Ҳамоиши илмӣ-сиёсӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ

Ҷумахон ФайзализодаДар Муассисаи давлати «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ  ҳамоиши илмӣ-сиёсӣ зери унвони «Парчами миллӣ – нишони давлатдорӣ ва ҳувияти миллӣ” баргузор гардид.

Дар расми ифтитоҳи ин ҳамоиш роҳбарияти Китобхонаи миллӣ, намояндагон аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлати Осорхонаи миллӣ ва кормандони Китобхона иштирок ва доир ба паҳлуҳои гуногуни ин муқаддасот ва таърихи пайдоиши он то ба имрӯз ҳарф заданд.

Рӯзи Парчами давлатӣҲамоиш бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Сипас, профессор Ҷумахон Файзализода, директори Китобхонаи миллӣ суханронӣ карда ҳозиринро ба ин ҷашни миллӣ муборак бод кард ва зикр намуд, ки ҳамасола, 24 ноябр ҳамчун Рўзи қабули Парчами давлатӣ дар саросари кишвар бо ифтихороту тантанаҳои ҷашнӣ ва роҳпаймоиҳову баргузории нишастҳои илмӣ-фарҳангӣ таҷлил мешавад. Ин рӯзи накӯ рамзи иттиҳод ва ҳамдилӣ буда, далолат аз иродаи поки миллати тоҷик ва пайванди ногусастанӣ бо арзишҳои милливу таърихӣ мекунад ва мардуми тоҷикро ҳамчун миллати соҳибтамаддун муаррифӣ месозад.

Рӯзи Парчами давлатӣХушбахтона, бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади афзудани ҳисси эҳтироми шаҳрвандон ба рамзҳои давлатӣ ва арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ иқдом гирифта шуд, ки рўзи 24 ноябр ҳамасола чун «Иди Парчам» таҷлил карда шавад. Аз ин лиҳоз, Презденти мамлакат моҳи ноябри соли 2009 бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ, лоиҳаи қонунро оид ба муқаррар намудани Рўзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Парлумони кишвар пешниҳод намуданд. Ҳамин тариқ, тавассути ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» аз 19 ноябри соли 2009 минбаъд рўзи 24-уми ноябр чун рўзи «Иди парчам» муқаррар гардид.

Директори Китобхонаи миллӣ дар бахши дигар аз суханронии худ ҳамчунин фармуд: бешак, Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол чун рамзи бахту саодат, сарсабзию хуррамӣ ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон, мақсаду ҳадафҳои созандаи ин миллати тамаддунофарро дар баландтарин минбарҳо ҷилвагар менамояд, ки ин боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонист. Чунончи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандўстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст».

Баъдан, Сиёвуш Наботзода – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба таърихи пайдоиши Парчам ва нақши ин муқаддасот дар қонунгузории мамлакат ҳарф зад.

Рӯзи Парчами давлатӣ“Таърихи пайдоиши парчам ҳамчун рамзи миллӣ ва давлатдорӣ ба давраҳои бостонии таърих рафта мерасад, ки махсусан, дар ҳаёти мардуми Эронинажод пайдоиши парчам ба замонҳои хеле қадим ишора мекунад. Дар воқеъ, то замони бавуҷудоии парчам дар шакли имрӯзааш, дар оғоз парчам ҳамчун рамз ё нишонаи даъват, муттаҳидӣ ва мубориза истифода мешуд. Вале он на дар шакли имрӯзааш, ки аз матоъ ва аломатҳои тасвиршуда иборат аст, балки ашёи гуногунро дар бар гирифта, муносибати одамонро ба ин ё он ҷамъият, масалан ба қабила, сипоҳ, дину ойин ва ғайра ифода мекард”- гуфт Сиёвуш Наботзода.

Ҳамчунин, Сиёвуш Наботзода доир ба нақши Иҷлосияи 16 уми Шурои Олӣ, ки Парчамро дар шакли имрӯзаи он қабул намуда буд, ҳарф зад ва гуфт: Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумхурии Тоҷикистон қабул гардида, аз ҳамон давр инҷониб 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи парчами миллӣ  аз ҷониби мардуми сарбаланди кишвар бо шукуҳу шаҳомат таҷлил мегардад. Он ҳамчун  рамзи муҳими истиклолияти миллӣ, таҷассумгари таърих, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои мардуми Тоҷикистон,мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди худогоҳ ва  ватанпарасти мамлакат мебошад.

Парчам рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор рафта, сокинонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ далолат менамояд.

Беэҳтироми нисбат ба тамоми муқаддасоти миллӣ,ки қонунгузори онҳоро муайян кардааст, аз ҷумла Парчами давлатӣ ҷиноят ҳисобида шуда, дар назди қонун ҷавобгарӣ дорад- илова намуд, вакили  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сиёвуш Наботзода.

