«Ал-мўъҷам»-и Шамс Қайси Розӣ. Ошноии мухтасар
«АЛ-МЎЪҶАМ», номи пуррааш «Ал-мўъҷам фӣ маойири ашъор-ил-Аҷам», асари Шамс Қайси Розӣ дар бораи илмҳои арўз қофия ва нақди шеъри форсӣ-тоҷикӣ, ки солҳои 1218-33 таълиф шудааст. «Ал-мўъҷам» аз дебоча, ду қисм ва хотима иборат буда, яке аз қадимтарин ва муҳимтарин асари адбиётшиносии форс-тоҷик аст. Дар бораи назарияи илми арўз ва шеъру шоирӣ манбаи асосӣ ва бебаҳост.
Маҳз ба воситаи ҳамин асар намунаи ашъору номи таълифоти осори донишмандон: Баҳромии Сарахсӣ. Бузургмеҳри Қоинӣ, Имом Ҳасани Қаттон ва дигарон то замони мо омада расидаст.
Шамс Қайси Розӣ дар таълифи «Ал-мўъҷам» аз «Тарҷумон-ул-балоға»-и Родуёнӣ ва «Ҳадоиқ-ус-сеҳр фӣ дақоиқ-уш-шеър»-и Рашиди Ватвот истифода бурдаст. «Ал-мўъҷам» ҳамчун сарчашмаи илмӣ мавриди тадқиқ ва истифодаи донишмандони баъдина қарор гирифт.
Абдулқаҳҳор ибни Исҳоқ мулаққаб ба Аш-Шариф «Ал-мўъҷам» -ро мухтасар намуда, онро «Мизон-ул-авзон а лисонулқалам дар шарҳи алфози Аҷам» номид.
Атоуллоҳи Ҳусайнӣ дар таълифи «Бадоеъ-ус-саноеъ» ва «Рисолаи қофия», Нуруддин ибни Аҳмад ибни Абдулҷалили Зиёратгоҳӣ дар таълифи «Рисолаи қофия», Шамси Фахрии Исфаҳонӣ дар таълифи «Меъёри Ҷамолӣ», Муҳаммад Ғиёсуддин ибни Ҷамолуддин дар таълифи «Меъроҷ-ул-арўз», Ҷамолуддин Ҳусайни Инҷу дар таълифи «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ», Муҳаммад ибни Саъд дар таълифи «Табсират-уш-шуаро», Муҳаммади Наҷмалихон дар таълифи «Наҳҷ-ул-адаб» олими эронӣ Парвиз Нотили Хонларӣ дар таълифи асараш «Вазни шеъри форсӣ», шарқшиноси машҳури шуравӣ Э.Бертельс дар таълифи «Грамматика персидского языка» («Грамматикаи забони форсӣ», 1926), Баҳром Сирус дар навиштани асарҳои «Қофия дар назми тоҷик» (1955) аз «Ал-мўъҷам» истифода бурдаанд.
«Ал-мўъҷам» бори аввал бо эҳтимоми шарқшиноси англис Э.Браун ва тасҳеҳи адабиётшиноси маъруфи эронӣ Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоби Қазвинӣ соли 1909 ва боз ду бори дигар бо тасҳеҳи донишманди эронӣ Мударриси Разавӣ соли 1960 ба табъ расидааст.
«Ал-мўъҷам» бо номҳои «Ҳадоиқ-ул-мўъҷам», «Ал-қофӣ фӣ-л-арўзайн ва-л-қавофӣ» низ машҳур аст.
Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии тоҷик. – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Точик, 2011. – Ҷ.1. – С. 327-328.
Муаллиф: У.Тоиров.
Таҳияи Дилафрўз Назарова
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ.