Амириброҳими Қонунӣ: навозанда ва мусиқидони тоҷик
Амириброҳими Қонунӣ навозанда, сароянда ва мусиқидони тоҷик. Дар Ҳисор таваллуд ёфтааст. Асосҳои амалии шеъру мусиқиро дар Ҳирот аз фозилони давр Шаҳобуддини Абдуллоҳи Баёнӣ, Хоҷа Исҳоқи Шиҳобӣ, Хоҷа Юсуфи Бурҳон омўхтааст.
Амириброҳими Қонунӣ дар навохтани созҳо ва санъати иҷрокунандагӣ сабк ва равияи хуросониро бо мовароуннаҳрӣ омезиш дода, алалхусус, дар навохтани қонун тағйироти нави иҷрокунандагиро ворид намудааст. Ў барои сози мазкур ба зарбу усули аксари мақомҳои «Дувоздаҳмақом», дар шаклу навъҳои «Пешрав», «Амал», «Тарона», «Қавл», «Саҷъ», «Рехта», «Кор», «Савт», «Нақш», дар асоси мақомҳои «Наво», «Ироқ», «Исфаҳон», «Бузург» асарҳо тасниф кардааст.
Асарҳои ў «Савти Қонунӣ», «Пешрави Хубон», «Нақши ҳилол», «Рехтаи Ҳисор», «Қавли дилрабо» (бар мизони усулҳои «Барафшон», «Даври равон», «Уфар», «Шодиёна») дар ҳаёти мусиқии Ҳирот шўҳрати зиёд доштаанд.
Дар ҳаттотӣ, лаввоҳӣ, ҷадвалкашӣ ва ороиши китоб низ маҳорат дошт. Ғазалро некў мегуфтааст.
Амириброҳими Қонунӣ соли 1545 дар Ҳирот вафот кард
МАНБАЪ: Энсиклопедияи миллии тоҷик. Душанбе. – 2011. – Ҷ. 1. – С. 385.
Муаллиф: А. Раҷабов.
Таҳияи Моҳрухсор Сархатова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.