Зафаршо Иброҳимзода Дар ҳамоиши мазкур ҳамчунин директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода иштирок ва дар мавзуи “Ҳифз ва муаррифи нахустин Парчами миллӣ дар Осорхонаи миллӣ” маъруза кард. Вай аз ҷумла гуфт:

“Соли 2007 бо дастури бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами нахустини давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи ХVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ ва қабул гардид, барои ҳифз ва муаррифӣ ба  Осорхонаи миллӣ эҳдо гардид. Инчунин, 24.11.2022 аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба муддати 193 рӯз (аз 14.10.2004 то 24.04.2005) дар кайҳон қарор дошт, аз ҷониби кайҳоннавард Солеҳҷон Шарифов расман ба Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” тақдим гардид. Ҳамакнун дар доираи ин ҳамоиш нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби олими тоҷик, иқлимшинос, доктори илмҳои тиб, профессор, узви вобастаи Академияи муҳандисии Тоҷикистон Қаюмов Абдулҳамид 6 январи соли 2009 дар қитъаи шашуми ҷаҳон – Антарктида расман барафрохта шуда буд, ҷиҳати ҳифз ва муаррифӣ ба Осорхонаи миллӣ эҳдо гардид” иброз дошт, Иброҳимзода директори Осорхонаи миллӣ зимни суханронии худ.

Назира АмирбекзодаДар ҳамоиши мазкур ҳамчунин Назира Амирбекзода-директори Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон дар назди Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  доир ба нақши Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон дар устувор нигоҳ доштани мақому манзалат ва талошу корнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар фазои сулҳу осоишта парафшон нигоҳ доштани Парчами давлатӣ ҳарф зад.

Парчам на танҳо як рамз, он рамзи миллӣ, давлатдорӣ, ҳувийят ва худшиносии миллат аст, ки Пешвои миллат онро дар баландии 165 метр парафшон намуданд, то ҷомеаи ҷаҳонӣ аз давлати Тоҷикистон ва таърии қадими он огоҳ бошад”- гуфт Назира Амирбекзода.

Намояндаи Маркази миллии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯз Бобоев – сардори шуъбаи иттилоотӣ-ҳуқуқӣ ва мураттабсозӣ дар қисмати дигари ҳамоиш доир ба мақоми ин муқадасоти миллӣ сухан гуфт. Ӯ иброз дошт, ки Бунёди баландтарин сутуни Парчами давлатӣ дар ҷаҳон (165 метр) дар шаҳри Душанбе соли 2011 далели равшани эҳтироми давлат ва мардуми тоҷик ба ин рамзи муқаддас аст. Парчами миллӣ барои тоҷикон рамзи ифтихор аз гузашта, эътимод ба имрӯз ва умед ба ояндаи дурахшон мебошад.Таърихи парчамдории миллати тоҷик гувоҳӣ медиҳад, ки ин миллат ҳамеша соҳиби давлатдорӣ, фарҳанг ва ҳувийяти миллӣ будааст. Парчами имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар худ рӯҳи бостон, ҳикмати ниёгон ва ормони наслҳои ояндаро таҷассум мебахшад.

Орзуҷон ИскандаровДар қисмати ҷамъбастии ҳамоиш ҳамчунин сардори Маркази “Тоҷикшиносӣ”-и Муассисаи давлати «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Орзуҷон Искандаров суханронӣ кард. Вай иброз дошт, ки имрӯз ҳар корнамоӣ созмон додани роҳҳо, бунёди нерӯгоҳҳо, бунёди мактабҳо ва дигар корҳои созандагӣ маҳз бо ҳамин неруи ягона ҷомеаи тоҷикро ба сӯи фардои дурахшон ҳидоят мекунад.Дар мактабҳо ва муассисаҳои таълимӣ тарбияи насли наврас дар руҳияи эҳтиром ба Парчам аз муҳимтарин самтҳои фаъолияти омӯзгорон мебошад. Зеро эҳтиром ба рамзҳои миллӣ дар вуҷуди ҷавонҳо эҳсоси худшиносӣ, ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва масъулияти шаҳрвандиро бедор месозад. Ҳар ҷавоне, ки зери ин парчам меомӯзад, бузург мешавад ва ба ҷомеа ворид мегардад, на танҳо соҳиби дониш, балки соҳиби ҷаҳонбинии миллӣ, руҳияи давлатдорӣ ва арзишҳои инсониву фарҳангӣ мегардад. Ин эҳсосе аст, ки ҳар миллат ба он ниёз дорад ва маҳз тавассути рамзҳои давлатӣ он тақвият меёбад”, – изҳор дошт Орзуҷон Искандаров.

Рӯзи Парчами давлатӣДар фарҷоми ин ҳамоиши муҳими илмӣ ва сиёсӣ Суруди миллӣ ҳамчун рамзи ифтихор ва эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ садо дода шуд.

Наргис НАЗАРЗОДА,
бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа