Қадимитарин нусхаи “Шоҳнома” дар Китобхонаи миллӣ

«Шоҳнома» асари ҳамосии манзум буда, дарбаргирандаи  ҳудуди 55 000 байт ва яке аз бузургтарин ва барҷастатарин ашъори ҳамосии ҷаҳон аст, ки дар муддати сӣ соли фаъолияти пайвастаи ин шоири маъруфи форсу тоҷик эчод шудааст.

Мавзӯи ин шоҳасари адабӣ ривоятҳо аз таърихи форсу тоҷик аз ибтидо то ҳамлаи арабҳо ба Эрон дар асри VII мелодӣ (Шоҳнома аз се қисмати асотирӣ, қаҳрамонӣ ва таърихӣ иборат аст) аст, ки мавзӯоти марбут ба чаҳор сулола: Пешдодиён, Каёниён, Ашкониён ва Сосониёнро дар бар гирифтааст.

Сарояндаи хамосаи мондагор –  «Шоҳнома»  Абулқосим Ҳасан ибни Исҳоқ машҳур ба Њаким Абулқосим Фирдавсии Тўсї (тав. 323ҳ./934м. – ваф. 411/ 1020) мебошад.

Нусхаи хаттӣ дар соли 1007 ҳиҷрӣ қамарӣ, ки баробар ба соли 1598 милодӣ мебошад, аз ҷониби котиб Муҳаммадбоқир ибни Муртазо ал-Ҳусайнӣ китобат шудааст. Навъи хаташ настаълиқи хоно мебошад. Матни китоб дар коғази ғафси зардранг, ки эҳтимолан навъи самарқанди аст, дарҷ гардидааст. Анҷома ё колофони нусха дар варақи 271б, яъне дар мобайни нусха навишта шудааст.

Нусхаи мазкур дорои 21 адад миниатураҳои зебо вобаста ба матни достон мебошад. Дар якчанд варақи аввалу охир чизе китобат нашудааст. Матни асосии китоб аз варақи 9б оғоз гардида дар он лавҳаи зебое наққошӣ шудааст.

Нусхаи мазкур дорои 7 муҳр, чаҳор мўҳри хурди чаҳоркунҷашакл, як мўҳри байзаї (муњре, ки ба тухми мурѓ монанд бошад. Байза, яъне тухми мурѓ)  ва ду мўҳри даврашакл мебошад.

Оғози нусха:

Аё шоҳ Маҳдуди кишваргушой,
Зи кас гар натарсӣ битарс аз Худой.

Котиб нусхаи хаттиро то охир ба анҷом нарасонидааст, ки байти охири китоб чунин аст:

Агар шоҳи Ирону ҳоқони Чин,
Бисозанду зи дил кунанд офарин.  

Нусхаи хаттии «Шоҳнома» таҳти рақати 1677  дар Китобхонаи миллӣ нигаҳдорӣ мешавад.

Таҳияи
Рамзӣ ҶУМЪАҚУЛОВ