Аҷоиботи таърих

Аҷоиботи таърихМуаллифи ин китоб Мурод Ҷумъаев буда, бо тавсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 чоп шудааст. Аслан он гулчине аз муҳимтарин рӯйдоҳои таърих аст, ки дар китобҳои омӯзишии таърих камтар аз онҳо ёд мешавад.

Чаро  Султон Шаҳоббудини  Ғўрӣ  лақаби  “Ҷаҳонсўз”-ро гирифт? Барои  чӣ амири  Бухоро  Насруллоро  “Амири  қассоб”  меноманд?

“Ман  савганд хўрдам, ки то  аз  хуни  ин  бадкирдорон  рикоби  ҳумоюнии мо  гулгун  нашавад, даст  аз  қатли  онҳо  бознадорам!” Ин  суханро  кӣ  ва  барои  чӣ  гуфтааст?

Ба  ҳамаи  ин  суолҳо  ва дигар  ҳаводиси  аҷоиби  таърихӣ  аз  маводи  ёрирасони  таълимӣ  аз  фанни  таърихи  халқи  тоҷик  “Аҷоиботи  таърих” посух  хоҳед  ёфт. Он  ба  қалами   омўзгори  фанни  таърих, муаррих  Мурод  Чумъаев  таалуқ дорад. Аз  навиштаҳо ва  амалаш  бармеояд, ки  муаллиф шавқу  рағбати  беандоза ба  хотири  бедор  намудан  ва тақвият бахшидани  донишҳои  таърихӣ, ҳисси  худшиносиву  худогоҳӣ, арҷгузорӣ ба таърих ва арзишҳои миллии   хонандагон  дошта, дар  ин  самт  пайваста  талош  меварзад.  Муаллиф дар  “Аҷоиботи  таърих”  аз  манобеъ  ва сарчашмаву  адабиёти  зиёд истифода    бурдааст,ки   аз  завқи  беандоза   дили  дарёи   ў   шаҳодат  медиҳад.

Дастури  таълимӣ   ба  чаҳор  қисмат  ҷудо  мешавад.  Қисмати  аввал  “Номгузориҳои таърих”  ном  дорад. Дар  бахши  дуввум  метавонед аз  “Ҳайратангезиҳои  таърих” бохабар бошед.  Масалан:  Оё  Шумо  медонед, ки  кадом дўшизаҳо то душманеро мағлуб намекарданд, ба шавҳар  намебаромаданд?  Аҷиб  аст. Не?

Дар  қисмати  саввум гуфтор ва суханони шахсиятҳои таърихӣ  гирд  оварда  шудааст. Масалан  дар  ин  қисмат  гуфторе  аз  Маҳмуди  Торобӣ  омадааст: “Эй  мардони  ҳақ! Таваққуф  ва  интизор  чист? Дунёро  аз  бединон  пок  мебояд  кард!”  Ин  суханҳоро  Маҳмуди  Торобӣ  кай  ва  дар  кадом  ҳолат  гуфтааст?

Қисмати  чаҳорум аз ёдгориҳои таърихӣ ва ба кадом  давра  мансуб  будани   онҳо  маълумот  медиҳад.

Бо матни комили китби “Аҷоиботи таърих” ин ҷо метавонед ошно шавед:

АҶОИБОТИ ТАЪРИХ

Ойҷонгул Давронова,
сармутахассиси шуъбаи
тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.