Анонс. Маҳфили “Ҳамешабаҳор” дар Китобхонаи миллӣ
Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ” – и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ” шуморо ба
МАҲФИЛИ ҲАМЕШАБАҲОР
даъват мекунад.
МАВЗӮЪ: “БАҲОРИ ФУРӮҒ”
МАҲФИЛОРО: Шоир Хайрандеш
МАҲФИЛАФРӮЗОН: Ҳунармандони ҷавон ва маъруфи кишвар
МАКОН: Толори калони Мактаби байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳалаи Меҳробод (собиқ маҳалаи
Калинин)
ЗАМОН: 08-ноябри соли равон. Соати 14:00
Ғолибонро туҳфаҳои қиматбаҳо интизор буда, иштирок дар маҳфил ройгон аст.
Маҳфилро Телевизиони Душанбе пурра ба навор хоҳад гирифт.
МАРҲАМАТ БА МАҲФИЛИ ҲАМЕШАБАҲОР!
***
РАФТИ МАҲФИЛ:
- Равзаи “АФРӮЗА“. Ҳикмате аз китобе
- Равзаи “АФРОЗА”. Шоҳбайтхонӣ
Лаҳзаи мусиқӣ. З. Равзаи “АФШИНА”. Зарбулмасал ва мақол.
- Равзаи “АФШОНА”. Шаҳдафшонӣ ё танзу ханда.
Лаҳзаи мусиқӣ
- Равзаи “АНДЕША”. Чистон ё муаммо.
- Равзаи “АНГОРА”. Тафсири як шоҳбайт.
Лаҳзаи мусиқӣ.
- Равзаи “АНГЕЗА”. Байтбарак.