Мафрӯза Шарофова: Ҳамаи китобҳои дар низомномаи озмун овардашударо харидорӣ кардаам

фуругАз ноҳияи Муъминобод хонандаи синфи 11 – и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 Мафрӯза Шарофова ҳамроҳӣ падараш ба озмун омадааст. “Тайёрии ҷиддии Мафрӯза дар охир ӯро ғолиб гардонд”- мегӯяд падараш.

Аз рӯи номинатсияи хондан ва аз бар намудани осори адибони классики тоҷик иштирок намуда 150 ғазал, 200 рубоӣ, 300  достон, 200 байт навъҳои дигари шеър, инчунин 50 асари насрии ривоятӣ ва насри классикӣ аз худ кардааст. Вай иброз дошт, ки соли дуюм аст, ки дар озмун ширкат мекунам ва қариб ҳамаи китобҳои дар низомномаи озмун овардашударо харидорӣ намудаам.

Ғолибони гурӯҳи дуюми иштирокдорон (хонандагони синфҳои 5-11) аз рӯи ҳамаи номинатсияҳо муайян гардиданд. Дар номинатсияи адабиёти классикии тоҷик Мафрӯза Шарофова  – хонандаи синфи 11 и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 и ноҳияи Муъминобод ғолиби ҷойи аввал дониста шуд. Суҳбати кутоҳе доштем дар бораи омодагиҳо ва ширкаташ дар озмун, ки ин ҷо меорем:

Мафрӯзаро чӣ ва ё кӣ то ин даври озмун овард?

– Ҳамаи мувафақият ва дастовардамро аз падарам медонам. Чунки ҳарчанд эшон дар риштаи тиб таҳсил кардаанд ва имрӯз кору фаъолияташон дигар аст, вале ҳамеша моро ба хондан ва шеърхонӣ роҳнамоӣ кардаанд ва то имрӯз ҳам мекунанд.

–  Бовар доштед, ки ҷойи якумро сазовор мегардед?

Мафрӯза Шарофова– Ман қаблан ду сол то даври вилоятии озмун омадам, вале ғолиб нагаштам, ин хеле маро дилозурда карда буд, аммо бо тавсияи падарам соли гузашта ҳамаи китобҳои дар низомномаи озмун овардашударо харидорӣ кардем ва як соли пурра ман тайёрӣ дидам. Бале бисёр шод ҳастам, ки ғолибият наисбам шуд ва як сабаби инро дар шаффофияти озмун медонам.

– Бахши адабиёти классикӣ барои Шумо мушкил набуд?

– Дар аввал каме мушкил аст, вақте ба маънию фалсафаи китобҳо ва ғазалҳо сарфаҳм намеравем, вале замоне ба дарки онҳо расидем, дарк мекунем, ки беҳтарин навиштаҳо дар адабиёти классикии мост.

– Чиро бештар меписандед, назм ва ё насри классикро?

– Беш аз 150 ғазал, 200 рубоӣ, 300 байт аз достонҳо, 200 байт навъҳои дигари шеър дар номинаи классикӣ аз бар намудаам, инчунин қариб 200 шеъри бачагона азёд медонам. Назм бароям осонтар аст. Аммо мувофиқи низомнома беш аз 50 асари насрӣ низ хондаам.

– Китобҳои дӯстдоштаи шумо?

– “Гулистон”- и Саъдӣ ва ғазалҳои Ҳофиз. Қариб 100 ғазал аз Лисонулғайб аз худ кардаам.

– Имсол дар синфи 11 таҳсил мекунед ва мувофиқи низомнома онҳое, ки ғолиби даври ниҳоӣ мегарданд, ҳақ доранд дар дилхоҳ донишгоҳ донишҷӯ шаванд. Мафрӯза таҳсилро дар кадом самт идома додан мехоҳад?

– Падарам мехоҳанд ман низ табиб шавам, вале ман риштаи филологияро меписандам. Умед дорам фурсат даст диҳад ҳарду самтро мехонам. Яке барои падарам дигаре барои шавқу ҳаваси худ.

– Қадами баъдии шумо чӣ аст?

– Мехоҳам, барои “Шоҳҷоиза”-и озмун рақобат кунам. Ғайр аз номинатсияи адабиёти классикӣ боз номинаи адабиёти муосир ва кӯдаконаро низ қариб пурра аз худ кардаам. Талош дорам бахши назму насрро комил карда,  барои “Шоҳҷоиза” омода шавам. Мехоҳам соҳиби “Шоҳҷоиза”-и озмун гардам

– Ба ҳамсолон чӣ гуфтан мехоҳед?

– Китоб-хонанд, китоб дошта бошанд ва китобро дӯст доранд.Беҳтарин рафиқ ва ҳамрози инсон китоб аст. Моро ба дунёи зебоӣ ва дунёи равшан роҳнамои мекунад. Майлу рағбат ба китоб дошта бошанд то аз нури ин ганҷина бенасиб намонанд.

Сарбаланд бошед!!!

Барои Мафрӯза мувафақият мехоҳем. Умедворем, талошҳои ӯ барои “Шоҳҷоиза” бенатиҷа намемонад.  Бояд қайд намоем, ки Мафрӯза Шарафова аз ҷумлаи он китобдӯстдоронест, ки баъди 3 соли кӯшишҳо имсол дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ”- ғолиб омад ва мехоҳад китоб хонданро дар оянда низ идома диҳад.

Даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз 30 октябр дар Китобхонаи миллӣ оғоз гашта, то 15 уми ноябр идома хоҳад ёфт.

Наргис Назарзода