Анонс. “Баҳори шеъри тоҷик” дар маҳфили “Ҳамешабаҳор”
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ” -и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Рӯзи шеъри тоҷик (зодрӯзи устодон Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ )
шуморо ба
МАҲФИЛИ ҲАМЕШАБАҲОР
даъват мекунанд.
МАВЗУЪ: “Баҳори шеъри тоҷик”
МАҲФИЛОРО: Шоири халқии Тоҷикистон Хайрандеш
МАҲФИЛАФРӮЗОН: Ҳунармандони наврас ва маъруфи кишвар
МАКОН: Саҳни гулрезу гулободи бинои Муассисаи давлатии Сохтмони асосии шаҳри Душанбе.
ЗАМОН: 20. 05. 2025
Соат: 19:00 то 22:00
Ғолибонро туҳфаҳои қиматбаҳо интизор буда, иштирок дар маҳфил ройгон аст.
Маҳфилро Телевизиони Душанбе пурра ба навор хоҳад гирифт.
МАРҲАМАТ БА МАҲФИЛИ ҲАМЕШАБАҲОР!