Академик Имомзода: “Ҳамнавои дили халқ”.
Дар ин маҷмуа мақолаҳои публитсистии дар солҳои охир эҷоднамудаи академик Муҳаммадюсуф Имомзода Сайдалӣ гирд ҷамъ омадаанд, ки ба кору фаъолияти таърихиву ибратбахши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудаанд.
Интихобан аз ин маҷмуа чанд мақоларо манзури шумо мекунем.
САБАҚИ ТАЪРИХ ВА НАНГУ НОМУС ДАР ЭҲЁИ МИЛЛАТ
Қиссаи талхи рўзгори гузаштаи миллат барояш сабақ ва орзуву умеду нияти пок роҳнамо дар бунёдкориҳои ўст. Ў мероси халқи тоҷикро – марзу бум, фарҳангу оин, забону анъанот ва ҳар он чизе ки барои муаррифии як миллат кифоят мекунад, ҷамъ оварду ҳифз кард ва имрўз халқи тоҷик ба фарзандону ояндагон чизе ба мерос гузошта метавонад. Ватандўстиву меҳри сарзамин дар умқи дили ў реша дорад ва ҳар он хидмате кардаасту мекунад аз муҳаббату завқи ватандўстӣ сарчашма мегирад.
Анҷом додани сохтмонҳои бузургро (нақбҳо, роҳҳо, неругоҳҳо) барояшон имконнопазир мегуфтанд, аммо ҷаҳони бузурги нангу номусаш ҳама ин корҳоро инкор кардааст. Пешвои миллат аз таърих сабақ омўхтаанд ва медонанд, ки таърих ва баҳона пеш овардан дар роҳи бунёдкориҳо азим ин танҳо ҳолати бозмондагии миллат аст. Медонанд, ки дар давоми садсолаҳо ҳамин коҳиливу камҷуръатӣ боис шудааст, ки миллати тоҷик бисёр чизҳоро аз даст диҳад. Акнун тавре дар миёни халқ низ мегўянд – кори намешудагӣ нест. Ҷаҳон аз корнамоиву бунёдкории халқи тоҷик ба ҳайрат меояд. Ин хушбахтиву комёбӣ ба роҳнамоии хирадмандона ва нангу номуси баланди Пешвои миллат робита дорад.
Донишу ҷаҳонбиниву таҷрибаҳо барои ў роҳнамои бузург ба ҷаҳони хирад мебошад, ки дар заминаи он танҳо некиро сармашқи кори худ қарор додааст. Миллати тоҷик қиссаҳои талх ва уммеду орзуҳо дошт, ки ин ҳар дуро ҳеҷ гоҳ аз ёд фаромўш нахоҳад кард. Пешвои миллат дар даврае сари қудрат омад, ки ин миллат чизе надошт ва охирин – охирин доштаҳои худро аз даст медод. Ба даврае зимоми роҳбариро ба даст гирифт, ки ба ҳоли миллати тоҷик дўсту душман механдид.
Миллати тоҷик аз хунрезии фарзандони худ таънасори дўсту душман буд. Ў аз ин таърихи сиёҳи миллат дар оғози солҳои истиқлол сабақ омўхтааст. Имрўз авзои кишвар шукуфову нек аст ва ин дар заминаи он дарсест, ки онро Пешвои миллат аз рўзи пурҷафои миллат омўхтааст. Ин беҳтарин дарсе гаштааст, ки барои миллат рўзи некро чун самар подош овард.
ТОҶИКИСТОНРО БА ҶАҲОН ШИНОСОНД
Президенти писандидаву дўстдоштаи халқ дар заминаи таҷриба ва донишу ҷаҳонбиниҳо ҳамеша ва амиқ дарк менамояд, ки на ҳама дўстони миллати тоҷик ҳамеша дўстанду на ҳама душманони миллати тоҷик ҳамеша душман ва бо ин андешаву дарк дар сиёсати байналхалқиву минтақавӣ муваффақанд. Зери роҳбарии Пешвои миллат дар мутобиқат бо эъломияи истиқлолияти кишвар Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили ҳуқуқи байналхалқӣ бо давлатҳои хориҷӣ робитаҳои дипломатӣ, консулӣ, тиҷоратии худро барқарор нигоҳ доштаасту онҳоро таҳким бахшидааст.
Дафтари СММ, САҲА, Хазинаи байналмилалии Асъор, Бонки Аврупоии таҷдид ва чанде дигар дар аввалин солҳои истиқлол дар Тоҷикистон ифтитоҳ гардиданд. Имрўз даҳҳо созмону ташкилотҳои минтақавию байналмилалӣ дар кишварамон фаъол мебошанд, ки маҳз бо сиёсати сулҳҷуёнаву бунёдкоронаи Пешвои миллат нисбат ба кишвари мо таваҷҷуҳи мусбӣ доранд. Имрўз Тоҷикистон ба панҷ ҳавзаи сиёсӣ (ИДМ, Осиёи Марказӣ, давлатҳои ҳамзабон, кишварҳои исломӣ ва ҷомеаи байналмилалӣ) дохил аст, ки мавқеи онҳоро эҳтиром мекунад. Танҳо дар давоми бист соли ҳамкорӣ бо СММ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14 маротиба дар иҷлосияҳои гуногуни он ширкат ва суханронӣ кардааст.
Ба дарозо метавон аз мавқеи байналмилалии Тоҷикистон ҳарф гуфт, аммо хулосаи фарогир он аст, ки Пешвои миллат Тоҷикистонро аз як минтақаи ҷангзадаву хавфнок ба маркази амну субот барои баргузории муҳимтарин чорабиниҳои тақдирсози байналхалқӣ табдил дод. Ин падидаро мо дар қиёс бо кишварҳои дуру наздике мегўем, ки наметавонанд, худро аз буҳрони тўлонии сиёсиву иқтисодӣ раҳо диҳанд. Дастоварду заҳматҳои Пешвои миллатамонро шахсиятҳое чун В. Путин, Д. Медведев, Си Ҷин Пин, Хунтзи Тао, Н. Назарбоев, В. Лукашенко, Ш. Мирзоев ва чандин сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ баҳои баланд додаанд, ки ҳамчун ҳукми таърихӣ дар саҳифаҳо сабт ёфтаанд. Тоҷикистонро чун як кишвари сулҳпарвару амн ба ҷаҳон муаррифӣ карданд. Даҳҳо иқдомҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар тақдири мардумони сайёра нақш пайдо намуд.
Манбаъ: “Ҳамнавои дили халқ”, Душанбе, « Эр-граф» 2022
Таҳияи Дилрабо Салимова
мутахассиси пешбари
Медиатекаи Президентӣ