АНОНС: Пагоҳ ҳатман ин матлаби ҷолибро дар сомонаи Китобхонаи миллӣ бихонед …
Устод Муҳаммадризо ШАҶАРАЁН: Ризо Қосимӣ, ки бо ман буду сетор мезад ва ҳама бо ў ошно ҳастанд, як рўз бо ҳам сўҳбат мекардем, гуфтам, ки Ризо, бубин, ин чеҳраи духтарон ва занҳои тоҷик чӣ қадр маъсуб ва поке, ин гуна чеҳраро наметавон ҳеҷ ҷо пайдо кард. Ин зебоии хосе, ки доранд ба ҷои худ, аммо ин нигоҳҳо ва он гавҳари инсонӣ ва даруни зебое, ки инҳо доранд, кулли кайфияташон, ҳолу аҳволашон ва Ризо бо вуҷуди он ки зану бача дошт, гуфт, ки ман михом ҳамаро раҳо кунам ва аз ин ҷо зан бигирам.
Як рўз Ризо ба ман гуфт, ки ман як-ду рубл дорам, ки хориҷ аз шуравӣ кор намеёояд, чӣ кораш бикунам. Гуфтам, ки ягон чиз бигир.
Гуфтам, ки ин ҷо дурбини хуб доранд «Зенит», бихоҳӣ, бигир. Бидуни роҳнамое рафт то дурбин бихарад. Рафту зуҳр омад ва бо тааҷчуб гуфт, ки инҳо чӣ қадар меҳрубонанд? Ман воқеаи имрўз ин қадар хиҷолат кашидам, ки шарманда шудам. Гуфтам, ки чӣ шуд? Гуфт: рафтем пеши як нафар, ки аккосӣ дошт, ба ў гуфтам, ки мехоҳам «Зенит» бихарам. Гуфт хеле хуб, шумо ирунӣ ҳастед, гуфтам – бале. Гуфт, ман мерам аз як ҳамкорам мегирам ва ба шумо меорам. Ў рафту оварду дод. Ҳарчӣ хоҳиш кардам пулашро нагирифт. Ҳар қадар барош гуфтам, нагирифт, гуфт: ту меҳмони мо ҳастӣ. Ман сахт хиҷолат кашидам, гуфтам набарам инро Ирон нашуд.
Бибин гуфтам, мардуми тоҷик мардуми хеле сарватманде нестанд, воқеан инҷо иқтисоди хеле мутавассите доранд ва панҷсад пул хеле пул аст ва ў як гузашт кард ба хотири ин ки мо иронӣ ҳастем, меҳмон ҳастем. Ин буд меҳмоннавозию муҳаббати мардуми тоҷик. Ва ман вақте ки муҳаббатро медидам, махсусан аз хонаводаи шумо, ки дигар ман ҳарфе надорам, барои гуфтан.
Гуфтам, ки агар мардуми тоҷик, агар биёянд Теҳрони мо бибинанд, ки мардуми мо чи қадар гирифтори мошин шуданд, муҳаббатҳояшонро фаромўш карданд, пайвандҳои инсонӣ ёдашон рафта, чӣ меша, одам чи қадар хиҷолат мекашад. Худо кунад, ки наёянд Теҳронро бибинанд.
Ҷиддӣ мегам. Чун воқеан мо ва ин Теҳрон мошинӣ шуданд, албатта, мардуми мо мардуми бад нестанд, зиндагии ин ҷо тавре шуда, ки фаромўш карданд ҳамаро, яъне ҳар кас ин қадар гирифтори худашон ҳастанд, ки дигар аз дўсту ошно фаромўш мекунанд. Ва худатон бохабаред, аз ин вазъи мошинҳо, аз ин вазъи ронандаҳо.
Аммо вақте ки ба одамон наздик мешем, туи хонавода мерен ин муҳаббатро мебинед. Дар хиёбон ҳеҷ чизе аз онро намебинед.