоҷик тавре ба ватанамон муносибат кунем, ки ифтихори он бошем. Нагузорем, ки то чашми нохалафе ба он расад. Ҳар гарди хоки Ватанамонро азизу муқаддас донем.

Мардуми тоҷик шукр аз он дорад, ки дар давлати хеш сараввал осуда аст. Ҳар коре, ки хоҳад анҷом медиҳад ва ҳар ҷое хоҳад бе ягон монеа меравад. Дар маҷмӯъ сулҳу субот пояи устувори давлат буда, баҳри халқ неъмати боарзиш мебошад. Амиқ дарк кардем, ки Ваҳдати миллӣ омили асоситарини рушди ҷомеа, пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёт ва фарҳанги мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Аз ҳамин лиҳоз, мо ҳифзи Ваҳдати миллиро аз ҷумлаи рисолатҳои инсонии худамон мешуморем.

Хулоса, бо шарофати Ваҳдати миллӣ ҳамасола дар кишвар коргоҳҳои  нав ба нав, донишгоҳҳо, муассисаҳои гуногуни таълимӣ, боѓчаю бозорҳо ва амсоли инҳо кушода ба истифодаи мардум дода мешавад. Бинобар ин мебояд, ки ба қадри ин ҳама сулҳу оромӣ ва осудагии давлат бовиҷдонона бирасем.

 

Сайёра Каримова, мутахассиси шуъбаи котибот.